ОМӮЗГОРИ МАН

Нашрияи “Омӯзгор”-ро барои он дар нохунак нагирифтам, ки дар ҳақиқат, он омӯзгори ман буд. Ҳар як лавҳаву хабару мақолаи он (“Маориф ва маданият”, “Газетаи муаллимон”, “Омӯзгор”) аз тарафи банда пазируфта мешуд. Шумораи навбатиро бо ташнагии зиёд мутолиа мекардаму нишондодҳояшро дар амал, яъне дар дарсу машғулиятҳоям истифода мебурдам. Ҳар як шумораро нигоҳ медоштаму яксолаашро бо ҳам баста, дар шакли китоб медаровардам. Оре, бастаи “Омӯзгор” бароям баробари китоб қимат дошт. Рост мегӯянд: “Аз мактабу муаллим танҳо 20 фоизи донишҳоро соҳиб шуда метавонӣ, боқимондаи донишу таҷрибаро бошад, танҳо аз китобхонӣ, тариқи мутолиаи бошуурона аз худ хоҳӣ кард”.
Нашрияи “Омӯзгор” бароям ҳамчун қутбнамо хизмат мекард. Ба бисёр саволҳо ва муаммоҳои дучоромадаам аз ин нашрия ҷавоб меёфтам.
Ҳар як омӯзгори асил, оне, ки фанни таълимӣ, касб, мактаб ва шогирдро аз таҳти дил дӯст медорад, дар баробари нашрияи “Омӯзгор”-ро мутолиа кардану аз он баҳра бардоштан фикру андеша, усулу равиши кор ва таҷрибаи андӯхтаи хешро ба нашрияи мазкур мефиристад. Муаллим гӯё таҷриба иваз мекунад, бо ҳамкасбону ҳамкорон дар иртибот мешавад, яъне “Омӯзгор” мизи мудавварест, ки суҳбати маорифчиён дар атрофи он гарму ҷӯшон идома меёбад. Ҳамчунин, ҳафтанома ба мисли шиноснома аст, он навиштаҳои омӯзгорони қариб ҳамаи минтақаҳои ҷумҳуриро нашр мекунад ва тавассути ин матнҳо омӯзгоронро бо ҳам ошно месозад.
Банда аз солҳои аввали 70-уми асри XX бо ин нашрия ҳамкорӣ дорам. Лавҳа, хабар, ҳикоя, ҳаҷвия, мақола, очеркҳоям пайваста дар қамин газета чоп шудаанд. Ин газета дигаронро ба ман муаррифӣ кардааст, ҳамчунин, маро ба дигарон шиносонидааст.
Нигоштаҳоямро ба тариқи почта ба нашрия мефиристодам ва онҳо рӯйи чопро медиданд. Бо сабаби ба кор банд буданам ба идораи нашрия намерафтам. То ҷое медонам, дар нашрияи “Маориф ва маданият” Бозор Собир, Ҷумъа Одина, Ардамеҳр, Ҳикмат Раҳмат барин шоиру нависандагони машҳур кор мекарданд. Мақолаву лавҳаву ҳикояҳои ман ҳам дар ин газета ба нашр мерасиданд, ки сари мани ҷавон он вақт ба осмон мерасид. Газетаи “Омӯзгор” устоди беҳтарини ман буд. “Омӯзгор” ҳамчун оинаи равшан аст, ки дар он ҳусну ҷамоли забони ноби тоҷикӣ бо ҳар гуна ранги муҷалло инъикос меёбад. Имрӯз дар ҳафтаномаи мазкур Н.Нурализода, А.Муродӣ, Ш.Раҷабзод, Н.Охунзода барин рӯзноманигорони тавоно фаъолият доранд, ки бо ибтикорашон “Омӯзгор” басо рангин ба дасти хонанда мерасад.
Ҳамкору ҳамдеҳаам, яке аз риёзидонҳои беҳтарини ҷумҳурӣ Кароматулло Раҳматуллоев боре чунин нақл кард:
-“Дар як маъракаи деҳаи Дурманбулоқи ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) будем. Гап дар бораи кори омӯзгориву мактабу маориф рафт. Омӯзгорони он деҳа, бахусус, директори муссисаи таълимӣ иброз дошт, ки омӯзгори асил мебояд, ки китобу газета мутолиа кунад ва тавассути мутолиа ихтисосашро такмил диҳад, бо дигарон таҷриба иваз намояд. Мо аз нашрияи “Омӯзгор” мақолаву ҳикояҳои Ҳакималӣ Назаралиро мутолиа мекунем. Навиштаҳои ин шахс ба мо хеле маъқул аст. Проблемаҳои муҳимро ба миён мегузорад. Дар навиштаҳояш рӯзгори муаллим мушаххасану айнан таҷассум ёфтаанд. Бо ҷасорат менависад. Доимо дар ғами он ки рӯзгори омӯзгор беҳтар шавад. Мо аз навиштаи ин шахс ба бисёр саволҳои худ ҷавоб меёбем. Камбудиҳои соҳаи маорифро ошкоро ба миён мегузорад. Мо аз ин фард хеле миннатдорем…
Ман гуфтам, ки Ҳакималӣ Назаралиев ҳамкасби ман аст, дар деҳаи Ғуриёт дарс медиҳад. Онҳо ҳайрон шуданду пурсиданд: “Наход ҳамин одам дар мактаб муаллими одӣ бошад?”. Ман гуфтам: “Бале, муаллими одист, ба шогирдон сабақ меомӯзад Аз кор ор надорад”.
Муаллимони мактаби он ҷо бо ман бо ҳавасу эҳтироми бештаре нигаристанд, муносибати самимияшон ба маротиб афзуд, ки ҳамкасби ман шахси намоён аст”.
Банда борҳо ба нашрияҳое, ки озмун эълон кардаанд, мавод фиристодаам. Аз замони Ҳокимияти Шуравӣ беш аз 20 маротиба навиштаҳоям ғолиби озмун гаштаанд, аз ҷумла, дар озмунҳои ҳафтаномаи “Омӯзгор” низ шаҳди ғалабаро чашидаам. Масалан, Ҷойи сеюм: омӯзгор аз ноҳияи Ҳисор Ҳакималӣ Назаралӣ барои мақолаи “Ҷоннисори миллат” дар соли 2018, дар Озмуни навбатии ҳафтанома таҳти унвони умумии “Омӯзгори деҳот” сазовори ҷойи якум дар соли 2020…
“Омӯзгор” маро рӯҳбаланд кард, ба ман шаъну шараф ва обрӯ ато намуд. Аз ин рӯ, бо тамоми ҳаетй “Омӯзгор”-и азизу қадрдони худро дӯст медорам!
90-солагиат фархунда бод, “Омӯзгор”-и ман, муаррифгари ман, минбари баланди ман, мактаби дӯстдоштаи ман, устоди меҳрубону ғамхори ман!

Ҳакималӣ НАЗАР АЛИЕВ,
омӯзгори МТМУ 17-и деҳаи Ғуриёт,
шаҳри Ҳисор