ВАҲДАТ ВА ҶАВОНОН

Дар сиёсати давлатдории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон тимсоли ваҳдатанд ва ин ваҳдати халқи тоҷик сазовори накухишу таҳсинҳо мебошад. Халқи тоҷик бештар аз дигарон қимати ваҳдатро дарк карда, барои хифзи он талош намудааст ва менамояд. Халқи тоҷик дар зери таъсири омилхои гуногун як маротиба иштибох карду ба гирдоби ҷанги шахрванди дучор гардид.

Саодатмандист, ки халқи тоҷик ин иштибоҳашро дар шоҳидии аҳли башар сарбаландона аз худ дур намуда, дар офаридани ваҳдату дӯстӣ намунаи аҳли башар шуд. Ҳамдигарро бахшидан ва ба ҳам омадани як халқи дар низои дохилӣ олударо, ки дар кӯтоҳтарин фурсат сулҳсозӣ кардааст, ҷомеаи башарӣ хеле кам шоҳид гардидааст. Дар ҷаҳон дар давоми 50 соли охир садҳо ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омадааст, ки бадбахтона, онҳо дар охир омили парокандагии кишварҳову қавмҳо гардидаанд. Идеологияи имрӯзаи давлату ҳукумати мо ваҳдату ҳамгироист ва ҳарчанд ваҳдат дар ифодаи оҳанг зоҳири сода дошта бошад ҳам, мантиқи он хеле уфуқҳои зиёдро фаро мегирад.

Мусаллам аст, ки сангаргириҳову мухолифати намояндагони як қавму миллат дар раванди ҷаҳонишавии муосир муддаои дили сиёсатсозону сиёҳтинатонест, ки аз тирагии фазои як кишвар манфиату ҳадафҳои худро пайгирӣ менамоянд. Аз рӯи нақшаву барномаҳо дар ин тафриқаандозиҳо ҷавононро доимо мавриди нишон қарор медиҳанд, ки сабаби аслии бадбахтии аҳли башар дар шароити имрӯза мебошад. Ҷавононе, ки дарси мактаби худшиносиро азбар кардаанд, дар ин ҳадафҳо фирефта намудан душвор ва ҳатто ғайриимкон мебошад. Ҷомеаҳои огоҳу пешрафта медонанд, ки ҷавонони соҳибмаълумоту фаъол дар пешрафту шукуфоии кишварҳо саҳм гирифта, онҳо кафили ваҳдату пойдории давлатанд. Падидаи маъмул аст дар ҳар кишваре, ки сатҳи маълумоти олии ҷавонон бештар аст, дар он кишвар ҳамон андоза хатари гирифторӣ ба мухолифатҳову муноқишаҳои хатарбор камтар ба мушоҳида мерасад. Дар асоси донишу ҷаҳонбиниҳо ҷавони соҳибмаълумот намехоҳад, ки бо гирифторшавию вобастагиҳои ҳаётсӯз ояндаи камолоти худро аз даст диҳад. Ин гуна ҷавон аз донишу бардоштҳои зиёд ҳар як падидаро хуб ташхис карда метавонад. Ба эҳсосот дода намешавад ва дар доираи таҳаммуле, ки аз маърифату фарҳанг барои худ ҳосил намудааст, бо заковати хос дар интихоби роҳ мустақилона фикр карда метавонад. Ин гуна ҷавон фикри худ, аҳли оила ва дигар наздикони худро намуда, бештар дар вуҷуди хеш андешаи бунёдкориро мепарварад.

Ҷузъиёти дигар низ равшану возеҳ аст, ки ватандӯстӣ дар шароити имрӯза ба ҷуз аз ваҳдату ҳифзи ваҳдат чизи дигаре нест. Ваҳдат дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир парчамест, ки бо ҳидояти худ як неруи томеро дар ҷомеа бунёд менамояд. Боз ҳам саодату сарбаландии халқи мост, ки ин ваҳдат имрӯз дар замири дилу ботини ҷавонон реша давондааст. Ин ҳама аз заҳматҳову давлатсозиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд омадааст, ки дар ҳама бунёдкориҳояшон ба ҷавонон такяи бештар менамоянд.

Чандин марҳилаҳову рухдодҳои охир гувоҳи он мебошанд, ки тавоноию дороии феълии кишвари мо имрӯз ваҳдати ҷавонони кишвар мебошад. Давлату ҳукумати кишвар имрӯз ба тарбияву таҳсили ҷавонон аз макотиби миёна оғоз карда, то макотиби олӣ диққати хос зоҳир менамояд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба таъкид мекунанд, ки ҷаҳони муосир ба марҳилаи наву мураккаб ворид гардидааст ва дурнамои он норавшан мебошад. Ҳамин аст, ки доиман ҷавононро ба “ҳушёриву зиракии сиёсӣ” даъват менамоянд. Имрӯз вазифаи ҳар як омӯзгор он аст, ки дар тарбияи наврасону ҷавонон беш аз ҳарвақта масъулият зоҳир намоянд. Мо, омӯзгоронро зарур аст, ки дар дарсҳои рӯзмарраи худ маъниву маром ва мантиқу мазмуни ибораи “ҳушёриву зиракии сиёсӣ”-ро ба шогирдони худ аз зовияҳои гуногун шарҳ диҳем. Дарси мо ва дарки онҳо кафолати бақои давлату миллат барои имрӯзу фардо хоҳад буд.

Ҳабибулло ҚУТБИДДИНОВ,

омӯзгори МТМУ №46, ноҳияи Файзобод