РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

Дар интиҳои асри гузашта Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвари мо дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи пешрафт ва муаррифии шоистаи кишварамон ба оламиён мебошад. Чунонки аз муҳтавои он бармеояд, Конститутсия санади танзимкунанда ва муайянкунандаи низоми давлатдории мустақил, кафолати қуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон мебошад.
Воқеан ҳам, Истиклолият ва Конститутсия мафҳумҳои тавъам буда, якдигарро комил месозанд, чунки давлати соҳибихтиёр бе Конститутсия вуҷуд дошта наметавонад ва дар навбати худ Конститутсия ҳамчун санади олӣ ва комили асосии истиқлолияти давлатиро ба расмият дароварда, муҳимтарин самтҳои фаъолияти сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеаро инъикос ва таҳлил менамояд. Дар ба даст даровардани Истиқлоли давлатӣ ва эътироф кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши Конститутсия назаррас аст.
Ҷомеае, ки заминаҳои ҳуқуқиро доро нест, ба ҳаёти носолим гирифтор мешавад. Конститутсия санади ягонаи муайянкунандаи ҳадаф, вазифа, шакл ва моҳияти ҳар як давлат аст, ки тамоми унсурҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Ҳар як шаҳрванди хориҷӣ ё созмони байналмилалӣ нахуст маълумотро дар бораи ин ё он давлат маҳз аз Конститутсияи он дастрас карда метавонад.
Ба таври маълум, Ҷумҳурии Тоҷикистон нуҳуми сентябри соли 1991 истиқлол ба даст овард. Баъд аз ин бояд санади тозае таҳия ва қабул карда мешуд, зеро дар ҳама давру замон бо рушд ёфтани давлату давлатдорӣ зарурати муайян сохтани сохтор, идораи давлатдорӣ ва пойдории давлатдорӣ санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад. Ин ҳуҷҷат Конститутсия ба ҳисоб меравад ва ҳамин тавр, бори нахуст шашуми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумӣ ин санад қабул гардид, ки ҳамакнун, ба ин ҳодисаи таърихӣ имсол 28 сол пур мешавад.
Минбаъд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон солҳои 1999, 2003, 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи маорифи кишвар, эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус, ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Конститутсия барои рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои ҷомеа мусоидат менамояд.
Конститутсияи    Тоҷикистони соҳибистиклол буд, ки бори аввал дар таърихи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ забони давлатӣ эълон карда шуд. Дар моддаи дуюми ин ҳуҷҷат омадааст. «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки пас аз чандин сол забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ гирифт ва имрӯз тамоми ҳуҷҷатнигориву санадхои меъёрию ҳуқуқӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Афзалияти дигари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия ва дигар санадхои меъёрии ҳуқуқӣ ҳифз гардида, амалӣ шудани онҳо кафолат дода мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳангоми таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бунёди оила, мақому мартабаи марду зан, падару модар ва тарбияи фарзандон диққати махсус дода шудааст. Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Илова бар ин, масъулияти падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар ба низоми муайяни ҳуқуқӣ дароварда шудааст.
Ҳадафи давлату ҳукумат дар заминаи таҳкими Конститутсия ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи суботу амнияти он мебошад. Хушбахтона, мо, тоҷикон, сулҳро ҳамчун падидаи ҳуқуқиву сиёсӣ ва воқеияти ҷамъиятӣ ба даст оварда, дар фазои ин неъмати бузург зиндагӣ дорем ва дар ин роҳ моро ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамои имрӯзу фардо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбалад аст.

Саврибегим ГУЛМИРЗОЕВА,
Фариштамоҳ САФАРОВА,
омӯзгорони коллеҷи муҳандисию омӯзгории шaҳpu Душанбе,

Ҳотами ҲОМИД,
 «Омӯзгор»