ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИК — СИМОИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

3 октябри соли 1959 телевизиони тоҷик аввалин барномахои хешро дар шаҳри Душанбе бо забони тоҷикӣ манзури бинандагон гардонида буд. Ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар ҳаёти фарҳангии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Пайдоиши студияи телевизион дар Ҷумҳурии Шуравии Сосиалистии Тоҷикистон баъди қариб 28 соли дар пойтахти Иттиҳоди Шуравӣ — шаҳри Маскав кушода шудани он ба вуқуъ пайвастааст. Аввалин саррежиссёри телевизиони “Тоҷикистон”, шахсе, ки пахши нахустин барномаи Студияи телевизиони Сталинобод насибаш гаштааст, шодравон Акбар Ҷӯраев дар китоби худ “Телевизион” чунин ба ёд овардааст: “3 октябри соли 1959 соати 18:00 бо вақти маҳаллӣ наттоқи телевизион Рафоат Абдусаломова нахустин маротиба дар оинаи нилгуни сталинободиҳо пайдо гардида, ба бинандаҳои аввалин чунин муроҷиат намуд: «Ассалому алейкум, тамошобинони азиз! Студияи телевизионии Сталинобод намоиши аввалини худро оғоз мекунад”. Соли 1959 дар пойтахт ҳамагӣ 300 адад телевизор мавҷуд бошад, шумораи он дар муддати як сол яъне охири соли 1960 ба 2500 мерасад.
Дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ (ВМКБ) ва вилояти Қӯрғонтеппа (ҳоло Хатлон) студияҳои телевизиони вилоятӣ бунёд карда мешаванд.
Давраи бозсозӣ ба гуногунандешӣ ва ошкорбаёнӣ роҳ кушод. Тоҷикистон истиқлолият ба даст оварду баъди чанде ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ афтид. Дар натиҷа бесарусомонӣ на танҳо дар давлатдорӣ, балки дар тамоми соҳаҳо ҳукмрон гашт. Воситаҳои ахбори умум аз ин истисно набуд. Нашрияҳо чоп мешуданд, аммо то ба дасти хонанда рафта намерасиданд. Ягона воситае, ки тавассути он шаҳрвандон хабари навро мегирифтанд, телевизион ва радио буд. Махсусан, телевизион, ки тавассути навор аз ҷойи воқеа ва рӯйдод оҷилӣ иттилоъ медод, бинандаро аз ҳама бештар ба худ ҷалб мекард. Шояд ҳамин боис шуд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 90 — уми асри ХХ) гурӯҳҳои муайян барои ба даст даровардани телевизион ҷаҳд мекарданд. Вазъ то ба дараҷае расид, ки шахсони аз кӯчаи журналистикаи телевизион нагузашта ба эфир мебаромаданд.
Дар Иҷчлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд моҳи ноябри соли 1992 бо интихоби раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари дигар соҳаҳои муҳим, ба телевизион низ аҳамияти махсус дода шуда, роҳбарияти нави Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуданд. 9 сентябри соли 1993 дар рӯзи 2-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Тоҷикистон телевизиони ғайридавлатии Студияи телевизиони Душанбе “Сомониён” ба фаъолият шуруъ кард.
Вақте ки 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ба пешрафти ин раванд аз ҷиҳати қонунӣ имкониятҳои васеъ кушода шуданд. 8 сентябри соли 1996 дар арафаи 5-солагии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин телевизиони ҷамъиятӣ-Ширкати телевизиони ҷамъиятии “Пойтахт” (ҳоло Муассисаи давлатии телевизиони “Душанбе”) ба фаъолият шуруъ намуд.
Шароити    имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бо суръати кайҳонӣ рушд намудани технологияҳои иттилоотӣ ба фаъолгардии воситаҳои ахбори омма овардааст. Имрӯз хонадонеро дарёфт намудан душвор аст, ки барномаҳои телевизиониро тамошо намекарда бошад. Телевизион барои миллионҳо сокинони сайёра яке аз сарчашмаҳои асосии иттилоот дар бораи рӯйдодҳои мамлакати хеш ва тамоми ҷаҳон гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин гуфта буданд: “Телевизион ва радио ду неруи бузургеанд, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти нақшаҳои бузурги созандагӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои бунёди як кишвари соҳибистиқлолу озоди демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат хоҳанд намуд”. Бо шарофати соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол теъдоди шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон зиёд гардида, имрӯз ба 50 расидааст. Аз ин 15 телевизони давлатӣ ва 35 телевизиони ғайридавлатии маҳаллии хусусиву чамъиятӣ мебошанд. Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ 9 шабакаи телевизионии соҳавии ҷумҳуриявӣ: “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Варзиш”, “Синамо”, “Футбол”, “Шаҳнавоз”, “Илм ва табиат” ва “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таъсис ёфта, бо формати HD фаъолият мекунанд. Имрӯз тариқи моҳвора бинандагон имкон доранд, ки барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро бо забони тоҷикӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон тамошо кунанд.
Телевизиони тоҷик 63 сол мешавад, ки фаъолият мекунад. Дар таъсис ва рушди он даҳҳо нафар олим, шоиру нависанда, журналисту режиссёр, наворбардору танзимгар ва дигар кормандони эҷодиву техникии соҳа саҳми сазовори хешро гузоштаанд.
Бо қарори Ассамблеяи генералии СММ 21 ноябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион муайян гардида, аз соли 1997 ҳамасола дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Телевизиони тоҷик дар давоми мавҷудияти хеш дар рушду пешрафт ва ба истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи фарҳангии мардуми тоҷик, ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва пойдории он хизмати арзанда ва бебаҳое кардааст. Имрӯз дар пурра гардонидани фазои иттилоотии кишвар, ҳифзи амнияти иттилоотӣ ҳамчун  яке василаҳои муқтадири таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа мақоми хоса дошта, дар огоҳонидан ва пешгирии хатарҳои ҷаҳони муосир нақши муассир ва созанда дорад.

Зулфиддин МУЪМИНҶОНОВ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор,
Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон