РАМЗИ ИҚБОЛУ ИСТИҚЛОЛ

Парчам як рукни асосии муқаддасот ва рамзи давлатдории ҳар як халқу миллат мебошад. Соҳиби парчам будан ифодагари соҳибистиқлолӣ ва давлату давлатдории миллатҳост. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои устуравию таърихӣ, соҳибпарчам будани аҷдодони мо ба замони ҳукмронии сулолаи Пешдодиён ва қиёми Коваи оҳангар алайҳи зулму куштори Заҳҳок — шоҳи бедодгар иртибот мегирад.
Муаррихи асримиёнагии тоҷик Муҳаммад Балъамӣ дар «Таърихи Табари» менависад, ки Кова «…чун хабар ёфт аз куштани писаронаш, сабраш намонд ва ба шаҳр андар омаду фарёд хост ва он пӯстеро, ки оҳангарон онро пеши пой барбаста доранд, бар сари бел кард чун аламе ва фарёд кард…» ва «Кова ҳар куҷо ҳарб карди, он алами хеш пеш дошти ва пирузи ёфти».
Бостоншиносони фаронсавӣ ва эронӣ аз харобаҳои Тахти Ҷамшед акси парчами замони Ҳахоманишиҳоро пайдо намуданд, ки аз ранги сурх иборат буда, дар маркази он акси уқоби болкушода тасвир ёфтааст.
Парчами замони Сосониён (солҳои 224-651) бо номи «Дирафши Ковиёни» шукӯҳу шаҳомати хосае дошт. Бинобар навиштаи Ҷаририи Табари, «Дирафши Ковиёни» дар давраи Сосониён аз пӯсти паланг тайёр шуда, бо дурру гуҳар чунон оро ёфта буд, ки аз пӯст ҷое нишон намонда буд. Дар «Дирафши Ковиёнӣ»-и замони Сосониён нишони чоргӯша ва дар қисми болоии он тасвири уқоби болкушода нақш ёфта буд. Инъикоси тасвири нишони чоргӯша, дар унсури ҳасти-об, оташ, хок ва бод мебошад. 
То густариши дини ислом парчамдорию парчамбардорӣ на танҳо хоси давлатдорӣ буд, балки шоҳону паҳлавонон ва лашкаркашон низ парчамҳои махсуси худро доштанд. Аз рӯи маълумоти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, парчам ва саропардаи шоҳ Ковус ранги гуногуни палангиро дошт. Ҳокими Тӯс парчами сиёҳ дошт, ки дар он накши фил мунъакис ёфта буд. Ранги саропардаи ҷаҳонпаҳлавон Рустам сабз ва парчамаш бунафш буд. Саропарда ва парчами Гев сиёҳ, аз Гударз сурх ва аз Фарбурз сафед будааст. Пайравони ҷараёни Маздакия пас аз кдтли Маздак (соли 529), таҳти роҳбарии завҷаи ӯ Хуррама ибни Фода зери ливои сурх алайҳи душманони худ барои баркарор намудани адолати иҷтимоӣ мубориза мебурданд. Ҷонибдорони Абумуслим зери парчами сиёҳ тайи солҳои 747-750 зидди хилофати парчами Сосониён рамзи чор Умавиён муқовимат нишон доданд. Тарафдорони Муқаннаъ давоми солҳои 776-783 бо либос ва парчамҳои сафед муқобили арабҳо мубориза бурданд.
Пас аз зуҳури дини ислом дар парчамҳои давлатҳо акси моҳи ҳилол чун рамзи дини ислом инъикос меёфт ва ин анъана то имрӯз дар парчами давлатҳои исломӣ мушоҳида мешавад. Аммо дар таърихи давлатдории тоҷикон танҳо то соли 1924 дар парчамҳо тасвири моҳи ҳилол ба назар мерасид.
Давраи Шуравӣ таҳаввулот дар таърихи парчамдории миллати мо ворид сохт. Тавре ки маълум аст, соли 1920 пас аз сукути аморати Бухоро Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро таъсис ёфт. ҶХШ Бухоро дар давоми 4 соли мавҷудияташ (1920-1924) 3 маротиба парчам иваз намудааст.
Дар натиҷаи тақсимоти миллию марзии соли 1924 Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Шуравӣ дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон таъсис ёфт. Аз ин рӯ, зарурати аз нав қабул намудани парчам низ ба миён омад. Дар давраи мухторият 2 маротиба парчами давлати иваз гардид. Парчамҳои ҶМШС Тоҷикистон бо баъзе ҷузъиёт аз ҳамдигар тафовут доштанд. Дар ин парчамҳо аввалин маротиба акси нишони давлати дар кунҷи чапи қисмати болои тасвир шуда буд. Мавҷудияти парчами 2-юми ҶМШС Тоҷикистон то соли 1931 нигоҳ дошта шуд.
16 октябри соли 1929 Точикистон ҳамчун Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ ба ҳайати ИҶШС дохил карда шуд. Дар ин марҳила, яъне давоми соли 1929-1991 парчами ҶШС Точикистон ду маротиба иваз шудааст. Аввалин парчами ҶШС Точикистон соли 1931 кабул шуд, ки ба он чандин маротиба тағйирот ворид гардид.
Дар давраи Шурави халқи тоҷик 7 маротиба парчами давлатии худро иваз намудааст. Агарчанде парчами ИҶШС аз ранги сурх иборат буд, ин ранг ба таърихи ниёгони мо алоқамандӣ дошт. 24 августи соли 1990 Анҷумани 11-и Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон, даъвати 12-ум «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Мувофиқи моддаи 18-и ин санади ҳуқуқӣ Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя мекунад.
Бо мақсади ҳар чи зудтар қабул намудани шаклу намуди рамзҳои давлатӣ аз 28 июни соли 1991 қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷҷикистон» қабул шуд. Ҳамон вақт озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба шаклу намуд ва мазмуну моҳияти рамзҳои давлатӣ эълон гардид.
Баъди баҳсу мунозираҳои зиёд парчами нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо инъикоси се ранг: сурх, сафед, сабз ва дар маркази он акси ҳафт ситора қабул ёфта, дар ҷараёни Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 ноябри соли 1992 баррасӣ ва тасдиқ шуд.
Бо ҳамин Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст соҳиби парчами давлатии хеш гардид.
Бо заҳмату талошҳои беназири Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади афзудани ҳисси эҳтироми шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ, арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ иқдом гирифта шуд, ки 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон ва ҳамасола таҷлил шавад. 30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе манораи 163-метраи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохт, ки 30 метр паҳноӣ ва 60 метр дарозӣ дорад. Бо ин шаҳомат манораи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китоби рекордҳои Гиннес дохил карда шуд.
Парчами мо чун рамзи соҳибистиқлолии ҷумҳурии азизамон имрӯз дар қатори парчамҳои дигар давлатҳо дар бинои СММ ва дигар ташкилотҳои ҷаҳон партавафшон аст. Поянда бод, ин партавафшонӣ!

Азизбек БОРОНОВ,
директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 8-и
ноҳияи Исмоили Сомонӣ