ҲАМОВОЗӢ ҲАҚИҚАТ ИНКОРНОПАЗИР АСТ!

Ба таъкиди аҳли хирад, агар аҳли башар дар гиреҳкушоии кулли мушкилоти хеш ба ақли солим, қазовати беғаразона ва асноди воқеӣ такя бизананд, комёбу сарбаланд хоҳанд буду ба мухолифату даргирие бархӯрд нахоҳанд кард. Ҷои шакку шубҳае нест, ки ҳар уқдае тарзу тариқи вошавӣдораду ҳар хавфу хатареро ба тадбир метавон бартараф сохт. Дар ҷаҳони муосир мо борҳо иттилоъ дарёфтем, ки бинобар қатъи назар кардан аз хирадгароӣ ва гуфтугӯи ошкорову самимӣ ва аз сабаби боло гирифтани кинаву ғаразу бузургманишӣ байни халқҳову маҳаллаҳову кишварҳои алоҳида задухӯрдҳои шадиду фоҷеафарҷом ба вуқуъ пайвастаанд, мардуми зиёде зарар дидаву бехонумон шудаанд. Ва хушбахтона, ҳаводисе дигаргуна-бархилофи ҳодисаи боло низ ба амал меоянд; мешунавему масрур мегардем, ки дар фалон мамлакат муноқишаҳо бо ҳамсоякишвар дар заминаи вохӯриву гуфтушуниди адолатбунёди намояндагони тарафҳо роҳи осоиштаи ҳалли худро дарёфтаанду ҳақ ба ҳақдор расидааст ва дӯстиву рафоқат устувору бегазанд мондааст. Мо дар замони шоҳкориҳои беназиру ҳайратовари ақлу хирад зиндагӣ дорем ва ҳамагон қотеъона бар он боварем, ки заминаи хушбахтию хушрӯзиҳои аҳли сайёра маҳз ақлу хирад аст ва ҳамеша, дар ҳама кор бояд рӯи ниёз ба ин неруи саодатофар овард. Охир, «чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ!?»
Дар ҷаҳони рушдёфтаи муосир наметавон халқеву кишвареро ба вомондагию бехабарӣ ва хирадшикастагӣ маҳкум кард, вале ба гувоҳии чанде аз рухдодҳои айём метавон ба қазовате расид, ки зумрае аз қавму кишварҳо дидаву дониста, муғризона, бар ангезаи манофеи қавмию бумию марзӣ аз қазовати ақли солим канорагирӣ мекунанд, ба чашми ҳақиқат хок меафкананд ва ба қавли маъруф, обро лой карда, моҳӣ гирифтан мехоҳанд, ҳарчанд бори каҷ ҳеҷгаҳ ба манзил нахоҳад расид. Имрӯз муноқишаву мухолифатҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳамин ҳолати охирро ифодагаранд. Албатта, дастандаркорони хурдагирони кишвари ҳамсояи мо аз воқеияти таърих, аз асноди ҳуқуқӣ ва аз ҷараёни ҳаводиси гузаштаи марбут ба муносибатҳои тоҷикону қирғизҳо огаҳӣ доранд, ҷузвдонҳои дахлдори бойгониҳоро хуб тагурӯ кардаву чанги таърих хӯрдаанд ва аз ин боис, аслу моҳият ва ҳақиқати масоили ҳамбаста ба баҳсҳои марзии ду кишварро хуб дарёфтаву сарфаҳм рафтаанд, вале чун ин ҳамаро ба манфиати худ дарнаёфтаанд, ба таври худ тадбирҷӯӣ бинмуда, ба таҳрифи ҳақиқат пардохтаанд ва даъвоҳои бебунёди худро бо коғазпораҳои беарзишу бедошт пардоз додаанд. Ин мазмун дар амсолаи пурмуҳтавою пурҳуҷҷат ва бамантиқу беғаразонаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо – «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?» тавзеҳу тафсири рӯшану ҳамафаҳм дарёфтааст. Муаллиф бо алфози содаву саҳеҳва бо таҳаммул асли ҳодисаро ташреҳ бахшидаву ҳақиқатро дар баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон бозгӯӣ кардааст, «ҳақиқате, ки ҳар як сокини кишвар, хоса аҳли идораву мафкура бояд онро дақиқбидонад ва дар ташаккули мавқеи худ дар ин мавзуъ асос қарор диҳад». Ин хеле муҳим аст, ҳар амалеро танҳо бояд дар заминаи донистани аҳамияту моҳият, аслу бунёди он иҷро кард, вагарна ин амал берӯҳу сарсарӣ (стихиявӣ) ва беҳадаф хоҳад буд. Дар мақола комилан дуруст аз ин хусус таъкид мешавад, ки «бе донистани рӯшани моҳияти масъала ва танҳо дар асоси ишораву эҳсосот таъмин намудани ҷонибдории тӯлонӣ аз чизе хеле мушкил аст. Зеро, чунонки мегӯянд, ҳар бовар бояд мантиқва асоси устувор дошта бошад». Ҷои таассуф аст, ки баҳси марзии тоҷикону қирғизҳо солҳои охир хеле доман паҳн кардаву ба доираи таваҷҷуҳу дахолати Русия, созмонҳои СПАД ва СММ-у САҲА, ҳамчунин, чанд идораву ташкилоти байналмилалии дигар ворид гаштааст ва хавфи бештар доман густурданаш ба миён омадаасту дар ин кор дахолате баъзе тарафҳои манфиатҷӯ низ ба мушоҳида мерасад. Ин ҳолат ҳалли мусолиматомези ҳар чи зудтари қазияро тақозо дорад, вале табиист, ки ин амал танҳо бо кӯшишу иродати як тараф ба вуқуъ нахоҳад пайваст, бояд аз асноди бунёдии ҳуқуқӣ, аз адлу адолат, аз воқеияти таърих сарукор гирифт, тадбирҷӯии воқеъбинонаву беғаразона кард, ба таъкиди бузургон:

Ба тадбир коре тавон сохтан,
Ки натвон ба теғу синон сохтан.

Аслан, заминаи ин баҳс хеле содаву рӯшан аст ва ба нигоштаи Абдуллоҳи Раҳнамо, «моҳияти садои низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211000 гектарзамини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад». Ин андак замин нест ва чунонки муҳаққиқи коршинос қиёс меоварад, қариб баробари ҳудуди кишвари Люксембург ва ё тақрибан ду баробари ҳудуди кишварҳои Сингапур ва Баҳрайн аст (!). Ҳақиқату адолат тақозо доранд, он ин заминҳои ҳаққу ҳалоли халқи тоҷик ба Тоҷикистон баргардонда шаванд. Дар рисола бо тавзеҳоти устувору бамантиқ собит шуда, ки дар баррасиву ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон танҳо ва танҳо асноди ҳуқуқии таҳия ва тасдиқшуда дар солҳои 1924, 1927 ва 1932-ро ба инобат бояд гирифт, зеро ин аснодбо риояи тамоми расмиёт ва дар сатҳи давлатӣ қабул гардидаанд, бунёдиву муътамаданд. Тамоми асноди минбаъда, ки тарафи Қирғизистон дидаву дониста такя ба онҳо мезанад, дар ин сатҳнестанд; онҳо ё дар мақомоти маҳаллӣ ороставу имзо шудаанд ва ё ҳукми муваққатро доранд. Пас аз соли 1932 (бо иловаи даврони соҳибистиқлолии ҳар ду ҷумҳурӣ) ҳеҷ як асноди марбут ба тағйири марзбандӣ дар сатҳи давлатӣ байни ду кишвари ҳамсоя ба имзо нарасидааст. Маълум, ки ҳама гуна ҳуҷҷатҳои алоқаманд ба масоили давлатӣ байни кишварҳои гуногун ҳатман бояд дар сатҳи олӣ (Президент, Парлумон…) ҳаллу фасл шаванду расман эътироф гарданд, то эътибори ҳуқуқии ҳуҷҷати расмии байнидавлатиро дарёбанд. Дар моддаи 18-уми Конститутсияи ИҶШС оварда шуда буд (ин мазмун дар ҷумҳуриҳои пасоншӯравӣ имрӯз ҳам моҳиятан ҳифз шудааст): «Бе розигии худи ҷумҳуриҳои узви иттиҳод тағйир додани сарҳадҳои онҳо мумкин нест». Тарафи Қирғизистон аслан хуб огоҳ аст, ки дар баҳсҳои марзӣ ҳақиқат ҷонибдорию дастгириаш намекунад. Аз ин рӯ, дастандаркорони қирғиз мавқеи ягонаю устувор надоранд ва гоҳ ин дастаи аснодро «далел» меоваранду гоҳи дигар санадҳои дигари аслан бебунёдро пеш мегузоранд. Ба таъкиди муаллифи рисола, «муносибати ҷониби ҳамсоя бо ҳуҷҷатҳо асосан ҳолати интихобӣ ва манфиатӣ дошта, дар сурати тақозои манфиати худ ё иваз шудани роҳбар ва аъзои гурӯҳи кории ин кишвар муносибати онҳо бо ҳар ҳуҷҷат метавонад ба таври усулӣ тағйир ёбад». Ин гуна муносибат худ аз бебунёдии даъвоҳои тарафи ҳамсояи мо дарак медиҳад, ки онро муаллифи рисола барҳақ «муносибати ошкоро дугона» номидааст ва ба хулосаи мантиқан дурусте расидааст, ки айни замон бинобар вазъи мазкур «дар гуфтугӯҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон амалан мушкили «шарики боэътимод» ё бурҳони «тарафи босалоҳияти гуфтугӯ» пеш омадааст. Яъне, ҳоло дар ин музокирот аз ҷониби кишвари ҳамсоя неруи босалоҳият ва дорои қудрати қабули қарор вуҷуд надорад, то масъалаиҳои баҳсӣ бо он ҳал гардад». Ва воқеан ҳам, дар чунин вазъи носозгор созмондиҳии гуфтугӯҳои мунсифонаву боадолат, таҳияву қабули ҳуҷҷатҳои бунёдии инъикосгари ҳақиқат ва гузашта аз ин, кафолати риояву иҷрои онҳо амалест басо мураккаб ва метавон гуфт, имконнопазир.
Нуктаи муҳим дар рисолаи Абдуллоҳи Раҳнамо таъкиду собити он аст, ки Тоҷикистон дар баҳсу ихтилофот бо Қирғизистон ҳаргиз кишвари «таҷовузгар» ё «ғосиб» нест, зеро дар ин низоъ ҳақиқат ҷонибдори устувори Тоҷикистон аст, тоҷикон даъвое ба ягон пора марзи Қирғизистон надоранд, танҳо мехоҳанд заминҳои қонунии худро, ки алҳол дар ихтиёри кишвари ҳамсоя аст, баргардонанд ва дар ин ҳол Тоҷикистонро на кишвари «таҷовузгар», балки кишвари ҷабрдидаву заминбохта бояд донист.
Рисолаи коршиноси варзида Абдуллоҳи Раҳнамо «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?» оинаи мусаффои таърих ва воқеиятро мемонад, ки ба он бояд ҳар як сокини Ватани азизамон нигоҳбиафканаду аз ҳақиқату адолат ба таври содаву саҳеҳогаҳӣ дарёбад ва ёдовар аз ҳикмати безаволи ниёгон бишавад:

Сарв меояд ба истиқболаш аз боғи мурод,
Ростиро ҳар ки месозад асои хештан.

Абдурауф Муродӣ,
«Омӯзгор»