ВИЛОЯТИ СУҒД: ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗҲОИ РУШДИ КӮДАК ТАКМИЛТАЛАБ АСТ

Бо мақсади огаҳӣ ёфтан аз вазъи таълиму тарбия дар марказҳои инкишофи кӯдакон, мутахассисони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон санҷиш гузаронида, истифодаи дастурҳои таълимӣ, маводи аёнӣ, ҳамчунин, назорати сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи тарбиятгирандагонро вобаста ба синну сол дар робита ба талаботи стандарту барномаҳои таълимӣ мавриди таҳлил қарор доданд.

Таҳқиқот  дар   марказҳои инкишофи  кӯдакони  назди  як  қатор  муассисаҳои  таълимии ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Ҷаббор  Расулов,  Зафаробод, Спитамен,  Деваштич,  Мастчоҳ ва Ашти вилояти Суғд сурат гирифт.

Ноҳияи Айнӣ. Марказҳои инкишофи кӯдакон дар назди 21  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи умумӣ бо ташкили 26  гурӯҳ  ва фарогирии  450 нафар кӯдак фаъолият менамоянд.

Саволу ҷавоб бо омӯзгорону кӯдакон дар марказҳои инкишофи  кӯдакон  аз  он  шаҳодат медиҳад,  ки ҳарчанд дониши кӯдакон, дараҷаи  инкишофи нутқ ва тасаввуроти онҳо оид ба муҳити атроф ба талаботи барнома ҷавобгӯ бошад ҳам, мутаассифона, дар марказҳо  камбудиҳои  зиёде, ба  монанди  нокифоя  будани музди  меҳнати  омӯзгорон  (то 300-350  сомонӣ),  ки  аз  ҳисоби падару  модарон амалӣ  мешавад,  набудани   маблағ барои хариди маводи конселярӣ, нарасидани синфхонаю барномаи махсуси таълимӣ, воситаҳои намоишдиҳию техникӣ ва ҷойи нишаст ба мушоҳида мерасанд.

Вазъи   хуҷҷатгузорӣ  дар марказҳои  зикршуда  ба  таври бояду  шояд  ба  роҳ  монда  нашуда,  ҳуҷҷатҳои  меъёрию  ҳуқуқии соҳаи  таҳсилоти томактабӣ мавҷуд нест, дар таҳияи нақшаҳои тақвимии омӯзгорон, ҷадвали машғулиятҳо, нақшаи кории  омӯзгорон, ҳуҷҷатҳои қабули пагоҳирӯзӣ, корҳои инфиродӣ, дафтари суҳбат бо падару   модарон   норасоиҳо  ба назар мерасад. Аксар марказҳои инкишофи  кӯдакони  ноҳия  барномаи таълимӣ надоранд. Танҳо дар МТМУ №4-и ноҳия омӯзгори Маркази инкишофи кӯдакон ба мо  стандарту  барномаҳои таълимии таҳсилоти томактабиро пешниҳод карда тавонисту халос.

Дар муассисаҳои таълимии мавриди омӯзиш қароргирифта баррасии  масъалаҳои  таълиму тарбияи  марказҳои   инкишофи кӯдакон  дар  ҷаласаҳои  корӣ   ба таври   зарурӣ  ба  роҳ  монда  нашудааст.

Таъмини  ғизо  ва  нигаҳдории маводи  тиббӣ  барои  ёрии  ав-валия  дар  марказҳои   инкишофи  кӯдакон  амалӣ  намегардад. Бозичаҳо  барои  бозии  кӯдакон, маводи  таълимию  методӣ,  аёният  кам  буда,  барои  самаранок  ташкил  намудани  таълиму тарбия  дар  марказҳои   инкишофи  кӯдакон  адабиёти  бадеӣ, воситаҳои  техникӣ  ва  ҷойи  нишаст намерасад.

Ноҳияи  Шаҳристон. Марказҳои инкишофи  кӯдакон аз 25 гурӯҳ иборат буда, дар назди  10  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 605 кӯдак фаъолият менамоянд.

Фаъолияти омӯзгорони марказҳои инкишофи кӯдакони ноҳияи мазкур низ аз рӯйи нақшаи кории тасдиқнамудаи роҳбарони  муассисаҳо ба роҳ монда шудааст.

Мутаассифона, вазъи хуҷҷатгузорӣ дар марказҳои инкишофи кӯдакони таҳқиқшуда ба талабот ҷавобгӯ набуда, ҳуҷҷатҳои  меъёрию  ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти томактабӣ мавҷуд нест, нақшаҳои тақвимии омӯзгорон, ҷадвали машғулиятҳо, нақшаи кории омӯзгорон, ҳуҷҷатҳои қабули пагоҳирӯзӣ, корҳои инфиродӣ, дафтари суҳбат бо падару модарон  аз  камбудиҳо орӣ  нестанд. Бештари  марказҳои  инкишофи кӯдакон  барномаи  таълимӣ  надоранд.

Таҳлили  фаъолият ва масъалаҳои таълиму тарбияи марказҳо дар ҷаласаҳои  кории шуъбаи маорифи ноҳия ба нақша гирифта  шуда,  аз  ҷумла, моҳи июн дар  Шурои  директорон бо  унвони  “Вазъи  фаъолияти марказҳои  инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимӣ” баррасӣ гардидааст.

Падару модарон аҳамияти Марказҳои инкишофи кӯдаконро  дарк намуда, рӯз то рӯз ба  онҳо  бештар  таваҷҷуҳ зоҳир  мекунанд,  вале аз сабаби набудани шароити таълим ва ҷойи нишаст муассисаҳои таълимии ноҳия наметавонанд кӯдаконро пурра ба таълиму тарбия фаро гиранд. Дар баъзе муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи умумӣ, масалан,  дар МТМУ №№2,18 аз сабаби  набудани ҷойи  нишаст  дар  як  синфхона дар  як  вақт  ду  гурӯҳ  фаъолият мекунанд,  ки  боиси паст гардидани сифати машғулиятҳо ва таълиму тарбия мегардад.

Таъмини  ғизо  ва  нигаҳдории маводи  тиббӣ  ҷиҳати  расонидани  ёрии  аввалия  дар  марказҳои инкишофи кӯдакон ба назар намерасад.

Барои  самаранок  ташкилу  баргузор  намудани  таълиму  тарбия  дар  марказҳои инкишофи  кӯдакон  адабиёти бадеӣ,   воситаҳои  техникӣ  намерасанд.  Ҳамзамон,  бозичаҳо барои  бозии  кӯдакон  ва  маводи  таълимию  методӣ,  адабиёти кӯдакона  хеле  кам  мушоҳида мегардад.  Маҳорати  касбии  мураббиён дар мавриди истифодаи технологияҳои навини педагогӣ посухгӯйи замон намебошад.

Ноҳияи Спитамен. Марказҳои инкишофи кӯдакон дар назди 28 муассисаи  таълимӣ  бо  ташкили 88  гурӯҳ  ва  фарогирии  2035  нафар кӯдак фаъолият менамоянд.

Дар  баробари пешрафтҳо,  дар  фаъолияти марказҳо  камбудиҳои  зерин  ба назар  мерасанд,  аз  ҷумла,  вазъи ҳуҷҷатгузорӣ  дар  марказҳо  начандон  хуб  буда,  ҳуҷҷатҳои  меъёрию  ҳуқуқии  соҳаи таҳсилоти томактабӣ  вуҷуд  надорад.  Дар нақшаҳои тақвимии омӯзгорон, ҷадвали машғулиятҳо, ҳуҷҷатҳои қабули пагоҳирӯзӣ, корҳои инфиродӣ,  дафтари  суҳбат  бо падару  модарон  камбудиҳо  ба мушоҳида  мерасад  ва   марказҳо бо Барномаи тарбиявӣ-таълимии Маркази инкишофи кӯдакон таъмин карда нашудаанд.

Дар  муассисаҳои  таълимӣ  барои  таълиму  тарбияи  кӯдакон маводи таълимӣ, адабиёти бадеӣ, аёният, бозичаҳо барои кӯдакон, маводи тақсимотӣ кам мушоҳида мегардад,  ки  боиси  коҳиш  ёфтани  сифати  таълиму  тарбия  дар марказҳои   инкишофи  кӯдакон гардидааст. Марказҳо бо маводи тиббӣ таъмин нестанд.

Ноҳияи   Ҷаббор  Расулов. Марказҳои  инкишофи  кудакон дар назди 41 муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумӣ   бо  ташкили  52 гурӯҳ  ва  фарогирии  1086  нафар кӯдак фаъолият менамоянд.

Беҳдошти саломатии тарбиятгирандагон зери назорати роҳбарияти  муассисаҳо қарор дошта, гурӯҳҳо бо маводи тиббӣ, аз ҷумла,    антисептикӣ таъминанд.

Мутаассифона, дар фаъолияти марказҳо камбудиҳои зайл ба назар мерасанд:

—  ҳуҷҷатгузорӣ  дар  марказҳо тибқи  талабот  ба  роҳ  монда  нашудаст;

—  ҳуҷҷатҳои  меъёрию  ҳуқуқии соҳаи  таҳсилоти  томактабӣ  дар онҳо вуҷуд надорад;

—  дар  мураттаб  намудани нақшаҳои  тақвимии омӯзгорон, ҷадвали   машғулиятҳо,  нақшаи кории  омӯзгорон,  ҳуҷҷатҳои қабули  пагоҳирӯзӣ,   корҳои инфиродӣ,  дафтари  суҳбат  бо падару  модарон   норасоиҳо мушоҳида мегарданд;

—  аксари  марказҳо  Барномаи тарбиявӣ-таълимии Маркази инкишофи кӯдаконро надоранд.

—  таъмини  марказҳо  бо  адабиёти  кӯдакона,  маводи  таълимию  методӣ  ва  бозичаҳо қонеъкунанда нест.

Ноҳияи Ашт. Маркази инкишофи кӯдакон дар назди 38 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ташкили 47 гурӯҳ ва фарогирии 840 нафар кӯдак фаъолият менамоянд.

Марказҳои инкишофи кӯдакон дар ноҳия аз ҷониби падару модарон хуб дастгирӣ ёфта, дар ислоҳи камбудиву мушкилот саҳми онҳо назаррас аст. Бо ёрии падару модарон марказҳои инкишофи кӯдакони зикргардида бо маводи конселярӣ, қалам, ручка,  коғазҳои   ранга,  албом, ранг  ва   адабиёти   кӯдакона  аз ҷумла, афсонаҳо таъмин шудаанд.

Мушкилоти  марказҳои  инкишофи  кӯдакон  дар  ноҳияи  Ашт инҳоянд:

—  ҳарчанд  ҳуҷҷатгузорӣ  дар марказҳои  инкишофи  кӯдакони ноҳияи  номбурда  дуруст  ба роҳ  монда  шуда  бошад  ҳам, вале  дар  нақшаҳои  корӣ  ва тақвимии   омӯзгорон,   ҷадвали машғулиятҳо,  муоинаи  тиббӣ, корҳои   инфиродӣ,   бозиҳои ором, суҳбат бо падару модарон ва ғайра норасоиҳо ҷой доранд;

—  дар  марказҳо  таъмини омӯзгорон  бо  маводи  таълимӣ, дастурҳои  таълимию  методӣ   ва асбобҳои аёнӣ ба таври нокифоя мебошад;

—  омӯзгорон  барои  гузаронидани  лаҳзаҳои   дамгирӣ   имкон надоранд, зеро синфхонаҳо хурд мебошанд;

—  мараказҳои  таҳқиқшудаи ноҳия  бо  маводи  тиббӣ  барои ёрии аввалӣ таъмин нестанд.

Ноҳияи Деваштич. Марказҳои инкишофи  кӯдакон  бо  ташкили 44 гурӯҳ дар назди 22 таълимгоҳ бо фарогирии 792 нафар кӯдак фаъолият мекунанд.

Бо  қайд  намуд,  ки ҳуҷҷатгузорӣ  дар  марказҳои  инкишофи кӯдакони ноҳия ба таври бояду  шояд  ба  роҳ  монда  нашуда,  ҳуҷҷатҳои  меъёрию  ҳуқуқии соҳаи  таҳсилоти  томактабӣ вуҷуд надоранд:

— дар нақшаҳои тақвимии омӯзгорон, ҷадвали машғулиятҳо,  нақшаи   корӣ  ва тақвимии  омӯзгорон  ва   дафтари  суҳбат  бо  падару  модарон норасоиҳо мушоҳида мегарданд;

— дар марказҳо ба кӯдакон ғизо дода  намешавад,  маводи  тиббӣ ҷиҳати  расонидани  ёрии  тиббӣ, ҳамчунин,  воситаҳои  техникӣ  ва ҷойи нишаст намерасанд;

—  дар  марказҳо  Барномаи тарбиявӣ-таълимии маркази инкишофи   кӯдакон  вуҷуд  дорад, вале омӯзгорон тарзи дурусти истифодаи онро намедонанд;

—  реҷаи   рӯз,   ҷадвали машғулияти  марказҳо   нодуруст тартиб дода шудаанд.

Ноҳияи Зафаробод. Марказҳои инкишофи кӯдакон дар назди 25 МТМУ бо ташкили 44 гурӯҳ ва фарогирии 1080 нафар кӯдак фаъолият мекунанд.

Фаъолияти  марказҳо  таҳти назорати  роҳбарон  ва  масъулони  муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи  умумӣ  қарор  дошта, мунтазам   дар  Шуроҳои   педагогии   муассисаҳо   муҳокима мегардад.

Дар  баробари  муваффақиятҳо,  дар  фаъолияти  марказҳо камбудиҳои  зерин  дида  мешаванд:

—  ҳуҷҷатгузорӣ  дар   марказҳо хуб  набуда,   санадҳои  меъёрию ҳуқуқии  таҳсилоти  томактабӣ дар онҳо вуҷуд надоранд;

—  дар нақшаҳои тақвимии омӯзгорон, ҷадвали машғулиятҳо,  нақшаи кории омӯзгорон, ҳуҷҷатҳои қабули пагоҳирӯзӣ, корҳои   инфиродӣ, дафтари суҳбат бо падару модарон норасоиҳо мушоҳида мегардад;

—  аксарияти  марказҳои  инкишофи  кӯдакон  Барномаи тарбиявӣ-таълимии Маркази инкишофи кӯдаконро надоранд.

Ноҳияи  Мастчоҳ. Марказҳо дар   назди  4  муассисаи  таълимӣ бо  ташкили  9  гурӯҳ   ва  фарогирии 161 нафар кӯдак фаъолият мекунанд.

Ҳуҷҷатгузорӣ  дар  марказҳои инкишофи кӯдакони ноҳияи номбурда дуруст ба роҳ монда шуда, мавҷудияти  барномаи  тарбиявӣ-таълимии  Маркази  инкишофи  кӯдакон  дар  муассисаҳои таълимӣ мушоҳида мешавад.

Ба марказҳои  инкишофи кӯдакон ва муассисаҳои томактабии  ноҳия филми аниматсионии “Сандуқчаи   зулбиё” дастрас карда   шудааст,  ки   дар   вақти бозӣ, машғулият ва истироҳати кӯдакон ба онҳо намоиш дода мешавад.

Натиҷаи  таҳқиқот  нишон дод,  ки  марказҳои   инкишофи   кӯдакон  истифодаи маводи таълимӣ, дастурҳои методӣ, стандарти инишофи барвақтии кӯдакон,  барномаи  таълим,  тарбия ва инкишофи   кӯдакони синни томактабӣ ва маводи иловагиро хуб ба роҳ мондаанд.

Мутаассифона,  дар  фаъолияти  омӯзгорони  марказҳо камбудиҳои зерин ба назар мерасанд. Дар ҷараёни машғулиятҳо қобилияти   кӯдакони  боистеъдоду фаъол ба эътибор  гирифта  намешавад,  зеро  аксарияти омӯзгорон ғайриихтисос буда, бо нозукиҳои таълиму  тарбияи томактабӣ ба таври зарурӣ шинос нестанд.

НАҶМИДДИННИЁ Асадулло Мирзо,

директори ПРМ АТТ