РИОЯИ ҚОНУН — ОМИЛИ МУҲИМИ ПЕШРАФТИ ҲАЁТИ ҶОМЕА

Конститутсия санади ҳуқуқиест, ки ба воситаи он меъёрҳои давлатдорӣ, муносиоатҳои шаҳрвандӣ муқаррар гардидааст.
Дар давлати демократа ва ҳуқуқбунёд зиндагӣ намуда, надонистани маънову моҳияти сохтори давлат, шакли идоракунй ва режими сиёсии давлат аз ҷониби шаҳрвандон номумкин аст. Зеро ташкил ва фаъолияти Ҳукумат, тамоми мақомот, шахсони мансабдор ва фаъолияти шаҳрвандони он ба қонун ва ҳуқуқ асос ёфтааст. Талаботи давлати ҳуқуқӣ инҳоянд: кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат мувофиқан ба стандартҳои байналхалқӣ; волоияти Конститутсия ва принсипи қонуният; шакли идоракунии демократӣ; тақсимоти ҳокимиятӣ, аз ҷумла: мустақилияти ҳокимияти судӣ; масъулияти тарафайни давлат ва шаҳрванд. Азбаски мафхуми давлати ҳуқуқбунёд аз ғояи тобеъияти давлат ба ҳуқуқ сарчашма мегираду аксарияти меъёрҳои он аз ҷониби давлат бунёд мегарданд, масъалаи ҳуқуқ хусусияти принсипиалиро ба худ касб мекунад, яъне он ба принсипҳои баробарҳуқуқӣ, демократия, адолати иҷтимоӣ, инсондӯстӣ ва дигар арзишҳои умумибашарӣ мувофиқат карданаш муҳим аст.
Ҳар як қонун, қабл аз ҳама, ба ҳаёти одамон нигаронида шуда, он ҷойгоҳи инсонро дар ҷомеа муқаррар менамояд. Дар ин бобат дар моддаи 5-и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи инсон ва мақоми он ба таври мушаххас чунин нишон дода шудааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ин моддаи конститусия бевосита озодиҳои инсон ва шаҳрвандро возеҳ баён намуда, эътирофи арзиши олӣ доштани инсон ва дахлнопазирии ӯро муқаррар менамояд. Ба дигар маънӣ, ин эътирофи мақоми инсон ва замина гузоштан барои зиндагии шоиста барои ҳар як шахс дар ҷомеа мебошад. Донистани ҳуқуқу озодӣ, вазифаву масъулият ба шаҳрванд имконият медиҳад, ки вазифаи шаҳрвандии худро дар назди ҷомеа ва давлат бо сарбаландӣ анҷом бидиҳад.
Ҳар шахс вобаста ба сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тавоноии худаш аз ҳуқуқу озодиҳое, ки дар Конститутсия ва дигар қонунҳо муқаррар гардидааст, истифода мекунад. Тамоми ҳуқуқу озодиҳо барои он муайян шудааст, ки шаҳрванд дар кишвар ба таври арзанда зиндагӣ дошта бошад. Шахсе, ки ҳуқуқи худро медонад, дар пешбурди фаъолияти меҳнатӣ ва шахсии худ комёб мегардад. Ҳуқуқро донистан ва аз он истифода кардан ба мисли аз имконияти барои шахс фароҳамнамуда, баҳра бурдан аст.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳолате амалишаванда аст, ки агар шаҳрвандон вазифаю уҳдадориҳои худро дар назди оила, ҷомеа ва давлат дуруст анҷом бидиҳанд. Ҳуқуқу озодиҳоро наметавон бе уҳдадорӣ тасаввур кард. Дар ҳамин асос Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи шаҳрвандони мамлакат риояи қонун, эқтироми ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну эътибори дигарон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва пардохти андозро ба сифати ухдадориҳои конститутсионӣ вогузор намудааст. Дар Консепсияи миллии тарбия омадааст: «Риояи Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намудан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супоридани андозҳо ва пардохтҳо ва ғайра сатҳи маърифат ва ахлоқии шаҳрвандро баланд намуда, мавқеи ҷамъиятии ӯро устувор мегардонанд». Бо ҳисси баланди масъулият анҷом додани вазифаи инсониву шаҳрвандӣ дар назди ҷомеа ва давлат ба суботу оромӣ ва рушди давлат таъсири назаррас мегузорад.
Дар давлат ҳуқуқу вазифаҳое ҳастанд, ки ба ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз ҷинсият, эътиқод, мансубияти миллӣ ва мақоми иҷтимоӣ хос ҳастанд. Мисол, ҳуқуқ ба таҳсил, саломатӣ, истироҳат, пардохти андоз, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ғайра. Вале ба ғайр аз ин, шаҳрванд дар ягон вазифаи ҷамъиятӣ ва ё муассиса фаъолият барад, ӯ аз ҳуқуқу уҳдадориҳои дигар низ бархурдор мегардад. Мисол, донишҷӯ ҳангоми таҳсил дар мактаби олӣ дорои ҳуқуқу ӯхдадориҳое мебошад, ки танҳо ба ин қишри ҷомеаи хос мебошанд.
Дар умум, рушди принсипҳои демократӣ ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолсозии шаҳрванд бисёр муҳим ба ҳисоб мераванд. Он донишҳое, ки хонандагон дар мактаб мегиранд, боиси ташаккули маърифати онҳо гардад ҳам, аммо бархӯрди онҳо бо сиёсат ва равандҳои сиёсӣ аз воқеиятҳои ҷамъият бармеояд. Тарзи муносибати одамон бо ҳокимият ва низоми сиёсӣ, ба афкори наврасону ҷавонон ва шаклгирии боварҳои онҳо нисбат ба воқеияти сиёсӣ таъсири назаррас мерасонад. Наврасону ҷавонон дар баробари таълими донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ба тарзи рафтору муносибати атрофиён нисбат ба давлат ва сиёсат назар менамоянд. Ҳарчанд аз наврасону ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ фаъолнокӣ талаб карда шавад ҳам, аммо зери таъсири воқеиятҳо худи онҳо бетарафӣ ва бемайлӣ нисбат ба қаёти сиёсӣ зоҳир менамоянд. Дар ин робита риояи қонуну тартибот ва эҳтиром гузоштан ба дигар муқаддасоти давлатӣ аз тарафи хонандагон бо тарзи рафтори волидон ва аъзои ҷомеа вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дар ин самт кор танҳо бо таълим додани муҳассилини мактабҳои миёна вобаста набуда, рафтори падару модар ва худи ҷомеа низ барои онҳо намунаи ибрат мебошад.
Масъалаи дигаре, ки бо дараҷаи маърифатнокии шаҳрвандон, алоқаманд аст, ин ташаккули сифатҳои маданиятнокӣ, бофарҳангӣ ва ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад. Фанҳое, ки дар мактаб таълим дода мешаванд ва машқҳое, ки аз ҷониби хонандагон ичро мешаванд, бояд дар ниҳоди онҳо масъулиятшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандӯстиро ташаккул диҳанд.
Маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтироми қонун дар хонандагон сифатҳои мусбати муносибат ба ҳуқуқу озодиҳои дигаронро ташаккул медиҳад. Вақте шахе ба ҳуқуқ ҳамчун арзиш муносибат намояд, он гоҳ ӯ на танҳо ҳуқуқҳои худро мешиносад, ҳамчунин, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва низоми тартиботи ҷамъиятиро ба ҷо меорад.
Рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат замоне имконпазир мегардад, ки шаҳрвандон қонунҳои дар як кишвар қабулшударо донанд ва риоя намоянд. Чуноне ки Арасту зикр намудааст: «Инсоне, ки берун аз қонун ва ҳуқуқ зиндагӣ мекунад, аз ҳама бадтарин мавҷудот мебошад». Дар воқеъ, ҷомеаи демокративу хуқуқбунёдро танҳо шаҳрвандони фаъол ва дорои маърифати баланд рушду инкишоф мебахшанд.
Хулоса, боло рафтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва умуман, меъёрҳои хуқукии Конститутсия дар ҳаёти воқеии имрӯзаи кишвар аз фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, шароити иҷтимоию иқтисодии кишвар ва вазъи сиёсиву геополитикии минтақа ва ҷаҳон вобаста буда, аз тарафи мардум риоя гардидани меъёрҳои Конститутсия ва дигар қонунҳо ба таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, суботи сиёсӣ ва рушди ҳаёти ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд.

Шухрат САИДЗОДА,
номзади илми сиёсатшиносӣ,
дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ