МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ — ВАЗИФАИ МУҲИМ

Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад.
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи буҳронии ҷомеа, пеш аз ҳама, дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо, ба монанди терроризм ва экстремизм мусоидат мекунад. Дар охири қарни гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгарой ва террориста бештар характери сиёсӣ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардида истодааст. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави амалҳои террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯйи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.
Махсусан, хавфнок будани терроризм дар он ифода меёбад, ки асоси онро кӯшиши ҷиноятҳо дар қобили ба вуҷуд овардани ҳиссиёти тарсу воҳима, фалаҷ сохтани фаъолияти фоиданоки иҷтимоии шаҳрвандон, кори муътадили мақомоти давлатию идоракунӣ ва бо ҳамин, ноил шудан ба мақсадҳои зиддиҷамъиятӣ ташкил медиҳад. Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандустӣ ва инсондӯстӣ дида, дигар қувваи бузурге нест. Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани ҳуввияти милливу эҳсоси ватандӯстию инсондӯстӣ оқибати рафтори худро дарк накард, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватану миллати хеш хиёнат мекунанд. Барои ин, мо бояд ҷавонони имрӯзаро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем. Бояд дарк кард, ки нафарони ба гурӯҳи террористӣ ва экстремистӣ шомилгашта роҳи наҷот надоранд ва номи ин ашхос ҳамчун хоини Ватан дар таърих бо ҳуруфи сиёҳ сабт хоҳад шуд Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии худро ба роҳ монда, ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр, инчунин, узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ алайҳи мубориза зидди терроризм ҳамроҳ шуда, дар як муддати кӯтоҳ қонунгузории дохили кишварро ба низом дароварда, қонунҳою стратегияҳои зеринро қабул карда, онҳоро мавриди амал қарор дод.
Дар Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян гардида, вазифаҳои мақомоти давлатӣ ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас шудааст. Дар стратегияи мазкур, аз ҷумла, қайд шудааст, ки мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад.
Дар айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат нишон додан бар терроризм якчанд конференсияи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро оид ба мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намуда, бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки иродаи кишвари мо алайҳи мубориза бар зидди терроризм қавӣ мебошад.
Мардуми Тоҷикистон терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроташ маҳкум карда, зарурати мутобиқати амали ҷомеаи ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин падидаи номатлуб дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ муҳим медонанд.
Ҳамин тариқ, барои пойдории сулҳу суботи ҷомеа, сохтори конститутсионии он, таъмини амният ва ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқӣ буда, ҳамкориҳои судманди сиёсию ҳарбӣ, иҷтимоию фарҳангиро ба роҳ монда, барои аз байн бурдани омилҳои террористӣ ва экстремизми динӣ саҳми муносиби хешро мегузорад.

Мухбира ШОКИРОВА,
Зебо ВОҲИДОВА,
устодони кафедраи ТИКБ-и ДДҲБСТ