Омӯзиши пайваста инсонро ҳамеша дар зиндагӣ сарбаланду некном мегардонад ва заминаи мусоид ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олӣ фароҳам меорад. Аз худ намудани илму донишро шоирону нависандагони классикии форсу тоҷик ҳамвора талқин кардаанд. Мусаллам аст, ки дарки вазъи ҷомеа ва маърифати замон аз омӯзиши огоҳона ва мақсаднок сарчашма мегирад. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин хусус неку фармуда:
Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз,
Зи бедонишӣ кор гардад дароз.
Дар воқеъ, дониш ва дарки масоили мураккабу печидаи замон инсонро дар ҷомеа соҳибмақому соҳибэҳтиром мегардонад ва ба сарзамини мурод мерасонад. Бинобар ин, бузургонамон илму донишро омили раҳоӣ аз мушкилот ва азобҳои зиндагӣ донистаанд. Камолиддини Биноӣ дар хусуси аҳамияти илму дониш чунин гуфтааст:
Эй бародар, ба касби илм гароӣ,
Пой бар ҷаҳл неҳ, ба илм дароӣ!
Маърифат ҷуз ба илм натвон ёфт
В-ин сифат ҷуз ба илм натвон ёфт.
Дар ин боб ашъори зиёдеро метавон мисол оварду таҳлил намуд, ки шоирон илму донишро асоси рушди тафаккури инсон ва пешрафту рушди ҷомеа арзёбӣ кардаанд. Аз ин лиҳоз, мактабу маориф сарчашмаи омӯзишу мутолиа буда, инсон маҳз дар ҳамин дабистон ба камол мерасад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба таври фарогир аз худ кардани донишҳои замонавӣ ба наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам овардааст. Мактаби миллии мо тадриҷан рушду такомул меёбад. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022) таъкид доштанд: «Мо мактабро ба ҳайси боргохи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро, агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».
Яъне, нақши мактабу маориф дар рушди давлатдории миллӣ муҳим буда, маҳз ба василаи ин рукни калидӣ насли ояндасози миллат ба камол мерасад. Дар ин маврид Пешвои миллат таъкид карданд, ки «бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад». Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзишу мутолиа корҳои зиёде анҷом дода шуда, ин раванд бозгӯйи он аст, ки ҷомеаю кишвар дар масъалаи тарбия ва ба камол расондани мутахассисони варзида ба муваффақияту дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Дар ҷумҳурии соҳибистиклоли мо омӯзгор соҳибэҳтиром асту донишҷӯ дар пайи ба даст овардани донишҳои замонавӣ кӯшишу талошҳои самаровар анҷом медиҳад. Бояд гуфт, ки дар ин замина, дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабу маориф карор дорад ва марҳала ба марҳала вазъи муассисаҳои таълимӣ беҳтар мегардад. Маҳз таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди давлатдорӣ ва маорифи миллӣ заминаи муътамад мегузорад. Бо дастури Пешвои миллат ҷиҳати аз худ намудани илмҳои бунёдӣ аз ҷониби насли наврас ва ҷавонон барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» эълон гардид, ки бо ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ҳамбастагии амиқ дорад. Зеро дар кишвар корҳонаҳои бузурги саноатӣ бунёд гардида истодаанд, ки мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии меҳнатро тақозо менамоянд. Дар ин росто, сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ тадриҷан баланд ва ҷалби хонандагон ба омӯзиши илмҳои бунёдӣ бештар мегардад. Бо ин мақсад Вазорати маориф ва илми кишвар низ нақша-чорабиниҳо тартиб дода, баҳри вусъат бахшидани омӯзиши илмҳои дақиқ корҳои зиёди судмандро анҷом дода истодааст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус зикр намуданд: «Ғамҳорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта — сармоягузорӣ ба ҳотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем».
Иқдомоти Ҳукумат дар роҳи баланд гардидани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани шароити ба замони муосир созгори таҳсил шоистаи дастгирист ва саъйю талошҳо бозгӯйи онанд, ки низоми таълим дар кишвари мо рӯзафзун беҳтару самаровар мегардад. Ҳамин аст, ки ҳонандагону донишҷӯёни тоҷик бо донишу тафаккури пешрафтаи худ дар радифи муҳассилини кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор доранд. Дар ин маврид Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «максад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад».
Бояд гуфт, ки заминаи асосиии раҳоӣ аз ҷаҳолат ва хурофот омӯзишу мутолиоти бардавом мебошад. Маҳз омӯзишу мутолиа ва аз худ кардани илмҳои гуногуни замонавӣ ба он мусоидат мекунад, ки насли наврас ва ҷавонон донишу ҷаҳонбинии хешро такомул бахшида, дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми муносиб гузоранд.
Имрӯз барои дарёфт ва қадршиносии истеъдодҳои ҷавон дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» гузаронида мешаванд. Махсусан, озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар масъалаи худшиносӣ ва тарбияи маърифати наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба омӯзишу мутолиа таҳаввулоти бузургеро ба амал овард. Озмунҳои мазкур ҳамчун падидаи бузурги маънавӣ таваҷҷуҳи волидонро низ дар ҷалби фарзандон ба омӯзиш бештар намуданд. Дар ин бобат, аз ҷониби ҳукумат ва мақомоти иҷроияи шаҳру навоҳӣ биноҳои нави китобҳонаҳо бунёд ва талабот ба китобу китобхона зиёд гардидааст. Дар ин замина метавон аз иштироки донишҷӯёни равияи илмҳои дақиқу риёзии макотиби олии кишвар ёдовар шуд. Онҳо дар баробари хондан дар самтҳои гуногун ба мутолиа ва эҷодкорӣ таваҷҷуҳ доранд, ки ин, аз як тараф, ҷаҳонбиниву тафаккури онҳоро фарох намояд, аз ҷониби дигар, ба омилҳое чун кашфу ихтироъкорӣ замина фароҳам меорад. Чунки илмҳои дақиқ низ эҷодкориро талаб мекунанд. Барои пешниҳоди ғояи нави илмӣ ва кашфиёту ихтирооти замонавӣ имрӯз дарки фаҳмиш ва дониши фаровон зарур аст. Онҳо дар баробари фаъолияти амалӣ дар донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои техникиву иқтисодӣ ва тиббӣ пайваста ба омӯзишу мутолиа машғуланд, ки дар раванди таҳсили донишҷӯён таъсири мусбат мерасонад.
Боиси ифтихор аст, ки дар макотиби олии кишвар шароити созгор ҷиҳати омӯзиш ва бархӯрдор гардидан аз донишҳои замонавӣ ва мутолиаю омӯзиши асарҳои бадеӣ фароҳам оварда шудааст. Дар мактабҳои олии кишвар китобҳонаҳои замонавӣ мавҷуданд, ки дар онҳо ҳамбаста бо адабиёти таълимӣ, илмӣ, инчунин, асарҳои бадеӣ гирд оварда шудааст. Ин омилро дар иштироки донишҷӯёни коллеҷу донишгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои олии техникӣ ва иқтисодии мамлакат метавон мушоҳида кард. Иштироки муҳассилини бахшҳои техникиву иқтисодӣ ва тиббии мамлакат дар озмуни мазкур нишон медиҳад, ки фазои таълиму омӯзиш дар сатҳи баланд ҷараён дошта, донишҷӯён пайваста ҷиҳати такмилу маҳорату малака ва лаёкати худ асарҳои бадеӣ мутолиа мекунанд. Ба тасдиқи ин гуфтаҳо аз иштироки фаъоли донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент ва коллеҷи омӯзгории ноҳияи Лахш ёдовар шуд, ки дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойҳои ифтиҳорӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки омӯзиши асарҳои бадеӣ дар мактабҳои олии равияҳои техникиву иқтисодӣ ва тиббӣ ҷиҳати татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» заминаи мусоид фароҳам меорад ва ҷавононро дар масъалаи дарки вазъи ҷаҳони муосир ва муҳиммияти фанҳои бунёдӣ ёрӣ мерасонад. Дар давоми чор соли баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштироки донишҷӯёну омӯзгорони мактабҳои олии ғайрифилологӣ тадриҷан зиёд ва таваҷҷуҳ дар ин муассисаҳо бештар гардида, дар масъалаи мутолиаю омӯзиши бардавом қадамҳои ҷиддӣ гузошта мешавад.
Дар ин замина, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ асарҳои зиёди бадеӣ чоп ва дастраси ҳонандагону донишҷӯён гардонида шуд. Соли равон низ озмуни мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардид ва чеҳраҳои навро, ки дорои донишу ҷаҳонбини фарох мебошанд, муаррифӣ намуд. Посухҳои довталабон дар номинаҳои озмун тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ баёнгари он аст, ки наврасону ҷавонон асарҳои зиёди бадеӣ мутолиа кардаанд. Шаҳодати ин гуфта он аст, ки андешаву мулоҳизоти хешро равшан баён карда метавонанд. Воқеан, китоб маърифатбахши зиндагии бани башар буда, танҳо инсоне, ки ба мутолиаи бардавом машғул аст, ба ҳадафҳои олии хеш мерасад.
Ҳадаф аз баргузор намудани озмунҳо ва таҳияву нашри барномаҳои таълимии наву созгор ба замони муосир он аст, ки насли нав ва ҷавонони кишвар бо омӯзишу андӯхтаҳо ва дар заминаи истеъдоду неруи интеллектуалии худ ба кашфу ихтироот комёб гарданд. Ҷаҳони зудтағйирёбанда дар назди инсоният масоилу мушкилоти зиёд ва вазифаҳои глобалиро мегузорад. Дар ин росто, бояд аз байни ҷавонони донишвару соҳибқобилияти ҷумҳурӣ нафароне ба камол расанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои илмӣ ва осори бадеии нодири хеш ҷумҳуриро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омузгор»