ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР БА ФАНҲОИ ДАҚИҚ

Имрӯз ҷаҳон ба таври чашмгир рушду инкишоф меёбад ва технологияи замонавӣ ба зиндагии тамоми қишрҳои ҷомеа ворид шуда, аз пешрафту дигаргуниҳои бузург башорат медиҳад.
Мусаллам аст, ки илмҳои бунёдӣ дар кишварҳои тараққикарда ба таври назаррас пеш рафтааст ва таваҷҷуҳи мардум ба ин илмҳо дар мадди аввал қдрор дорад. Дар ин замина, дар кишвари мо низ қадамҳои устувор гузошта шудаву барномаҳои гуногуни давлатӣ баҳри инкишофи илмҳои дақиқ қабул гардидаанд. Бо ҳамин мақсад, бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид ва дар доираи он озмунҳои гуногуни фанниву фанноварӣ роҳандозӣ гардид. Дар баробари ин, солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардид, ки ба ҳамдигар иртиботи ногусастанӣ доранд. Яъне, замоне фаро расидааст, ки наврасону ҷавонони дорои ҷаҳонбинии техникиро омода намоем ва ба ин васила, бунёди корхонаҳои азими саноатӣ сохта шавад ва онҳоро бо мутахассисони ҳирфаӣ таъмин намоем, ки ба рушду пешрафти кишвар мусоидат мекунад. Албатта, озмунҳои гуногун дар ин росто нақши муассир доранд ва ҳавасмандии онҳо метавонад, аз як тараф, шавқу рағбати ва кӯшишу талоши наврасону ҷавононро бештар намояд, аз ҷониби дигар, ба рушду инкишофи фанҳои бунёдӣ мусоидат мекунад.
Дар ин ҷода зарур аст, ки хонандагону донишҷӯёнро ба омӯзиши асарҳои бадеиву илмӣ тарғиб бинмуда, маҳорату малака ва ҷаҳонбинии онҳоро тақвият бахшида ва ба фаро гирифтани онҳо ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ талоши бештар намоем.
Ҳамчунин, барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илмҳои бунёдӣ зарур аст, ки аз зинаи аввали таҳсил шавқу рағбати онҳоро бештар намуд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзгор бояд худ сухандону суханвар ва донандаи хуби фанни таълими хеш бошад, то тавонад ҳар мавзуъро содаву фаҳмо ва ҷолиб гузаронад. Ин аз омӯзгор, пеш аз ҳама, донишу ҷаҳонбинии васеъ, малакаву маҳорати педагогӣ ва муҳимтар аз ҳама, дарсро шавқовар гузаронад. Фанҳои дақиқ ба ҳаёти воқеии инсонҳо ҳамбаста аст ва мо ҳамарӯза даҳҳо ҳодисаи табииро бо чашми сар мебинем, ки онҳоро метавон бо дарки маърифат ба хонандагон мавриди баррасию омӯзиш қарор дод. Ман ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳамеша талош менамоям, ки дарсҳоям рангину ҷолиб ва шавқовар гузаранд ва ҳар як хонанда барои азхуд кардани мавзуъҳо ҷалб гарданд. Маълум мегардад, ки таваҷҷуҳи хонандагони хурдсол ба фанҳои дақиқ зиёд аст ва ҳамин равандро дар зинаҳои дигари таҳсил тақвият бахшидан зарур аст. Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо кӯшиш мекунам, ки аз воситаҳои аёнӣ, технологияи замонавӣ истифода карда, ба таври содаву фаҳмо мавзуъҳоро ба хонандагон фаҳмонам.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки сол то сол таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ бештар гардида, онҳо ба фанноварию ихтироъкорӣ машғул мешаванд. Дар ин ҷода нақши омӯзгор бузург ва муассир буда, ба ташаккули тафаккури техникии хонандагон такони ҷиддӣ мебахшад. Мо, омӯзгорон, бояд дар татбиқи ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талоши бештар намоем ва бо тарбияи насли созандаву бунёдкор дар пешрафту шукуфоии бештари Ватани азизамон — Тоҷикистон саҳми босазо гузорем.

Оростамо ИСКАНДАРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии литсейи “Раҳнамо”