МАҒЗИ ХУДРО ДУРУСТ ИСТИФОДА НАМОЕМ

Мағзи инсон мавҷудест мутлақо беҳамто. Баъзан инсонҳо аз истифодаи мағзи худ ғофил мемонанд, дар бораи он кам медонанд ва кам аз он баҳра мебаранд. Ҳарчанд ки пазиротарин ва беҳамтотарин чиз, ки инсон онро молик аст, мағзи ӯст.
Беҳамтоии мағзи сари мо, даставвал, дар имкони мушоҳидаи мунтазами худ, дар баҳодиҳии пайвастаи ҳамаи падидаҳо, қиёси онҳо бо мавҷудоти муҳит зоҳир мегардад. Ин ҳолати хушбахтию ваҳйест аз он, ки ҳамаи ҳаводис бо ҳам дар ҳулуланд ва дар олами ҳастӣ чизе тасодуфӣ вуҷуд надорад. Сониян, мағзи сари инсон ягона чизест, ки лаёқати идроки вақтро дорад, вақтро дар худ таҷаллӣ медиҳад. Танҳо мағзи мо қобил аст, хешро дар доираи вақт табдил кунад ва онро ба манфиати худ корбаст намояд. Вақт мавҷудияти хирад аст. Он танҳо тавассути мағзи мо ҷараён мегирад ва танҳо мағзи мост, ки онро ба қайд мегирад. Аз ин лиҳоз, ҳар қадар мағз инкишофёфта бошад, ҳамон қадар дар он вақт меғунҷад. Ҳар қадар инсон дорои вақти зиёд бошад, ҳамон қадар суръати фаъолияти мағзи ӯ баландтар аст.
Ҳамин тавр, дарки вақт, идоракунии он, ба самти гуногуни ҳаёти онро равона кардан танҳо қудрати мағзи бисёрченака, инкишофёфта ва машқдодашуда мебошад. Ва аз он ки то чӣ андоза мағз инкишофёфтаю машқдодашуда аст, то чӣ андоза тозаю орӣ аз таҳшинҳост, вобастагӣ дорад, ба ҷараёни вақт тавассути он. Вобаста ба ҳамин бе ғамхорӣ нисбат ба мағз оид ба ягон намуди вақт сухан рондан маъно надорад.
Ҳамагонро маълум аст, ки суръати инкишофи мағз солҳои аввали ҳаёти кӯдак хеле баландтар аст. Маҳз дар овони кӯдакӣ аввалин пайвандҳои нейронӣ ба вуҷуд меоянд, ки минбаъд асоси фаъолияти ақлонии ҳаррӯза хоҳанд гашт. Тақрибан то 20-25 — солагӣ мағзи инсон ба осонӣ ҳама гуна маълумотро қабул мекунад ва лаёқати баланди захира кардан ва аз худ кардани донишҳои номаълуми ҳаҷман калонро дорад. Баъди 25-солагӣ мағз батадриҷ стратегияи худро аз қабулкунӣ ба нигаҳдории он чиз, ки қабл аз ин аз худ карда буд, тағйир медиҳад. Ана барои чӣ фарзандони худро инкишоф дода, мо ҳамзамон таҳкурсии қобилиятҳои ақлонӣ ва зеҳниашонро мегузорем, алоқамандона ба ин мағзро барои қабули муваффақона ва қайди вақт омода менамоем.
Агар ҳар қадар барвақттар мо ба машқ додани мағз сар кунем, ҳамон қадар фаъолияти он дар овони балоғат муваффақонатар мегардад. Нақши пешбарандагиро дар инкишофи мағз маълумот (донишдиҳӣ), аниқтараш, сифати он мебозад. Чунки маҳз дар синну соли мактабӣ ва донишҷӯӣ фаъолнокии баланди мағз дар ташаккули алоқаҳои нави нейронҳо ба вуҷуд меояд.
Қадр кунед ва эҳтиёт намоед мағзи худро! Онро дуруст ғизо диҳед! Он вақт мағзи шумо кушода мешавад, барои қабули вақт ва на як бору ду бор шуморо бо бисёрзинагию бисёрҷонибагии худ ба ҳайрат мерад.

Аз русӣ тарҷумаи Шехмирзо РАҶАБӢ,
омӯзгори педагогика ва психология, ноҳияи Мастчоҳ