ХАТЛОН: ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ ДАР МАДДИ АВВАЛИ НАЗАР

Вазъи имрӯзаи таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба беҳбудӣ ниёз дорад.
Раёсати  маорифи  вилояти Хатлон  бо  мақсади  таъмини  иҷрои  қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 30.08.2019,№438  «Дар  бораи Барномаи  давлатии  такмили таълим  ва  омӯзиши  забонҳои русӣ  ва  англисӣ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  давраи  то соли  2030»  нақша-чорабиниҳо оид  ба  татбиқи  Барномаи  давлатии  такмили  таълим  ва  омӯзиши забонҳои  русӣ  ва  англисӣ  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои давраи  то  соли  2030  дар  вилояти Хатлон»-ро  таҳия  ва  бо  қарори мушовараи  раёсат  тасдиқ  намуда,  барои  иҷро  ба  шуъбаҳои  маорифи  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят равон  намудааст.  Тибқи  маълумоти  оморӣ,  соли  таҳсили  2020-2021  дар  муассисаҳои  таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 2897 нафар, аз ҷумла, 1604 нафар омӯзгори  забони  русӣ  ва  1193 нафар  омӯзгори  забони  англисӣ ба  таълиму  тарбияи  хонандагон машғул  мебошанд.  Норасоии омӯзгорон  аз  ин  фанҳо,  9  нафар аз забони русӣ ва 14 нафар аз забони  англисӣ  дар  муассисаҳои таълимии минтақа ба назар мерасад.  Соли  ҷорӣ  аз  фанни  забони англисӣ  дар  ноҳияҳои  Ш.Шоҳин — 3, Темурмалик — 2, Балҷувон — 5 нафар,  Ховалинг  —  3  ва  Муъминобод  —  2  ва  9  нафар  аз  забони русӣ  дар ноҳияи  Муъминобод —  2,  Ш.Шоҳин  —  3,  Балҷувон  3  ва Темурмалик  —  1  нафар  омӯзгор намерасад.  Дар  шаҳру  ноҳияҳои минтақаи  Кӯлоб  42  муассисаи томактабӣ  бо  фарогирии  3954 кӯдак  фаъолият  менамоянд,  ки бо  ҷалби  мутахассисон  дар  асоси  ҷадвали  машғулиятҳо  дар гурӯҳҳои  синни  миёна  ва  кало-ни  кӯдакистонҳо  ҳафтае  2  соат машғулият  бо  забонҳои  русӣ  ва англисӣ  гузаронида  мешавад. Рафти иҷрои амалишавии Барномаи мазкур дар шуъбаҳои маориф ва  муассисаҳои  таълимии  шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб,  Муъминобод, Мир  Сайид  Алии  Ҳамадонӣ  ва Ш.Шоҳин мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар  шуъбаи  маорифи  шаҳри Кӯлоб  тибқи  қарори  мушовараи  раёсати  маорифи  шаҳр аз  6.02.2021,№2\4  нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расида, барои  иҷро  ба  ҳамаи  муассисаҳои таълимии  шаҳру  деҳоти  Кӯлоб дастрас гардонида шудааст. Айни ҳол  дар  муассисаҳои  таълимии шаҳр 375 нафар омӯзгор аз фанни забони русӣ ва 294 нафар аз фанни забони  англисӣ  ба  таълиму  тарбияи хонандагон машғуланд. Дар асоси  нақшаи  кории  кабинети методии  шуъбаи  маорифи  шаҳр моҳи  январи  соли  ҷорӣ  санҷиши сифати  дониши  хонандагон  аз фанни  забони  русӣ  ва  англисӣ дар  синфҳои  5-11-и  муассисаҳои таълимии  №№2,7,16,39  ва  52  гузаронида  шуда,  дар  Шурои  шуъбаи  маориф  мавриди  таҳлил  ва баррасӣ  қарор  дода  шудааст.  Бо ибтикори кабинети методии шуъба  ва  мушовири  фанни  забони русӣ барои ёрии омӯзгорони фанни  забони  русӣ  ва  хонандагоне, ки  завқи  хондани  забони  русиро доранд, 4 маводи методӣ :- «Перевод и толкование трудных слов и выражений на таджикский язык», «Тексты детских и военно – пари-отиеских песен», «Дидактический материал»  ва  «Методическое  пособие  в  помощь  изучающим  русский  язык»  таълиф  ва  дастраси омӯзгорон гардонида шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар 53 муассисаи  таълимии  шаҳр  28  синф-кабинети  фанни  забони  англисӣ ва 31синф кабинети фанни забони русӣ  бо  тамоми  асбобу  васоити аёнӣ  муҷаҳҳаз  гардонида  шудааст.  Дар  муассисаҳои  таълимии №№  15,16,17,18,24,26,41,42  ва  44 бинобар сабаби надоштани шароити таълимӣ синфҳо ба зергурӯҳҳо ҷудо карда нашудааст. Бо дастгирии  кабинети  методии  шуъба  бо омӯзгорони  фанҳои  забони  русӣ ва  англисӣ  семинари  дурӯза  оид ба  баланд  бардоштани  маҳорати касбии омӯзгорони фанни забони русӣ ва англисӣ гузаронида шудааст, ки зиёда аз 83 нафар омӯзгор дар он ширкат варзидаанд. Моҳи майи  соли  ҷорӣ,  бо  мақсади  баланд  бардоштани  савияи  дониш  ва  малакаи  донишандӯзии хонандагони  синфҳои  5-11-и муассисаҳои  таълимии  шаҳр  озмуни  «Забондони  беҳтарин»  аз фанни  забони  русӣ  гузаронида шуд, ки хонандагони муассисаҳои таълимии  №2,30,34  ва  51  дар  он фаъолона  баромад  намуда,  сазовори  ҷойҳои  ифтихорӣ  гаштаанд.  Аз  шумораи  48  муассисаи таълимӣ  танҳо  дар  муассисаҳои таълимии  №4  ва  34  кабинети лингофонӣ  фаъолият  мекунаду халос.  Хонандагони  муассисаҳои таълимии  шаҳр  аз  фанҳои забонҳои  русӣ  ва  англисӣ  дар озмуни  ҷумҳуриявӣ  ширкат  варзида, сазовори 19 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.  Дар  муваффақиятҳои бадастовардаи  шогирдон  дар озмунҳои  вилоятиву  ҷумҳуриявӣ саҳми  омӯзгорони  забони  русӣ С.Халилова,  Ш.  Қарабоева,  Х. Одинаев  ва  Л.  Муродова  назаррас  мебошад.  Новобаста  ба  ин пешравиҳо,  ҳанӯз  ҳам  дар  баъзе муассисаҳои  таълимӣ  дар  таълиму  омӯзиши  фанҳои  забони  русӣ ва англисӣ проблемаҳои ҳалталаб вуҷуд  доранд.  Набудани  кабинети лингофонӣ, воситаҳои аёнӣ ва техникӣ,  китобҳои  бадеӣ  ва  маводи  дидактикӣ  бо  забони  русӣ ва  англисӣ,  боиси  коста  шудани сифати  таълим  ва  суст  шудани дониш ва малакаи саводнокии хонандагон гардидааст.

Омили  дигаре,  ки  ба  баланд гардидани  сатҳи  дониши  хонандагон  сабаб  мегардад,  фаъолияти  дурусти  гурӯҳҳои  сифати  таҳсилот  дар  муассисаҳои таълимӣ  мебошад.  Мутаассифона,  гурӯҳҳои  мазкур  дуруст  фаъолият  намекунанд  ва  ба  сифати таҳсилот, ба таври шаффоф баҳо дода  наметавонанд. Бояд  қайд кард,  ки  паст  будани  фарогирии хонандагон ба маҳфилҳои  фаннӣ (забонҳои русӣ ва англисӣ), сатҳи нокифояи  худомӯзии  хонандагон боиси  камсаводӣ  ва  дониши  пасти онҳо гардидааст. Мушкилоти дигаре, ки ба чашм мерасад, аз як тараф,  нарасидани  омӯзгорони соҳибкасби  забонҳои  русӣ  ва англисӣ  бошад,  аз  тарафи  дигар,  суст  будани  вазъи  назорати дохилимактабӣ дар таълимгоҳҳои шаҳру деҳот маҳсуб меёбад.

Рафти  таъмини  иҷрои  қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  шуъбаи  маориф  ва муассисаҳои  таълимии  №№  8,39 ва 52-и ноҳияи Муъминобод мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар муассисаҳои таълимии №8 (директораш О.Ҷобирова), №39 (директораш Ҷ.Холов) ва №52 (директораш Б.Бозоров) ба омӯзиши фанни забони русӣ синф — кабинетҳои забони русӣ ва англисӣ бо қувваи омӯзгорони фаннӣ бо васоити аёнии дастисохт таҷҳизонида шуда, барои  хонандагон  шароитҳо муҳайё карда шудааст. Муоширати  хонандагон  дар  дарсҳои  забони русӣ ва англисӣ дар сатҳи паст қарор  дошта,  хонандагон  нутқи буррои шифоҳӣ надоранд.

Санҷиш дар баъзе муассисаҳои таълимии  ноҳия  нишон  дод, ки  бинобар  набудани  шахсони соҳибмаълумот  ва  муҳайё  набудани  шароити  мусоиди  таълим дониши  хонандагон  аз  фанҳои мазкур  қонеъкунанда  нест.  Ташкили  кабинетҳои  лингофонӣ  дар муассисаҳои  таълимии  ноҳия мувофиқи  мақсад  ба  роҳ  монда  нашудааст.  Аз  58  муассисаи таълимии  ноҳия  дар  2  муассисаи таълимӣ  кабинети  лингофонӣ мавҷуд  буда,  бо  таҷҳизот  пурра таъмин мебошаду халос.

Дар  ноҳияи  Мир  Сайид  Алии Ҳамадонӣ 173 нафар омӯзгори забони русӣ ва 146 нафар омӯзгори забони  англисӣ,  (аз  ин  30  нафар омӯзгори  фанни  забони  англисӣ) бо  маълумоти  миёнаи  махсус ба  таълиму  тарбияи  хонандагон  машғул  ҳастанд.  Норасоии омӯзгорон аз ин фанҳо дида намешавад.  Бояд  қайд  намуд,  ки  таълими  забонҳои  русӣ  ва  англисӣ аз  муассисаи  томактабӣ  оғоз  мегардад.  Дар  ноҳия  5  муассисаи томактабӣ  бо  фарогирии  420  нафар кӯдаку наврас амал мекунад.

Бо ҷалби омӯзгорони соҳибкасб тибқи  реҷаи  машғулиятҳо  дар гурӯҳҳои  синни  миёна  ва  калони  кӯдакистонҳо  ҳафтае  2  соат машғулият  бо  забони  русию англисӣ  гузаронида  мешавад,  ки инкишофи  малакаҳои  забондонию забономӯзии кӯдакон беҳтар мегардад.

Дар  соли  хониши  2021-2022 дар  олимпиадаи  вилоятӣ  54  нафар  хонанда  аз  фанҳои  забони русӣ ва англисӣ иштирок намуда, сазовори 5 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.  Аз  ҷумла,  хонандаи  синфи 10  (МТМУ  №6)  И.  Иброҳимзода дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи 3-юм, А. Саймуддинов, хонандаи синфи 11  (МТМУ  №52)  сазовори  ҷойи ифтихорӣ  гардиданд.  Ҳамчунин, М.  Холова  хонандаи  синфи  6 (МТМУ  №2)  ва  Х.Давлатов,  хонандаи  синфи  10  (МТМУ№  8) дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забони  англисӣ  сазовори  ҷойи 3  —  юм  гардиданд.  Дар  давоми соли  таҳсили  2022-2023  6  нафар омӯзгори фанни забони русӣ ва 8 нафар  омӯзгори  забони  англисӣ аз  курсҳои  такмили  ихтисос  гузаштанд.

Дар  ноҳияи  Ш.  Шоҳин вазъи  таъмини  иҷрои  қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  30.08.2019,№438  «Дар  бораи Барномаи  давлатии  такмили таълим  ва  омӯзиши  забонҳои русӣ  ва  англисӣ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 » дар муассисаҳои таълимии №№22, 24, 49 ва мактаб-интернати  ҷумҳуриявии  кӯдакони  ятими ноҳия мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор дода шуданд. Маълум гардид, ки дар муассисаҳои зикршуда ба таълиму омӯзиши забонҳои русӣ  ва  англисӣ  диққати  вижа дода  мешавад.  Аз  тарафи  маъмурияти  мактаб  ва  омӯзгорони фанҳои  забони  русию  англисӣ барои  баланд  бардоштани  сифати таълим ва ҳавасмандгардонии хонандагон  дар  муассисаҳои мазкур  гӯшаҳои  забони  русӣ  бо унвони «Русский Мир», «Русский язык»,  «Русское  слово»,  «Высказывания  о  русском  языке», «Александр Сергеевич Пушкин» ва «Изучаем русский язык» ташкил  карда  шудааст.  Дар  ҳамаи муассисаҳои  таълимӣ  кушод, дарсҳои  иловагӣ,  чорабиниҳои беруназмактабӣ,  викторинаҳо, шабҳои  саволу  ҷавоб,  гузаронида  шуда,  хонандагонро  ба онҳо  ҷалб  менамоянд.  Натиҷа ҳамин  аст,  ки  иштироки  хонандагони ин муассисаҳои таълимӣ дар  озмунҳои  вилоятӣ  ва ҷумҳуриявӣ  назаррас  мебошад. Айни ҳол дар Маркази дарёфт ва рушди  истеъдодҳо  ва  муассисаи таҳсилоти  иловагӣ  маҳфилҳои забони русӣ ва англисӣ фаъолияти босамар доранд ва дар онҳо 50 нафар хонанда фаро гирифта шудаанд. Дар 57 муассисаи таълимии  ноҳия  36  синф-кабинети забони русӣ ва 25 синф-кабинети забони англисӣ таҷҳизонида шудаанд ва дар муассисаҳои таълимии №1 кабинети лингофонӣ фаъолият  дорад.  Дар  муассисаҳои таълимии  ноҳия  103  нафар омӯзгор аз фанни забони русӣ ва 55 нафар аз фанни забони англисӣ ба  таълиму  тарбияи  хонандагон машғуланд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»