ОМӮЗГОРӢ ШАРАФ АСТ, ВАЛЕ…

Омӯзгор бояд барои тарбиятгирандагони худ ҳамеша намунаи ибрат бошад. Дар давраҳои гуногуни таълим, ӯ ба хонандагон дониши азхудкардаи худро медиҳад. Таълим дар синфи ибтидоӣ давраи асосӣ буда, ҳамчун пойдевор дар тамоми ҷараёни таҳсили оянда мемонад.
Кӯдак аввалин бор ба мактаб ворид гардида, ҳанӯз ба хубӣ дарк карда наметавонад, ки ба дӯши ӯ чӣ масъулияте гузошта шудааст. Ӯ дасти падару модари худро раҳо накарда, дасти дигарашро бо хавотир, бо умеду боварӣ, ба дасти омӯзгори аввал мегузорад. Маҳз аз қобилият, кордонӣ ва истеъдоди омӯзгор, муносибати кӯдак ба таҳсил ва мактаб муайян гардида, то охир боқӣ мемонад.
Давраи таҳсил дар синфи ибтидоӣ дар рӯҳияи кӯдак мақсад, аҳамият ва моҳияти таҳсилро бедор мекунад. Агар омӯзгор шавқи кӯдаконро ба илм бедор карда, онҳоро ба омӯзиш завқманд карда тавонад, пас, дар оянда тамоми раванди таҳсил ба онҳо осон мегардад.
Ба дили хонанда роҳ ёфтан кори чандон осоне нест. Ин ба донишҳои психологӣ (руҳшиносӣ) марбут аст. Бинобар ин, касби омӯзгорӣ доштан малакаи хуби равоншиносиро талаб менамояд, зеро ҳар як кӯдак китоберо мемонад. Омӯзгор вазифадор аст, ки ин китобро боэҳтиёт кушода, босаброна, ҳамаҷониба то охир биёмӯзад, то тавонад, ба он ҷаҳони чун накҳати гул нозуку кӯдакона роҳ ёфта, ҳолати рӯҳии бачаро ба хубӣ дарк намояд. Ӯро тибқи қобилияти ҷисмониву рӯҳонӣ бо назардошти ҳавасмандӣ дониш омӯзад.
Кӯдаконе, ки бори аввал ба мактаб қадам мегузоранд, бо эҳсосоти зиёд ба атроф назар меафкананд ва ҳар он чи ки бори нахуст мебинанду мешунаванд, дар хотираи онҳо то охири умр нақш мебандад. Ба синф даромада, бо муаллими аввалини худ шинос мешаванд. Агар ба синф 30 нафар кӯдак омада бошад, пас, муаллим бояд донад, ки ин 30 нафар хонанда, ҳар кадом аз 30 оилаи гуногун ба синф ворид гардидаанд. Ва ин оилаҳо аз ҷиҳати сатҳи фарҳангу маърифат, таъминоти иҷтимоӣ, одобу эҳтиром дар оила, аҳамият ба тарбияи фарзанд фарқ мекунанд. Аз ҷумлаи онҳо шояд ятимоне бошанд, ки аз навозиши падару модар ва наздикон дур мондаанд. Чунин кӯдакон бисёр ҳассосанд. Муаллим вазифадор аст, ки чунин кӯдаконро бо меҳру муҳаббати падарона ё модарона фаро бигирад, то он ятим ӯро натанҳо чун як омӯзгор, балки чун падар ё модар бишносад, ҳаматарафа ба ӯ бовар карда, бо меҳри хосса, сирри дили худро бо боварии том кушояд. Ба қавле, муаллим бо дарди он кӯдак бихӯрад, бо шодияш биболад.
Ошкор аст, ки агар имрӯз падару модаре фарзандашонро ба синфи якум бурданӣ бошанд, дар наздашон масъалаи душвори интихоби муаллими аввали фарзанд пайдо мегардад. Албатта, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар ин ё он мактаб, ҳам дорои маълумоти олӣ ва ҳам касбии миёна ба қадри кофӣ ҳастанд, аммо волидайн мекӯшанд, то фарзандашонро ба он муаллиме бисупоранд, ки аллакай бо малакаи касбии худ дар мактаб ва маҳалли зист маъруфанд.
Доир ба рушди маориф ва дастгирии омӯзгорон Ҳукумати «Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхориҳои зиёде зоҳир намуда истодааст. Агарчи ҳар сол қариб 40 фоизи даромади буҷаи Тоҷикистон барои рушди маориф сарф гардида истода бошад ҳам, сол аз сол даҳҳо мактаби нави дорои ҳама таҷҳизоти нави замонавӣ бо шароити хуби таҳсил муҳайё сохта, ба истифода дода шуда истода бошад ҳам, гарчи музди маоши омӯзгорон пай дар пай, сол ба сол зиёд гардид ҳам, лекин сифати дониши хатмкунандагон ҳоло ҳам қаноатбахш нест. Гарчанде дар ин самт муваффақиятҳои назаррас вуҷуд доранд.
Қадру қимати ҳар омӯзгор дар ҷомеа, пеш аз ҳама, ба дараҷаи сифати касбӣ ва маданияти омӯзгории худи вай вобастагӣ дорад. Аммо боз омилҳои дигаре низ ҳаст, ки ба мақоми омӯзгор ва умуман, зиёиён таъсири худро мерасонад.
Фикр мекунам, мақомоти маҳаллӣ бояд дарк намоянд, ки омӯзгор бояд илм омӯзад, насли навро тарбия намояд, ҷомеаи солимро ба воя расонад, на ин ки ҳар ҳафта қад-қади кӯчаҳо замин нарм кунаду гул шинонаду канорҳои роҳро рӯбу чин намояд.
Барои чунин корҳо идораҳои коммуналӣ ва кормандони таъмиру нигоҳдории роҳҳо вобаста шудаанд. Албатта, ба истиснои шанбегиҳои ҷумҳуриявӣ ё корҳои ободонӣ дар дохилӣ муассисаи таълимӣ.
Гуфтанӣ ҳастам, ки иштирок дар корҳои ободонӣ ин ҳиссагузорӣ дар ободонии маҳал аст. Аммо беҳтар мебуд, агар омӯзгор бо меҳнату заҳмати худ шогирдҳое тарбия мекард, ки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷ аз он натиҷаҳои назаррас ба даст меоварданд.
Яке аз омилҳое, ки боиси рушди босамари муассисаи таълимӣ, баланд нигоҳ доштани шарафу эътибори муаллим ва беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия дар муассиса мегардад, интихоб ва таъини мутахассисони пуртаҷриба, босалоҳият, рӯзгордида ва босаводу кордон мебошад. Маҳз роҳбари босалоҳияту босавод, рӯзгордида, аз сиёсати имрӯзаи ҳукумат бохабар, нисбат ба ҳайати омӯзгорон сахтгиру ғамхор, метавонад ба натиҷаҳои назаррас ноил шавад.
Интихоби пешаи муаллимӣ, интихоби қисмати худ ва масъулияти бузурге барои тамоми умр мебошад. Омӯзгорӣ маданият, фазилат ва фарҳанги хос ҳаст, ки дар ҷомеа фарқкунанда бояд бошад. Пас, бояд омӯзгор имрӯз ин вазифаи мушкил ва пуршарафро, ки иҷрои онро ҷомеа аз ӯ интизор аст, бо сари баланд ба ҷо орад.

Маҳмадсаид БОЯКОВ,
шаҳри Бохтар