НОМБАРДОРИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун ҳодисаи гуворои эҳёгари миллат дар Тоҷикистони азизи мо дар қатори дигар махсусиятҳояш, ба рӯи кор омадану густариш пайдо кардани як силсила ҷашну анъанаву маросими миллӣ мусоидат кард ва чеҳраи аслию таърихии Тоҷиконро равшан сохт.
Дар рӯйхати ҷашнҳои ин халқи бостонгуҳар номҳои Наврӯзу Сада, Меҳргону Тиргон ба пайдо омаданд ва чанд санаи таърихӣ ҳамчун ҷашни умумихалқӣ мукаррар гардид. Аз ҷумла, 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Бисёр анъанаҳои неки тоҷикон реша ба умқи таърих доранд ва солномаашон хеле рангину ҷолибу ибратбахш аст. Дар парчамдори низ тоҷикон пешсафанд ва чунин фарзияҳое низ ҳастанд, ки анъанаи парчамдорӣ ва умуман, пайдоиши парчамро дар олам ба қавмҳои ориёӣ (аҷдоди тоҷикон) нисбат медиҳанд. Бостоншиносон дар натиҷаи ковишҳои мавзеъҳои қадимӣ дар деворнигораҳо, дар пораҳои сафол ва амсоли инҳо нишонҳои зиёдеро вобаста ба анъанаи парчамдорӣ дарёфтанд, ки ба аҳди то милод мутааллиқанд. Ҳикоёте, ки дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар назм оварда шудаанд, таърихи баромаду истифодаи парчамро ба таври хеле ҷолиб шарҳ медиҳанд, ки ин имрӯз ба ҳамагон маълум аст. Яқин, ки дар пайдо омадани парчам муборизаҳо бар зидди душманон ва ташкили давлатҳо нақши муҳим бозидаанд. Агар парчамҳои нахустин чармпораю матоъпораҳо буданд, пас, бо гузашти замон онҳо хеле такмил ёфтанд. Дар парчамҳо аксҳову хатҳову рамзҳо пайдо шуданд, ки ифодагари ҳадафу ният, орзую омол ва нангу номуси халқу давлати муайян буданд. Батадриҷ парчамдорӣ хеле рушд ёфт ва дигар ҳар давлати ҷаҳон парчами хоси худро ҳамчун ифодагари ҳастии давлату миллат таҳия ва қабул намуд.
Соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ ба даст овард. Яке аз хусусиёти давлати мустақилу соҳибихтиёр доштани Парчами давлатӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, зарурати таҳия ва қабули чунин парчам барои Тоҷикистон ба миён омад. Дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони мардуми «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карданд. Ин ҳодиса 24 ноябри соли 1992 ба вуқуъ пайваст.
Сарвари кишварамон дар бораи Парчами давлатӣ бо камоли эҳтирому эътиқод чунин иброз доштааст: «Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Дар парчами кишвари мардуми мо таҷассуми ватандӯстиву ватанпарастӣ, шуҷоату далердӯстиву рафоқат, сулҳу ваҳдат, ғурури ватандорӣ ва ҳимояти марзу бум мавқеи барҷаста дорад. Таҳти ҳамин парчам халқи тоҷик истиқлолияти хешро устувору пойдор сохт ва ваҳдати миллӣ расид. Таҳти ҳамин парчам халқи тоҷик пайваста созандагӣ мекунад ва дар эъмори давлати дунявию ҳуқуқбунёд ба комёбиҳо мушарраф мегардад.
Дар назди Парчами давлатӣ аз Президенти ҷумҳурӣ то сарбози одӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд ва ин парчам ба шарафи тантанаҳои миллӣ, ба шарафи ҳамоишҳои расмӣ, ба шарафи пирӯзиҳои варзишгарон барафрохта мешавад, зери садои Суруди миллӣ боло меравад. Дар рӯзҳои ҷашн Парчами давлатӣ пешбинои идораву созмону ташкилотҳои гуногуни мамлакатро оро медиҳад ва меҳру муҳаббати самимии мардумро нисбат ба муқдддасоти миллат ифода менамояд.

Рухшона НОДИРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби 11-и
ноҳияи Исмоили Сомонӣ