ҲАВАСМАНДСОЗИИ ДОВТАЛАБОНИ БЕҲТАРИН — ИҚДОМИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ

Таъсиси Маркази миллии тестӣ, ки маҳз ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 114 аз 5-уми марти соли 2008) ба фаъолият оғоз кард, аз ҷумлаи муҳимтарину намоёнтарин дастовардҳои бахши маорифи даврони соқибистиқлолии ҷумҳурист. Бо дарназардошти дорои аҳаммияти баланд будани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми феврали соли 2014, № 138 муассисаи мазкур тобеияти идориашро дигар кард ва дар заминаи он Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳадаф аз таъсиси ин ниҳод, тибқи талаботи замон созмон додани низоми миллии тестӣ бо корбурди техникаву технологияи навтарину абзори муосиру муътамади миллии арзёбии донишу маҳорати довталабон, ки ба дастовардҳои инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистону мамолики хориҷа бино ёфта бошад ва дар заминаи он роҳандозии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаю олии касбӣ буд. Ин низом усулҳои адолат, шаффофият ва дастрасии баробарро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, зуҳуроти коррупсиониро дар бахши имтиҳонҳои қабул ба мактабҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ аз байн бурд ва ба ҳамаи аҳдофи дар наздаш гузошта муваффақона ноил гардид.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари фаъолияти пурсамараш, шаффофу одилона баргузор кардани имтиҳонҳои дохилшавӣ,        олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва ғайра, ба сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ низ таъсири мусбат расонид. Дар асоси маълумоти оморӣ — натиҷаҳои бадастовардаи довталабон дар ИМД ба ҳукуматҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод ва дар ин замина таъсири бозгаштии он муайян карда хоҳад шуд, ки ин барои натиҷагирӣ кардан аз рӯйи он ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот мусоидат мекунад. Вобаста ба масъалаи таъсири бозгаштӣ (фидбек)-и натиҷаҳои ИМД, Марказ ҳамасола таҳлилҳои омории натиҷаҳои имтиҳонҳои мазкурро аз рӯйи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи як қатор нишондиҳандаҳо: холи гузариш, холи имконпазири ҳадди аксар, холи ҳадди аксар, сифати азхудкунӣ, холи миёна, маълумот оид ба раванду марҳалаҳои гуногуни ИМД дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ (аз бақайдгирӣ то озмуни тақсимот), миқдори довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфта ва ба муассисаҳои таълимӣ тақсимотшуда (минҷумла, аз рӯйи теъдоди духтарон ва писарон) тибқи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ва ғайра анҷом медиҳад ва барои ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сари вақт дастрас кардани онҳо чораҷӯӣ мекунад.
Тавре ки маълум аст, масъалаи сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳо, бахусус, таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти кишвар қарор дошта, Сардори давлат дар суханронию паёмҳояшон ҳамеша барои баланд бардоштани он таъкид мекунанд.
Лозим ба қайд аст, ки сатҳи дастовардҳои таълимӣ (дониш, маҳорат ва малака)-и хонандагон ва ангезишу ҳавасмандсозӣ аз ҷумлаи унсурҳои муҳимми сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад. Ангезишу ҳавасмандсозӣ, дар навбати худ, ба сатҳи дастовардҳои таълимии хонандагон таъсири мусбат расонида, барои баланд шудани сифати таҳсилот мусоидат менамояд.
Дар ин робита, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 ин тараф 10 нафар довталаби беҳтаринро, ки дар ИМД аз рӯйи дастовардҳо- холҳои бадастовардаашон дар ҷойи аввал қарор гирифтаанд, муайян ва қадрдонӣ мекунад. Ин даҳгонаи пешқадам тибқи рейтинги ҳамгиро (интегралӣ) аз рӯйи ҳамаи субтестҳо (6 субтест) дар имтиҳонҳои номбурда мақоми аз ҳама болоро соҳиб шуда буданд. Бояд гуфт, ки азбаски аз рӯйи рейтинги ҳамгиро 2 нафар довталаби ИМД-2018 нишондиҳандаи баробар доштанд, шумораи даҳгонаҳо пешқадамтарин довталабон он сол 1 нафар зиёд, яъне 11 нафар буд ва ба даҳгонаи беҳтарини ИМД-2019, инчунин, як нафари беҳтарин аз минтақаи ВМКБ илова карда шуд, ки умуман, дар 2 сол 22 нафарро ташкил медод.
Дар ИМД-2020 мувофиқи рейтинги ҳамгиро (интегралӣ) ва натиҷаҳои имтиҳонҳо ба 10-гонаи довталабони беҳтарин 14 нафар дохил гардиданд, зеро аз рӯйи чунин рейтинг натиҷаи бадастовардаи чанде аз ин довталабон (дар гурӯҳи якум довталабони сеюму чорум ва дар гурӯҳи дуюм — довталабони аз 5-ум то 14-ум) ҳамсон буданд. Бояд қайд кард, ки ҳангоми муайян кардани ҷойҳо тибқи рейтинги ҳамгиро инҳирофи меъёрӣ (стандартное отклонение)-и натиҷаҳои бадастовардаи довталабон ба назар гирифта шуда буд. Аз ин 14 нафар 12 нафарашон аз гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) ва 2 нафари дигар аз гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (чомеашиносӣ ва ҳуқуқ) мебошанд.
Бар замми даҳгонаи беҳтарин, Марказ тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040” довталабонеро ҳам, ки шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳоро аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо соҳиб гардидаанд, аз соли 2020 ин тараф қадрдонӣ менамояд.
Вобаста ба ин, дар ИМД-2020 барои ҳавасмандгардонӣ аз рӯйи номинаи дуюм аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) 5 нафар довталабе, ки аз ду фанни равияҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ-математика ва физика шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо ва аз гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) 10 нафар довталабе, ки аз ду фанни равияи табиатшиносӣ — химия ва физика шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳоро соҳиб шуда буданд, интихоб гардиданд.
Азбаски дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) ягон довталаб ҳамзамон аз ду фанни равияҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ — математика ва география шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳоро соҳиб нашуда буданд, дар ИМД 2020 аз рӯйи номинаи дуюм аз гурӯҳи ихтисосҳои мазкур 5 нафар довталабе интихоб гардиданд, ки аз фанҳои математика ва география нисбат ба довталабони дигар аз шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо бештари онҳоро соҳиб шудаанд.
Дар асоси натиҷаҳои ИМД-2021, мувофиқи номинаи якум ба даҳгонаи довталабони беҳтарин 14 нафар дохил гардиданд, ки ҳамаи онҳо довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) буда, тибқи натиҷаҳои озмун ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино тақсимот шудаанд.
Дар ИМД-и соли 2021 номинаи дуюм низ 14 нафари беҳтаринро дар ин бахш фаро мегирифт, ки боз ҳам 10 нафарашон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва 4 нафарашон аз муассисаҳои дигар-1 нафар аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, 2 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ва 1 нафар аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтаринҳоро дар ИМД-2022 барои арчгузорӣ боз ҳам аз рӯи 2 номина муайян кард. Номинаи якум аз 5 гурӯҳи ихтисос (кластер)-ҳо 2-нафариро дарбар мегирад. Ин 10 нафар дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои худ аз ҳамаи фанҳои имтиҳонӣ (субтест), яъне 4 фан, холҳои баландтарини муқарраршударо соҳиб шудаанд. Бояд гуфт, ки дар низоми ИМД ихтисосҳо аз рӯйи монандию наздикии фанҳои имтиҳон ба ҳам дар 5 гурӯҳи ихтисосҳо муттаҳид гардидаанд (1) табиӣ ва техникӣ, (2) иқтисод ва география, (3) филология, педагогика ва санъат, (4) ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ, (5) тиб, биология ва варзиш). Шумораи муқарраршудаи ҳадди аксари холҳо барои ҳар фанни имтиҳони қисми А 40 аст. Аз ин 10 нафари номинаи аввал дастоварди 2 нафар (Кавракова Гулҳаё Ҳамидовна ва Меҳрангези Фаромарз) шоён аст: онҳо аз 3 фан 40-холӣ ва аз 1 фан 39-холӣ гирифтаанд. Натиҷаҳои бадастовардаи дигарон аз даҳгона нисбат ба ин 2 нафар пасттар, аммо аз дастовардҳои ҳамаи довталабони дигар дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо баландтар аст.
Тазаккур бояд дод, ки азбаски дар ИМД ҳар сол холҳои баландтаринро довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум — “Тиб, биология ва варзиш” соҳиб мешаванд, ҳамаи (гоҳо қариб ҳамаи) довталабони даҳгонаи беҳтарин ва ҳамчунин, номинаи дуюмро (равияи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ) низ аҳли ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо ташкил медиҳанду аз гурӯҳҳои дигар ҳеҷ довталабе ба ин зумра дохил намешаванд (ё гоҳе 2-3 нафар ворид мешаванду бас). Бинобар ин, бо мақсади тарғиби касбу ихтисосҳои дигар ва ҳавасмандсозии довталабоне, ки мансуб ба гурӯҳи ихтисосҳои нисбатан каминтихобанд, меъёри интихоби даҳгонаи довталабони беҳтарин дар ИМД 2022 андаке тағйир ёфт. Ин тағйирот тибқи ду санади меъёрии дохилии Марказ танзим ва асоснок карда мешавад: 1) “Тартиби муайян кардани 10-гонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2) “Тартиби интихоби довталабони беҳтарини дар имтиҳонҳои марказонидаи   дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳоро соҳибшуда”.
Шартҳои муайян кардани 10-гонаи довталабони беҳтарин, аз ҷумла, мувофиқи бандҳои 4-ум ва 5-уми ҳуҷҷати якум чунин аст:
“Ҳангоми муайян кардани 10-гонаи беҳтарин довталабон дар ИМД, ба рӯйхати баррасишаванда довталабоне, ки дар қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) аз 3 субтест на камтар аз 80 %-и шумораи холҳои имконпазири ҳадди аксар (минбаъд — ШИҲАХ) ва аз 1 субтести дигар на камтар аз 65 %-и ШИҲАХ-ро соҳиб шудаанд, дохил карда мешаванд.
10-гонаи беҳтарин довталабон дар ИМД дар доираи ҳар яке аз ҳамаи гурӯҳи ихтисосҳо бо интихоби 2-нафарӣ довталаб аз ин гурӯҳҳо интихоб карда мешавад.”.
Барои интихоби довталабони беҳтарини дар ИМД аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ШИҲАХ-ро соҳибшуда, тибқи ҳуҷҷати дувум дар доираи ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо қоидаҳои алоҳида муқаррар шудааст. Ин тартибу қоидаҳо, аз ҷумла, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) чунин муайян гардидааст (бандҳои 5-ум, 6-ум, 7-ум):
“Дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои ИМД аз ҳар се фан-математика, химия ва физика ШИҲАХ-ро соҳиб шудаанд, интихоб карда мешаванд.
Агар тибқи натиҷаҳои ИМД ҳеҷ довталабе дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳамзамон аз се фан-математика, химия ва физика ШИҲАХ-ро соҳиб нашуда бошад, довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои ИМД, ҳамзамон, аз ду фан-математика ва химия/ математика ва физика/химия ва физика ШИҲАХ-ро ва аз як фанни дигари дахлдор холи нисбат ба холҳои бадастовардаи довталабони дигар баландтарро соҳиб шудаанд, интихоб карда мешаванд. Дар ин ҳолат ба рӯйхати барои интихоб баррасишаванда довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои ИМД ҳамзамон, аз ду фанни дахлдор ШИҲАХ-ро ва аз як фанни дигари дахлдор на камтар аз 65 %-и ШИҲАХ-ро соҳиб шудаанд, дохил карда мешаванд.
Агар тибқи натиҷаҳои ИМД ҳеҷ довталабе дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1 ум (табиӣ ва техникӣ) ҳамзамон аз ду фан-математика ва химия/математика ва физика/ химия ва физика низ ШИҲАХ-ро соҳиб нашуда бошад, довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои ИМД аз яке аз ин фанҳо ШИҲАХ-ро ва аз ду фанни дигари онҳо холи нисбат ба холҳои бадастовардаи довталабони дигар баландтарро соҳиб шудаанд, интихоб карда мешаванд. Дар ин ҳолат ба рӯйхати барои интихоб баррасишаванда довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои ИМД, ҳамзамон, аз як фанни дахлдор ШИҲАХ-ро ва аз ду фанни дигари дахлдор на камтар аз 65 %-и ШИҲАХ-ро соҳиб шудаанд, дохил карда мешаванд.”.
Марказ тибқи нақшаи фаъолияташ барои солҳои 2020-2025 оид ба амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040”, чун дар соли сипаришуда, аз рӯи номинаи дувум бо мақсади қадрдонӣ кардани беҳтаринҳо довталабонеро, ки шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳоро аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо соҳиб гардида буданд, муайян кард. Ин гурӯҳ, ки аз 17 нафар иборат аст, фарогири довталабонест, ки аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар доираи ИМД 2022 холҳои баландтарини муқарраршударо ба даст овардаанд. Аз инҳо 14 нафарашон ба гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум-“Тиб, биология ва варзиш” мансуб буда, холҳои баландтарини муқарраршударо аз 3 субтести фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ — биология, химия ва физика ба даст овардаанд (яъне, аз ҳар се фан 40-холӣ). 2 нафари дигар аз ин номина ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум дохил мешаванд ва 1 нафар мансуб ба гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм аст. Ин 3 нафар холи баландтарин (40)-ро танҳо аз яке аз фанҳои номбурда соҳиб шуда, аз фанҳои дигари имтиҳонӣ нисбат ба 14 нафари комёб дар доираи ин номина холҳои нисбатан пасттар, аммо қиёсан бо довталабони дигар холҳои бештарро ба даст овардаанд.
Мебояд гуфт, ки арчгузории довталабони беҳтарин танҳо ба хатмкардагони синфи 11-ум (таҳсилоти миёнаи умумӣ) дахл дорад. Марказ ният дорад, ки дар солҳои минбаъда ҳавасмандсозии довталабонро дар заминаи синфи 9-ум (таҳсилоти умумии асосӣ) низ ба роҳ монад.
Марказ барои тарғибу ташвиқи бештари донишандӯзӣ дар байни чавонон арчгузории довталабони беҳтаринро ба ҳукми анъана дароварда, ҳар сол бо баргузории маросими тантанавӣ, ки дар он намояндагони воломақоми соҳаи илму маориф ширкат мекунанд, ин ҳадафашро амалӣ мекунад. Дар маросими имсолаи туҳфасупорӣ 27 нафари беҳтарин, ки аз байни қариб 69 000 нафар довталаби (хатмкардагон дар заминаи синфи 11-ум) дар ИМД-2022 ширкаткарда интихоб шудаанд, бо ҳадияҳои пурарзиш қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар чунин маросимҳо баъзе аз ширкатҳои бонуфузи ватанӣ низ ширкат варзида, ба ин васила барои баланд бардоштани ҳисси маърифатандӯзию ватандӯстии наврасону чавонони кишвар ва тарғиби бештари илму дониш саҳмгузор мешаванд.

Абдулбосит ФАЗЛИДДИНЗОДА,
сармуҳаррири дастури “Роҳнамои довталаб”