САҲИФАИ ТИЛЛОИИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН

Дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят қассосу мушкил бо ҷасорату матонат ва масъулияти баланди ватандории як зумра вакилон 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумқурии Тоҷикистон доир гардид.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи таърихи навини миллати тоҷик ҳодисаи сарнавиштсоз ва арзишманд ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин Иҷлосияи таърихӣ сиёсатмадори ҷавон, донишманду фозил ва хирадманду дурандеш Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд ва маҳз дар ҳамин Иҷлосия ҷиҳати барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва фаъолияти устувори соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар заминаҳои воқеӣ гузошта шуд.
Бо талошҳо ва ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи гурӯҳҳои мусаллаҳ ба Иҷлосия даъват карда шуданд. Гурӯҳҳои манфиатдор, ки шумораашон хеле зиёд буд, бо ҳам омада, баъди маслиҳатҳои тӯлонӣ шартҳои худро гузоштанд. Роҳбари давлат, ки холисона мехостанд пеши роҳи ин ҷанги хонумонсӯз гирифта шавад, танҳо ба хотири миллати тоҷик ба ҳамаи шартҳо розӣ шуданд. Гурӯҳҳои манфиатдор низ ба ҷасорату хиради ин марди оқилу доно тан дода, байни ҳамдигар оштӣ карданд, силоҳҳои худро гузошта, дар назди Парчами давлатӣ якдигарро ба оғӯш гирифта, ҳама ваъда доданд, ки ба ин ҷанги бемаънӣ хотима медиҳанд. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия ояндаи кишвари мо ба унвони ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ ва эълон гардид, нахустин хиштҳои эъмори давлати соҳибистиқлол гузошта шуданд. Вақт ҳамчун довари бузургу беназир ба раванди марҳилаҳои гуногуни ҷомеасозӣ дар ҳама давру замон баҳои холисона дода, собит намудааст, ки маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ раҳнамоӣ кунанд, дар қалбу дидаи мардум умед ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро барафрӯзанд.
Фалаҷ гаштани низоми ҳокимияти давлатӣ, набудани манбаъҳои иқтисодӣ ва дар аксари ҳолатҳо риоя нагаштани қонун ҳар лаҳзаву ҳар маврид эҳтимолияти ба нестӣ бурдан миллатро таҳдид мекард.
Андеша, хиради азалӣ ва талошҳои пайгиронаю оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои душвор миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ наҷот дод.
Хурсандии хурду бузург аз он сарчашма мегирифт, ки дар рафти Иҷлосияи тақдирсоз бо ташаббуси Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мухими давлатӣ огоз карда шуд.
Аз ҷумла, ҷиҳати ҳарчи зудтар хотима додан ба ҷанги харобиовар, гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, барқарор кардани зиндагии осоиштаи мардум ва фаъолияти муназзами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъсиси артиши миллӣ ва сохтору қувваҳои сарҳадӣ ба роҳ мондани ҳифзи сарҳади давлатӣ, барқарор намудани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои дигари ҳокимият аз марказ то маҳалҳо, ба Ватан баргардонидани фирориёни иҷборӣ, андешидани чораҳои фаврӣ ҷиҳати аз байн бурдани хатари гуруснагӣ, бо маводи озуқа ва доруворӣ таъмин кардани мардум ва танҳо бо роҳи сиёсӣ, яъне музокироти миёни тарафҳо ҳал кардани мушкилоти мавҷуда аз иқдомот ва қарорҳои қабулшудаи он Иҷлосия маҳсуб меёбанд.
Маҳз ин рӯйдоди муҳими таърихӣ тавонист, ки тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад, барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории навини миллӣ дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ замина фароҳам созад. Яке аз дигаргуниҳои ҷиддие, ки дар солҳои баъдӣ падид омад, ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд. Соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол шакли идории давлат ба низоми президентӣ табдил дода шуда, дар асоси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Кишвари хуршедии мо то соли 1997 пойбанди моҷарои таҳмилӣ буд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ, шахсияте лозим буд, ки бо иродаи матин аламҳоро аз синаҳои мардум пок намудаву ҳамаро дар сари як мафҳум — ваҳдати миллӣ муттаҳид намояд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин ҳадафи олӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи хиради комили сиёсӣ ҳамаи ҷонибҳои ба сулҳи тоҷикон манфиатдорро гирди ҳам оварданд ва дар ниҳоят, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид. Дар маҷмуъ, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили муттаҳидсози мардуми кишвар шароите фароҳам овард, ки ваҳдати миллӣ ҳарчи зудтар ба вуқуъ пайвандад, истиқлоли давлатӣ пойдор бимонад, таҳкурсии устувори ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободии кишвар ва ояндаи неки давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Натиҷаи чунин ҷоннисориҳо ва аз худ гузаштанҳо буд, ки имрӯз кишвари моро ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлол ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ эътироф кардаанд. Дар як муддати кӯтоҳ Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 190 кишвари олам эътироф карда, 178 давлат бо кишвари мо муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монданд. Намояндагиҳои дипломатии қариб 50 давлат дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва кишвари мо узви беш аз 55 созмони байналмилаливу минтақавӣ мебошад.
Марҳила ба марҳила рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ бо амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии мамлакат: таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар роҳу равиш ва фазои зисти диёрро боз ҳам хушоянду гуворо намуд. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, эъмори давлати миллӣ ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳукуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, муаррифии забон ва миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ, дар замири ҷавонони тоҷик эҳё намудани тафаккури миллӣ, эҳёи муқаддасоти миллӣ, аз қабили нишон, парчам, суруди миллӣ ва пули миллӣ, пайваста дастгирӣ ва сарпарастии ятимону барҷомондагон, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, соҳаи варзиш, ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо, барои некуаҳволӣ ва ба зиндагии шоиста расидани халқи тоҷик, ҳифзи давлату миллат аз ҳар гуна омилҳои маҳву парокандагӣ аз ҷумлаи фаъолияти пурсамари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Абдуҳафиз АБДУҚОДИРОВ,
н.и.т., дотсенти Донишгоҳи давлатӣ ҳукуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон