МУҲИМТАРИН РУКНИ ДАВЛАТДОРӢ

Беш аз се даҳсола аст, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати соҳибистиқлол шинохта шудааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ тавассути сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масоили мубрами ҷомеа мавқеи муносибро сазовор гаштан ва ташаккул ёфтани забони тоҷикӣ возеҳ намоён аст.
Забон дар ҳама давлатҳо яке аз муҳимтарин рукни давлатдорӣ буд. Дар ташаккули сиёсати забон, ки заминаҳои асосии он аз муассисаҳои томактабӣ оғоз гаштаву дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва олии касбӣ хеле фарохтар амалӣ мешаванд, чун ифтихори миллӣ, арҷгузориҳо ба арзишҳои миллӣ ва тарғиби забони ноби тоҷикӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху фарҳанги ибратбахши халки тамаддунофари тоҷик, иштироки фаъолонаи муҳассилин дар гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ, озмуну маҳфилҳо ба инкишофи нутки онҳо ва рушди забони тоҷикӣ мусоидат мекунад.
Санаи 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон конуни забон кабул шуда буд. Лекин кисме аз мукаррарот ва меъёрҳои он бо гузашти замон барои бештар мувофик кардани он ба талаботи замон ва ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиклол ниёз пайдо кард.
Пешвои миллат бори аввал, ҳанӯз соли 1993 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид бо забони тоҷикӣ баромад карда, ба намояндагони 200 давлати ҷаҳон забони моро муаррифӣ намуданд. 16 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалкӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кабул карда шуд, ки дар моддаи 2-и он “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст,” навишта шудааст.
Масъалаи густариши забони давлатӣ ва татбики Қонуни забон махсус баррасӣ шуда, дар ин бора 2-юми июни соли 1997, №256 карори махсус кабул шуд. Имлои нави забони тоҷикӣ аз 3-юми сентябри соли 1998, №355 тасдик шуд. Охири солҳои 90-уми асри XX забони тоҷикӣ забони тавонои давлатӣ шуд. Соли 2000-ум бошад, ҳамаи муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон барои амалӣ гаштани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ гузаштанд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2007 соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълон шуда, якҷо бо 1150-солагии устод Рӯдакӣ ҷашн гирифта шуд.
Маҳз бо максади чандон мувофикат накардани кисме аз конуни забон аз санаи 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид, ки дар ҷомеаи имрӯза рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва ҳамчун омили ҷомеасозу ваҳдатофар амалӣ карда истодааст. 5-уми октябр расман Рӯзи забони давлатӣ буда, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ дохил карда шудааст.
“Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, таҳти №335 оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои ба сатҳи талаботи илму техникаи муосир бардоштани забони тоҷикӣ ва бо ин забон истифодаи технологияи нав, компютеркунонӣ, шабакаи интернет ҳадафҳои асосии ин барнома буданд.
Дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиклоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷаллаи илмии “Забоншиносӣ” ва таҳияи Барномаи густариши забони тоҷикӣ аҳамияти муҳим дошт.
28-уми ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” тасдик шуд. Бо ташаббус ва супориши Пешвои миллат бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ тасдик шуд. Инчунин, супориш дода шуд, ки шакли электронии фарҳангҳои “Луғати фурс”, “Бурҳони котеъ”, “Ғиёс-ул-луғот”, “Фарҳанги ҷаҳонгирӣ”, “Фарҳанги Рашидӣ”, “Баҳори Аҷам”, “Фарҳанги Онандроҷ”, “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, “Луғатнома”-и Деҳхудо ва дигар истилоҳномаҳо ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иттилоърасонӣ ворид карда шавад. Барои эҳёи номҳои кадимии тоҷикӣ бо карори Ҳукумати мамлакат “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” мукаррар карда шуданд, ки ин ҷо ҳадаф эҳёи арзишҳои миллӣ ва номгузории суннатии тоҷикӣ аст. Дар харитаи сиёсии мамлакат дигарбора ба вуҷуд омадани номҳои таърихии Суғд, Хатлон, Истаравшан, Рашт, Сайҳун, Ҷайҳун ва ғайра, ки дирӯз ва имрӯзи моро бо ҳам мепайвандад, аз ҷумлаи ташаббусҳои Пешвои миллат барои тарғиб ва арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ аст.
Нашри ҳамасолаи осори адибони классикӣ ва муосир бо ташаббуси Пешвои миллат бо максади таблиғу ташвики забони тоҷикӣ амалӣ шуда истодааст. Пешвои миллат хеле хуб таъкид намудаанд, ки: “Бо ин забон на танҳо адабиёти оламшумули беш аз ҳазорсола офарида шудааст, балки аз ҷониби донишмандони бузурги мо асарҳои пурарзиш дар самтҳои мухталифи илмӣ таълиф ёфтаанд, ки ба пешрафти минбаъдаи илмҳои табииву дакик дар ҷаҳон мусоидат намудаанд”. Президенти мамлакат дар асари безаволи худ “Забони миллат-ҳастии миллат” навиштаанд, ки “Саффориён (873-899) ва Сомониён (899- 999) аз забон ҳамчун силоҳи сиёсӣ дар мукобили араб барои касби истиклол истифода карда, дар Хуросону Мовароуннаҳр парчами истиклолро барафрохтанд.
Роҳбари давлат муҳимтарин масъалаҳои миллат ва забонро баррасӣ намудааст. Дар асри XIII, ки муғулҳо Осиёи Миёнаро забт карданд, барои идора кардани давлат маҷбур шуданд ба мардуми тоҷиктабор рӯ оваранд, аз ҷумлаи вазирони онҳо ҳама тоҷикзабон буданд.
Забони тоҷикӣ дар замони Темуриён ҳам забони расмӣ ва ҳам забони дарбор буд. Нуктаи бисёр ҷолиб дар муҳри шахсии амир Темур ба забони тоҷикӣ “Ростӣ, растӣ” ҳаккокӣ шуда буд. Номаҳои навиштааш низ аксаран ба забони тоҷикӣ ва бархе ба забони арабӣ буданд. Баъзе амирон ва амирзодагони темурӣ чун Халилсултон, Искандармирзо, Бойсунғур ба забони тоҷикӣ шеър менавиштанд.
Асосгузори давлати Темуриёни Ҳинд-Бобур Мирзо забони тоҷикиро дар Ҳинд забони расмӣ эълон кард ва фарҳанги онро низ давомдиҳандагони сиёсат ва фаъолияти ӯ идома доданд. Бо фармони ӯ забони тоҷикӣ-форсӣ забони расмӣ эълон мешавад, донистани он барои ҳамаи шаҳрвандони давлат ҳатмӣ гардид.
Бузургтарин донишманди асри XIII Насируддини Тӯсӣ (1201- 1274) дар байни донишмандони машҳури асрҳои миёна буд, ки аксари осори арзишманди худро ба забони тоҷикӣ нигоштааст. Се фасли асари энсиклопедии ӯ “Асос-ул-иктибос” дар катори дигар илмҳо фарогири масъалаҳои муҳими забоншиносӣ мебошанд, ки аз нигоҳи муҳаккикони забоншинос имрӯз низ арзиши худро аз даст надодааст.
Замоне ки падари Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ ба шаҳри Қуния омад, ба гуфти устод Зарринкӯб: “Аммо бештарини аҳли шаҳр аз турку тоҷик ба забони форсӣ сухан мегуфтанд…” ин худ далели равшанест дар бораи мавкеи ин забон дар замони Салҷукиён, ки чӣ гуна накш доштааст. Назми оламгир ва фалсафаи инсондӯстонаи ин орифи бузург бо забони ноби тоҷикӣ иншо ёфта, имрӯз дар саросари олам аз зумраи серхонандатарин асарҳо маҳсуб мешавад.
Ҳомӣ, арҷгузор ва тарғибгари забони тоҷикӣ будани Пешвои миллат ин намунаи олии ватандорӣ буда, барои ҳар як фарди ватандӯст, ҳар як тоҷике, ки ба забону фарҳанги асили тоҷикӣ, ба арзишҳои миллӣ арҷгузор аст, албатта, пок нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда вогузор намудани он вазифаи мукаддас маҳсуб мешавад.

Мурод ҶУМАЕВ,
омӯзгори МТМУ №20, ноҳияи Айнӣ,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон