КУДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУДРО ДАСТГИРӢ МЕБОЯД

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар баробари ба дунё омадани кӯдакони солим, солҳои охир таваллуд шудани кӯдакони дорои нуқсонҳои чисмонӣ ва равонӣ (психикӣ) низ зиёд шудааст. Таваллуди кӯдакони нуқсондор на танҳо аъзои оиларо ба ташвиш меорад, инчунин, ба пешравию рушди кишвар низ таъсири манфӣ мерасонад ва заҳмати зиёди аҳли оила, кормандони тиб ва муассисаҳои таълимию тарбиявиро ба вуҷуд меорад, зеро ҳар як кӯдаки носолим хусусиятҳои хоси худро дошта, аз волидайн, муаллимону мураббиён, равоншиносон, дефектологу логопедҳо ва дигар кормандони тиб муносибати махсусро талаб мекунад.
Давлат нисбат ба кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд ғамхорӣ зоҳир намуда, ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя мекунад, ба таълиму тарбия фаро гирифта, чун шахсони ба ҷамъият фоидаовар ба воя мерасонад. Бартараф ва ислоҳ кардани баъзе нуқсонҳои ҷисмонию равонии кӯдак аз ғамхорию нигоҳубини волидайн, табобати кормандони тиб, кумаку дастгирии мутахассисон вобастагии зиёд дорад.
Барои таълим ва тарбияи кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд кормандони мактаб-интернат бояд донишҳои одитарини анатомию физиологӣ ва педагогию психологиро доро бошанд. Оид ба дараҷаи нуқсон, хусусиятҳои азсаргузаронии беморӣ, муҳлати ба беморӣ гирифторшавии кӯдак, корҳои ислоҳии таълимию тарбиявиро ба роҳ монда, аз маслиҳату дастурҳои мутахассисисон-дефектологҳо ва кормандони соҳаи тиб самаранок истифода бояд кард.
Қобилияти дарккунии кӯдакони имконияташон маҳдуд муносибати эҳтиёткорона ва боадабонаи атрофиёнро нисбат ба нуқсонҳои равонӣ ва ҷисмонии вай тақозо мекунад. Дар кӯдак тарбия намудани муҳаббат, боварӣ ва ташаккул додани қобилияти паси сар кардани мушкилот, бедор кардани имкониятҳои ҷубронкунандаи нуқсонҳо, раҳнамои ба сифатҳои писандида ва ҳамзамон, дар ӯ ба вуҷуд овардани қобилияти баҳодиҳии амалу рафтори худ ба назари интиқодӣ хеле муҳим аст.
Фаъолияти дарккунии ин гуна кӯдакон суст инкишоф меёбад; хотираашон хусусияти механикӣ дошта, ба мазмуни чизҳои аз худ кардаашон сарфаҳм намераванд, ашёю ҳодисаҳои дидаашонро дурудароз дар хотир нигоҳ дошта наметавонанд, диққаташон ғайриихтиёрӣ буда, ба чизҳои дуюминдараҷа равона мегарданд, муттамарказияти диққаташон суст буда, тез-тез парешонхотир мешавад. Ашёву ҳодисаҳои муҳити зистро мебинанд, вале хусусиятҳои алоқаманди онҳоро (ранг, шакл, ҳаҷм мавқеи ҷойгиршави)-ро дуруст фарқ намекунанд.
Фикрашонро пай дар пай ифода карда наметавонанд.
Яке аз методҳои асосӣ оид ба фаъолгардонии қобилияти дарккунии хонандагони имконияташон маҳдуд, фаҳмондадиҳии шифоҳӣ мебошад.
Нутқи муаллим намунаи нутқи шифоҳӣ ба хонандагон ба шумор рафта, фаҳмиши нутқи атрофиёнро амиқтар менамояд, зеро аҳамияти нутқи муаллим дар равиши омӯзиш хеле зиёд аст.
Маводи таълимӣ бояд фаҳмо ва дастрас бошад, чунки кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳатто дар масъалаи аз худ кардани миқдори маҳдуди дониш танқисӣ мекашанд.
Маводи таълимӣ бояд барои хонандагон шавқовар бошад, зеро завқи бошуурона ба нағзтар дарк ва аз худ кардани маводи таълимӣ мусоидат мекунад

Усмон КАТАМАРДОВ,
омӯзгор