ОҒОЗБАХШИ МАРҲИЛАҲОИ НАВИН

Дар ҳар як Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори умдатарин масоили ҳаёти ичтимоию иқтисодии кишвар ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ин ҷост, ки аз Паём то Паём ин соҳаи тақдирсози миллат ба пешрафтҳои чашмгир ноил мегардад. Дар Паёме, ки соли гузашта ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, Сарвари кишвар боз ҳам соҳаи маорифро дар меҳвари суханронии худ гузошта, аз ҷумла, чунин иброз доштанд: Дар давраи соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад». Президенти ҷумҳурӣ зимни ироаи Паём дар назди аҳли маорифи кишвар вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, тақвиятбахшӣ ба рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, технология ва забонҳои хориҷӣ, парвардани ҳисси баланди ватанпарварию хештаншиносӣ вазифаҳои наву пурмасъулият гузоштанд. Аҳли маориф ҷавобан ба ин фаъолияти худро вусъат бахшида, ба комёбиҳои навин муваффақ гардиданд. Пеш аз ҳама, ончунон ки аз ахбори мақомоти расмӣ ва иттилооти расонаҳои соҳавии мамлакат бармеояд, дар тамоми таълимгоҳҳои Ватани азизамон вобаста ба такмили сатҳи таълиму тарбия қадами ҷиддӣ ба пеш гузошта шуд. Ба ин, ҳамчунин, иштироки васеи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар озмуну олимпиадаҳои ватанию хориҷӣ, имтиҳоноти муваффақона дар Маркази миллии тестӣ, комёбиҳои хонандагон дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» далел шуда метавонанд. Дар саросари кишвар дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат бунёди муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва ба таври замонавӣ муҷаҳҳазонидани онҳо авҷ гирифт. Ҳукумати мамлакат дар раванди татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ба масъалаи ислоҳоти соҳаи маориф ва ба стандарту барномаҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани он диққати ҷиддӣ медиҳад.
Албатта, неруи асосии пешбари соҳаи маориф омӯзгорон мебошанд. Имрӯз сафи омӯзгорони мамлакат хеле такмил ёфтааст ва аксари кулли аҳли таълиму тарбия дорои маҳорати баланди касбӣ, эҷодкору ташаббускор, соҳиби тахассуси олӣ ва иштирокдори озмунҳои гуногунанд, методҳои наву пурсамари омӯзишро дар амал татбиқ менамоянд ва ба таври муназзам ба такмили ихтисосу бозомӯзӣ машғул мешаванд.
Дар кишвари маҳбуби мо кор кардан дар соҳаи маориф ифтихор аст, маънои хизмати шоиста дар назди халку Ватанро дорад. Бовар дорем, ки Паёми навбатии Сарвари кишвар ба Маҷлиси Олӣ боз як марҳилаи тозаеро дар фаъолияти аҳли маориф ифтитоҳ мебахшад ва тавонбахши онҳо барои расидан ба ҳадафҳои навини созандаву бунёдкорона мегардад.

Холназар ТЕШАЕВ,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби 80-и ноҳияи Рӯдакӣ