ОМИЛҲОЕ, КИ ДАРСРО ПУРСАМАР МЕСОЗАНД

Усул ва тарзҳое, ки омӯзгор имрӯз дар дарсҳо истифода мебарад, дар сурате арзиш доранд, ки агар шавқу ҳаваси хонандагонро ба таҳсил бештар намуда, фаъолияти фикрӣ, эҷодии онҳо ва мустақилияташонро такмил диҳанд.

Усулҳои  нави  самарабахш, диққатҷалбкунанда  ва  муассир дар таълим инҳо мебошанд:

  1. Усулҳои ғайрифаъол
  2. Усулҳои фаъол
  3. Усулҳои интерактивӣ

Усули ғайрифаъол шакли ҳамкории омӯзгор  ва  хонанда  мебошад,  ки дар  он  муаллим  шахси  асосии  амалкунанда  ва  идоракунандаи  ҷараёни дарс  мебошад,  аммо  хонандагон  дар нақши  шунавандагони  камфаъол,  ба дастурҳои омӯзгор итоаткунанда амал мекунанд.  Алоқаи  омӯзгор  бо  талаба дар  машғулиятҳои  ғайрифаъол  тавассути  пурсишҳо,  корҳои  мустақилонаи назоратӣ, тестҳо ва ғайра амалӣ мегардад.

Усули  фаъол  шакли  ҳамкории  хонандагон ва муаллим мебошад, ки дар он  онҳо  бо  якдигар  дар  раванди  дарс ҳамкорӣ  намуда,  хонандагон  дар  ин мавқеъ буда, шунавандагони камфаъол нестанд. Агар усулҳои ғайрифаъол услуби авторитарии ҳамкориро пешбинӣ намояд,  пас  усулҳои  фаъол  нисбатан услуби демократиро пешбаранда аст.

Усули интерактивӣ, дар муқоиса бо усулҳои  фаъол ба  ҳамкории  нисбатан васеи хонандагон на танҳо бо муаллим, балки  бо  якдигар  ва  фаъолнокии  аз ҳама  бештари  хонандагон  дар  раванди таълим равона гардидааст. Мақоми омӯзгор  дар  дарсҳои  интерактивӣ  ба самти фаъолияти хонандагон барои ба даст  овардани  ҳадафҳои   дарс  равона шудааст.  Муаллим,  инчунин,  нақшаи дарсро  тарҳрезӣ  менамояд.  Таълими интерактивӣ,  шакли  махсуси  ташкили фаъолияти маърифатӣ мебошад.

Ҳадаф  дар  фароҳам  овардани шароитҳои  муосири  таълим  ниҳон аст,  ки  дар  ҷараёни  он  хонанда муваффақият, комилияти зеҳнии хешро ҳис  мекунад,  ки  он  ҷараёни  таълимро самаранок мегардонад.

Вазифаҳои  шакли  интерактивии таълим инҳоянд:

— бедоркунии рағбати таълимгирандагон;

—  азхудкунии  босамари  маводи таълимӣ;

— ҷустуҷӯи мустақилонаи роҳҳо;

—  ташаккули  малакаҳои  ҳаётӣ  ва касбӣ.

Принсипҳои  кор  дар  дарсҳои интерактивӣ:

— машғулият лексия нест, балки кори умумист;

— тамоми иштирокчиён ҳуқуқи баробар доранд;

— ҳар як иштирокчӣ ба фикри шахсӣ ҳуқуқ дорад;

— тамоми чизҳои дар машғулият гуфташуда дастур барои амал нест, балки ахбор барои тафаккур мебошад.

Истифодаи технологияи компютерӣ ҳангоми банақшагирии  зарурии машғулиятҳо,  муколамаи  фаъоли муаллим  ва  талаба  бо  истифодаи намоишдиҳӣ  ва  супоришҳои  назоратӣ ҷараён  мегирад.  Муҳим  танҳо  он  чиз аст, ки омӯзгор худро “замима” нисбат ба чунин навъи фаъолият ҳис накунад, баръакс он бояд олоти муаллим бошад. Барои  хонанда  чизи  асосӣ  на  қабули камфаъоли мавод, балки иштироки фаъол дар ҳар як марҳала ба ҳисоб меравад.

 Ман  бештар  дар  дарсҳоям  аз усулҳои  интерактивӣ  истифода  мебарам. Аз ҷумла, дар дарси математикаи синфи  6  дар  мавзуи  “Ададҳои  сода  ва таркибӣ”  хонандагонро  ба  ду  гурӯҳ ҷудо  менамоям  ва  як  гурӯҳ  ададҳои сода мешаванд ва гурӯҳи дигар ададҳои таркибӣ.  Ман  ададҳои  гуногунро  дар тахтаи электронӣ ба навбат нишон додан мегирам ва хонандагон, агар адад сода бошад, гурӯҳи якум дастҳояшонро мебардоранд  ва  агар  таркибӣ  бошад, гурӯҳи дуюм даст мебардоранд. Мисоли дигар шуда метавонад дар синфҳои 8,  дарси  геометрия,  боби  “Намудҳои чоркунҷа”.  Ҳангоми  мустаҳкамкунии дарс  барои  намудҳои  чоркунҷаро дуруст  фарқ  карда  тавонистан,  хонандагонро  ба  се  гурӯҳ  ҷудо  намуда анаграммаҳоро  истифода  мебарам. Дар  калимаҳои  квадрат,  трапетсия  ва росткунҷа  ҷойҳои  ҳарфҳоро  иваз  намуда,  (дтракав,  тиятрасеп,  орнҷастку) гурӯҳҳо  бояд  калимаҳоро  пайдо  намуда, аз коғази ранга расмашро бурида,  дар  бораи  ҳамон  шакл  маълумот диҳанд.  Натиҷаро  худи  хонандагон баҳогузорӣ менамоянд.

Сабаби  бештар  истифода  бурдани ман  аз  усули  интерактивӣ  дар  дарсҳо он аст, ки хонандаи сустхон низ метавонад  дар  машғулиятҳо  фаъолият  намояд.

Бунафша ҚАЛАНДАРОВА,

омӯзгори МТМУ №1,

ноҳияи Ёвон