ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ:

— сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ – 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.

Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ:

—  мутахассиси  пешбари  раёсати  таҳсилоти  ибтидоӣ ва  миёнаи  касбӣ  –  1  ҷой  (категорияи  6),  маоши  мансабӣ 1124,70 сомонӣ.

Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:

—  сармутахассиси  раёсати  таҳсилоти  олии  касбӣ ва баъдидипломӣ – 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.

Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак:

—  сармутахассиси  раёсати  ҳифзи  ҳуқуқи  кӯдак  –  1  ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ;

Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:

—  сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой (категорияи 1), маоши мансабӣ 3300,35 сомонӣ.

—  мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ.

Шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм:

—  сармутахассиси  шуъбаи  низоми  ахборотии  идоракунии маориф ва илм 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ 1660,00 сомонӣ.

Шуъбаи аудити дохилӣ:

— мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ — 1 ҷой (категорияи 6), маоши мансабӣ 1124,70 сомонӣ.

Шуъбаи сифати таҳсилот:

— мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот – 1 ҷой (категорияи 7), маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.

Шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:

—  сармутахассиси  шуъбаи  коргузорӣ  ва  назорати  иҷро — 1 ҷой (категорияи 5), маоши мансабӣ – 1660,00 сомонӣ.

Иловапулӣ  ба  маоши  мансабӣ  барои  собиқаи  хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ пардохт карда мешавад.

Талабот ба довталабон

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)

-нусхаи  гувоҳномаи  рақами  мушаххаси  андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

1.Талаботи  тахассусӣ  барои  мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ:

— таҳсилоти  олии  касбии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ  ё  табиию риёзӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

—  малакаи  хуби  муошират  бо  аҳли  ҷомеа,  аз  ҷумла маҳорати  ба  роҳ  мондани  ҳамкорӣ  ҳангоми  татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

— кор карда тавонистан бо компютер.

2.Талаботи  тахассусӣ  барои  мансаби мутахассиси  пешбари  раёсати  таҳсилоти  ибтидоӣ  ва  миёнаи касбӣ:

—  таҳсилоти  олии  касбии  ихтисосҳои  гуманитарӣ,  ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

— малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

— кор карда тавонистан бо компютер.

3.Талаботи  тахассусӣ  барои  мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои гуманитарӣ, ки иҷрои  самараноки  вазифаҳои  мансаби  мазкури  маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

—  малакаи  хуби  муошират  бо  аҳли  ҷомеа,  аз  ҷумла маҳорати  ба  роҳ  мондани  ҳамкорӣ  ҳангоми  татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

—  донистани  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

— кор карда тавонистан бо компютер.

4.Талаботи  тахассусӣ  барои  мансаби сармутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак:

— таҳсилоти  олии  касбии ҷамъиятӣ-гуманитарӣ  ё  табиию риёзӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— малакаи  хуби  муошират  бо  аҳли  ҷомеа,  аз  ҷумла маҳорати  ба  роҳ  мондани  ҳамкорӣ  ҳангоми  татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

—  донистани  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

— кор карда тавонистан бо компютер.

5.Талаботи  тахассусӣ  барои  мансаби сардори  раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:

—  таҳсилоти  олии  касбӣ,  ихтисоси  муносибатҳои байналмилалӣ  ё  гуманитарӣ,  ки  иҷрои  самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

— малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

—  малакаи  хуби  муошират  бо  аҳли  ҷомеа,  аз  ҷумла маҳорати  ба  роҳ  мондани  ҳамкорӣ  ҳангоми  татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

— кор карда тавонистан бо компютер.

6.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ:

–  таҳсилоти  олӣ  ё  миёнаи  касбии  муносибатҳои байналмилалӣ ё гуманитарӣ;

— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

—  мавҷудияти  малакаи  хуби  муошират,  аз  ҷумла маҳорати  ба  роҳ  мондани  ҳамкорӣ  ҳангоми  татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

— малакаи кор бо компютер.

7.Талаботи  тахассусӣ  барои  мансаби сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм:

— таҳсилоти олии касбӣ иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои  мансаби  мазкури  маъмурии  хизмати  давлатиро таъмин карда метавонад;

— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

—  малакаи  хуби  муошират  бо  аҳли  ҷомеа,  аз  ҷумла маҳорати  ба  роҳ  мондани  ҳамкорӣ  ҳангоми  татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

— донистани  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

— кор карда тавонистан бо компютер.

8.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ:

— таҳсилоти  олии  касбӣ,  ихтисоси иқтисодӣ  ё  молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

—  малакаи  хуби  муошират  бо  аҳли  ҷомеа,  аз  ҷумла маҳорати  ба  роҳ  мондани  ҳамкорӣ  ҳангоми  татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

— кор карда тавонистан бо компютер.

9.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот:

–  таҳсилоти  олӣ  ихтисоси ба  мансаби  ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

—  мавҷудияти  малакаи  хуби  муошират,  аз  ҷумла маҳорати  ба  роҳ  мондани  ҳамкорӣ  ҳангоми  татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

— малакаи кор бо компютер.

10.Талаботи  тахассусӣ  барои  мансаби сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро:

—  таҳсилоти  олии  касбӣ,  ихтисоси  ба  мансаби ишғолшаванда  мувофиқ,  ки  иҷрои  самараноки  вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

—  малакаи  хуби  муошират  бо  аҳли  ҷомеа,  аз  ҷумла маҳорати  ба  роҳ  мондани  ҳамкорӣ  ҳангоми  татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

—  донистани  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дигар  қонунҳо  ва  санадҳои  меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

— кор карда тавонистан бо компютер.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А,

телефон: 221-37-65, 227-67-07, факс: 221-70-25, суроғаи

электронӣ: kadr@maorif.tj, сомона: www.maorif.tj

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси

Вазорати маориф ва илм