МУБОРИЗАИ ДАСТҶАМЪОНА ЗИДДИ РИШВАСИТОНӢ

Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 10-уми январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ҳадафҳои асосии он аз пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор сохтани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин, гузарондани назорати давлатии молиявӣ иборат мебошад.
То ин муддат вобаста ба ин масъала Агентии мазкур баҳри татбиқ намудани вазифаҳои дарпешгузоштаи хеш ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, аксар ҳуқуқвайронкуниҳои дар ҷомеаамон рухдодаро ошкор намудааст.
Дар масъалаи баррасии роҳҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, таъмин намудани талаботи қонунгузорӣ, ошкорсозии сабаб ва шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, байни муассисаҳои мухталифи давлатӣ ва оммаи мардум ҳамеша гуфтугузор ба миён меояд. Ба таври маълум, коррупсия- истифодаи мансаб ва ё мавқеи худ аз тарафи шахсоне, ки барои иҷро намудани вазифаҳои давлатӣ, бо мақсади ғайриқонунӣ гирифтани имтиёзҳои моддӣ ва ё дигар бартариҳоро мефаҳмонад. Коррупсия бештар дар ҳамдастии кормандони мақомоти давлатӣ бо гурӯҳҳои ҷинояткор дар содир намудани ҷиноят, ришваситонии кормандони давлатӣ ва дигар ашхоси ҳуқуқӣ, ки ғайриқонунӣ ваколатҳои мансабии худро истифода менамоянд, ифода меёбад. Ҳамчунин, коррупсия дар шаклҳои гуногун содир шуда, гирифтани пора бо мақсади ба даст овардани фоида барои худ ҳисоб меёбад. Дар тӯли фаъолият аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳои зиёд, ба монанди азхудкунии маблағҳои буҷетӣ ошкор ва зарари ба буҷети давлат расондашуда барқарор карда шудааст. Мутаассифона, ин намуди ҷиноятҳо асосан аз тарафи шахсони масъул бо сӯиистифода аз мансаби ишғолнамуда содир карда мешаванд.
Муқовимат бо коррупсия ва паст кардани сатҳи он аз омилҳои зиёде вобастагӣ дорад. Беҳтарини онҳо ба таври дастҷамъона, дар заминаи савияи баланди маърифати ҳуқуқӣ, шуурнокӣ ва фаъолнокии ҳар як узви ҷомеа муборизаи оштинопазир бурдан ба ин амали номатлуб мебошад. Бояд гуфт, ки дар кори пешгирии коррупсия ва ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллии мамлакат принсипҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкориҳои судманд метавонад намунаи омилҳои ҳалкунанда ва судманд бошад.
Коррупсия зуҳуроти зишту номатлуби ҷомеа буда, дар қатори дигар хатарҳо ба давлат ва ҷамъият, ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон зарари худро мерасонад.
Баҳри дар сатҳи баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ, бартарафсозӣ ва роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ, бояд дар ҳар як корхонаву муассиса, байни аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ ва ҷиддию таъхирнопазир андешида шаванд. Бо ин мақсад амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро ҷиҳати тақвият бахшидани мубориза бар зидди коррупсия дар сатҳи баланд ба роҳ монд.
Тавассути расонаҳои хабарӣ ҳамарӯза доир ба ин зуҳуроти нангину номатлуб ахбор пахш мегардад. Имрӯзҳо ҳолатҳои ришваситонӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба вуқӯъ меояд, ки боиси таассуф аст. Воқеан ҳам, коррупсия зуҳуроти ҷамъиятӣ аст ва ҳеҷ кас кафолати мутлақо аз байн бурдани онро дода наметавонад. Ҳатто дар давлатҳое, ки 200-300 сол бо низоми демократия пеш рафтаанд, ин зуҳурот вуҷуд дорад ва наметавонанд онро пурра аз байн бубаранд. Танҳо то андозае метавон нуфузи онро кам кард ва давра ба давра аз байн бурд.
Аксар онҳое, ки пора гирифтаанд, онро туҳфа маънидод карда, гӯё ҷинояте содир накарда бошанд, вале дар асл байни пора ва ришва тафовути калонест ва инро содиркунандагони ҷиноят ҳам худашон хуб медонанд. Набояд фаромӯш кард, ки туҳфа нишонаи самимияту эҳтиром аст ва туҳфагиранда дар оянда бояд масъулиятро ҷиддан эҳсос намояд.
Ҷомеа ва умуман, насли наврасро аз хурдӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, дарёфти луқмаи ҳалол оштинопазирӣ ба коррупсия ва пешбурди тарзи ҳаёти солим тарбия намудан вазифаи ҳар як шахси бофазилату соҳибфарҳанг мебошад.

Ҷаъфар ҚОДИРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон