ҚАЛАМРАВИ ТОҶИКИСТОН ТАҚСИМНОПАЗИР АСТ! (Дар ҳошияи мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?»)

Дуст доштани Ватан ва ҳифзи он вазифаи ҷонии ҳар як шахси ватандусту худогоҳ мебошад. Зеро Ватан модари мо, ҳастии мо ва сарсабзиву шукуфоии мост. Дар дарозои таърих халқи тоҷик бар зидди ҳеҷ қавму миллате ҳуҷум накардааст, баръакс, борҳо аҷнабиён ба сарзамини паҳновари тоҷикон дасти таҷовуз дароз кардаву биноҳои обод, мадрасаву кушк, китобхонаю маъбадҳоро вайрону хароб кардаанд.
Ин далели он аст, ки тоҷикон миллати ваҳдатофару ваҳдатсоз мебошанд. Тоҷикистон рисолати ҳамсоядориро ба ҷо овардаву ҳеҷ гоҳ боэҳтиромиро нисбат ба ҳамсоякишварҳо раво надидааст. Вале баҳси марзӣ бо Қирғизистон, ки чанд соли охир ба масъалаи доғ табдил ёфтааст, тамоми ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвишу нигаронӣ мувоҷеҳ сохтааст. Зеро ҷониби Қирғизистон шартномаву    ёддоштхои тафоҳумро нодида мегирад ва мунтазам вазъро ноором мекунад. Воқеан, рӯшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур ва хифзи хар порчаи замини Ватан вазифаи мо — тоҷикистониён маҳсуб меёбад. Дар доираи масъалаи баҳси марзӣ маълумоти пурраву комил вуҷуд надошт. Мақолаи донишманди тоҷик, коршиноси масоили байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо бо номи «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?» пахлуҳои торики ин масъаларо барои мо бармало намуд. Гумон мекунем, ки омӯхтани он барои хар тоҷику тоҷикистонӣ муҳим ва судманд мебошад. Дар мақола аз чанд зовия масъалаи мазкур ба таври фарогир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, бо далелҳои раднопазир мавқеи Тоҷикистонро дар ин масъала собит менамояд. Дарвоқеъ, дар навиштаи сиёсатмадори варзида дар бораи 211 хазор гектар замин сухан меравад, ки хеле масоҳати калон мебошад. Тавре ки муҳаққиқ дар мақолаи пурмуҳтавои хеш зикр намудааст:
«Моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз он иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. (Маҳз ҳамин рақам муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии 23.09.2022 23.09.2022 дар суханронии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод). Тибқи санадҳои расмӣ, ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Мастҷоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд».
Аз ҳамин маълумоти дақиқ зуд дарк мекунем, ки масъала ҷиддист ва он танҳо баҳси Воруху Хистеварз нест, балки фаротар аз он буда, масоҳати хеле калони замини Тоҷикистон дар ихтиёри Қирғизистон қарор дорад. Ин заминҳои дар ихтиёри пофишорӣ намуда, ҳуҷҷатҳои раднопазирро, ки дар Қирғизистон қарордошта, даҳ баробари ҳудуди шаҳри Душанбе ё масоҳати шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хуҷандро дар бар мегирад. Кишвари ҳамсоя асоси Конститутсияи ИҶТТТС таҳия ва қабул шудаанд, ба инобат намегирад. Баҳсҳо дар атрофи масъалаи марзӣ дар мақола ба таври фарогир таҳлил шудаанд. Донишманди тоҷик ҳар санаду далелро амиқан таҳлил намуда, собит кардааст, ки Тоҷикистон дар ин масъала дар мавқеи одилона қарор дорад. Дар баробари ин, дар мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо раванди ба вуҷуд омадани баҳси марзӣ ба таври муфассал ва бо арқому далоили муътамад баррасӣ гардидааст. Аз омӯзишу мутолиаи он метавон бисёр масъалаҳои норӯшани баҳсиро маърифату дарк кард.
Нуктаи дигари муҳим дар мақолаи мазкур ҳусни тафоҳуми Тоҷикистон ва суннату анъанаи неки ҳамсоядории Тоҷикистон мебошад. Дар мақола зикр шудааст: «Албатта, рафти музокироти чандсола нишон медиҳанд, ки ҷониби Қирғизистон ба мафҳуми “марзҳои мавҷуда” асосан дар ҳолатҳое таъкид ва такя мекунад, ки ба манфиати ин кишвар бошад. Масалан, дар музокироти соли 2003 ҷониби Қирғизистон талаб намуд, ки бо сабаби ба поён расидани муддати иҷора, 50 000 гектар замине, ки Тоҷикистон дар водии Олой (Мурғоб) аз Қирғизистон ба муҳлати 50 сол (аз соли 1942) ба иҷора гирифта буд, ҳатман ба ин кишвар баргардонда шавад. Ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала ҳусни ҳамсоягӣ ва қонунписандӣ нишон дода, соли 2004 ин заминро бо тантана ба Қирғизистон баргардонд. Дар ин раванд, ҳатто ба сокинони ин минтақа ихтиёр дода шуд, ки шаҳрвандии Қирғизистонро қабул карда, ҳамроҳи ин замин ба он кишвар гузаранд”.
Аз хамин далоил маълум мегардад, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дар масъалаи ҳамсоядорӣ хиёнат накардааст ва шартномахои байнидавлатӣ ва ухдадорихои ҳамсоядориро риоя намудааст. Аммо ҷониби Қирғизистон ба ин нукта таваҷҷуҳ намекунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ заминҳои воқеии кишвари моро баргардонданӣ нест. Барои баҳсро доман задан, ҷониби Қиргизистон роҳу воситаҳои гуногунро истифода мекунад, то ин масъаларо ба манфиати худ ҳал кунад.
Дар мақола ба ҳуҷҷатҳое такя шудаст, ки бевосита дар заминаи ёддошти тафоҳуми байнидавлатӣ ва ҳудуди маъмурии он дар замони Шуравӣ ҷудо гардида буд. Масалан, ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932 нишон медиҳанд, ки 211 ҳазор гектар замини Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аҳолии аксари онҳо тоҷик мебошад, ки далели дигари ин гуфтаҳост.
Аз муҳтавои мақола бармеояд, ки ҷониби Қирғизистон бо ташкили вилояти Боткент дар соли 1999, ки заминҳои Тоҷикистонро дар бар гирифтааст, якравӣ намуда, он заминҳоро баргардониданӣ нест. Дуюм, ба он нафароне, ки дар ин вилояти кору зиндагӣ мекунанд, имтиёзҳо пешниҳод шудааст. Сеюм, дар асоси Қонуни нави ин кишвар, ки 20-уми октябри соли 2022 қабул гардидааст, бо яроқ таъмин намудани аҳолии вилоят иҷозат дода шудааст.
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда бозгӯйи онанд, ки аксари аҳолии ин минтақа тоҷиканд ва то солҳои 80-ум қирғизҳо дар ин ҳудуд ангуштшумор будаанд. Тоҷикистон танҳо дар асоси ҳуҷҷату аснод заминҳои худро талаб дорад.
Дарвоқеъ, мақолаи мазкур дорои аҳамияти баланди таърихиву илмӣ ва сиёсӣ мебошад ва бояд дар доираи курсу семинархои махсус ва конфронсу ҳамоишҳои илмӣ дар макотиби олӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шавад. Инчунин, донистану омӯхтани ин матлаб аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа амри воқеист.
Мақола дар заминаи ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва далелҳои раднопазир иншо гардида, роҳи ҳаллу воқеъбинонаи масъаларо нишон медиҳад.
Овардани   харитаҳои қитъаҳои баҳсӣ дар солҳои гуногун, мушаххас мекунанд, ки ин қаламрав бе ҳеҷ шакку шубҳа ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Тарҷумаи ин мақола бо забонҳои (бо русӣ аллакай тарҷума шудааст) англисиву арабӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ манфиатбор буда, дар шакли китобчаи алоҳида чоп кардани он айни муддаост.
Воқеан, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи матлаби Абдуллоҳи Раҳнамо, ки ҳукми як рисолаи илмиро доро мебошад, барои ватандӯстию хештаншиносии насли наврас ва ҷавонон, ҳифз намудани хар як порчаи хоки Ватан аҳамияти бузург дорад. Донистани таъриху фарҳанг ва дӯст доштани Ватани азизамон — Тоҷикистон рисолати меҳанпарваронаи ҳар яки мост.

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омузгор”