БЕТАРАФ НАБОШЕМ

Имрӯзҳо дар тамоми дунё яке аз масъалаҳои муҳим ба роҳи дуруст равон намудани насли наврасест, ки аз хурдсолӣ серҳаракат, беқарор, ноором, гоҳе маҳмаддонову гапгардон ҳастанд. Падару модар ин гуна рафторҳоро ҳис карда, бо ҳар гуна шакку шубҳа зуд ба пизишкони асабшинос муроҷиат менамоянд.

Тибқи мушоҳидаҳои равоншиносон ва пизишкон, ин гуна  хурдсолони беқарор мехоҳанд, ки атрофиёнашон ба онҳо аҳамият  диҳанду  мавриди  таваҷҷуҳи  дигарон  бошанд.  Агар ҳамсолон  ба  онҳо  аҳамият надиҳанд, нисбат ба ҳамсолон  кадом  як  амали озордиҳандаро  раво мебинанд. Онҳо ҳар чизеро, ки дар муҳит мебинанд, зуд қабул  мекунанд. Дар натиҷа, дар хона, мактаб ва кӯча боиси тамасхури дигарон мешаванд. Ҳатто ҳамсинфон бо ҳар гуна нағмаҳо онҳоро  масхара менамоянд, таҳқир мекунанд, дашному нафринро ба онҳо ёд медиҳанд.

Ин гуна хурдсоли беқарор ҳар гуна рафтори ношоистаро зуд  мепазирад ва такрор мекунад, вале кӯшиш мекунад, ки ба дигарон, ҳатто омӯзгор нагӯяд. Вақте дар синф моҷаро бармехезад, ҳамсинфон гуноҳро ба сари вай бор мекунанд. Кӯдак мефаҳмад,  вале чизе намегӯяд. Чунин донишомӯзонро омӯзгорони камдониш, худхоҳ ва камтаҷриба бад  мебинанд. Барои омӯзгоре, ки дар бораи равиши таълим ва тарбия дониши кофӣ надорад, дарк намудани ин гуна хурдсол мушкил аст. Омӯзгорони камдониш ҳамон бачаи бегуноҳи шӯхро, ки дигарон масхарааш мекунанд, мезананд, таҳқир менамоянд.

Мутаассифона, он бачаи беқарор  худро  дифоъ  карда  наметавонад.  Ночор мемонад,  асабонӣ  мешавад.  Як  муддат (5-10  дақиқа)  аз  тарси  гуфтори тунди омӯзгор худро нигоҳ медорад. Баъд боз ҳамон  рафторашро  такрор  мекунад. Чаро?  Ана  гап  дар  ҳамин  ҷост,  ки  вай ноогоҳона  ин  амалҳоро  такрор менамояд; чунки ҳанӯз торҳои асаби вай, ки маҳз амалу рафторро идора мекунад, дуруст инкишоф наёфтааст. Барои инкишофи он вақт лозим аст.

Охир, он бачаи хурдсол  ҳам  нисбат ба рафтори атрофиёнаш  мувофиқи фаҳмиши худ фикр мекунад. Вале омӯзгори камтаҷриба  мутлақо инро эҳсос намекунад, ки он бачаи  беқарор низ  мисли  одамони дигар  андеша дорад. Чунки ӯ дар бораи рафтори ин гуна хурдсолон ягон асари илмӣ нахондааст. Фақат ба таҷрибаи андаки худаш такя менамояд. Ин хурдсоли беқарор рафтори ҳамсинфон ва омӯзгоронашро мувофиқи дарки худ дар зеҳнаш баррасӣ мекунад. Ночор  ба  ҳаяҷон  омада,  худро  дифоъ кардан мехоҳад. Бо ҳамон касоне, ки ӯро таҳқир кардаанд, посух доданӣ мешавад. Ҳаяҷону эҳсоси худро идора  карда  наметавонад. Агар дар ҳамин ҳолат шахси ҳимоятгари  худро  бинад,  доду  фиғону фарёд мекашад. Дар натиҷа моҷаро рух медиҳад. Аммо моҷароро омӯзгори камдониш ҷилавгирӣ карда наметавонад, чунки ӯ оид ба хислати ин гуна хурдсолони беқарор асаре нахондааст. Гумон мекунад, ки ин бачаи солим бемор аст!

Агар дар ҳамин маврид омӯзгори зираку ҳушёр, аз илми  равоншиносӣ  ва педагогӣ огоҳ бошад, он гоҳ роҳи ҳалли мушиклотро  зуд пайдо мекунад. Вагарна вой бар ҳоли ин  гуна  хурдсолон! Бедонишӣ, камтаҷрибагӣ водор месозад, ки бачаҳои беқарор бо ҷаҳолат ба камол расанд. Сабаби асосии ба корҳои ношоиста  даст  задании  хурдсолон  ва  наврасон  маҳз  камдонишии  падару  модар  ва омӯзгор оид ба тарбияи кӯдак аст!

Бачаҳо дар рафти  бозӣ  ва  шӯхӣ  гоҳе ҳамдигарро  мезананд.  Ин  як  ҳолати маъмулӣ аст. Боре мушоҳида кардам, ки писараки шӯхе  ҳамсинфи худро зад. Омӯзгор писараки шӯхро сарзаниш кард ва ба дигарон гуфт: «якҷоя занед, ки мурад, ин аҳмақ одам нест!». Ана ақлу фаросати ба ном омӯзгор! Агар ин омӯзгор дониши кофӣ медошт,  ҳаргиз  чунин амал намекард. Ин рафторро директори ботаҷриба диду бо асабоният гуфт:

«Шумо омӯзгоред, ба  бачаҳо  мисли фарзанди худ нигоҳ кунед, ҳангоми ҷанг бетараф набошед,  насиҳат  кунед,  ин рафторатон  хуб  нест».  Омӯзгор  мегӯяд, ки  «ин  бача  шӯх  аст,  одам  намешавад, ина аз ин мактаб дафъ кунед!». Директор гуфт, ки «не муаллим, шумо бетаҷрибаед, дониш надоред. Намефаҳмед, ки ҳанӯз ақли ин бача инкишоф наёфтааст. Охир, ин бача ҳоло хурд аст, мефаҳмед? Вазифаи мо онҳоро ба роҳи дуруст даровардан  аст.  Дониши  худро  сайқал  диҳед, агар  сайқал  надиҳед,  ин  писаракро  не, шуморо  бояд  аз  мактаб  пеш  кард! Шумои  калонсол  ақли  кӯдаконаи  вайро дарк  карда натавонед,  ин  кӯдак  чи  хел шумои омӯзгори бедонишро фаҳмад?»

Директории зираку ботаҷриба ин амали  бади  омӯзгорро сахт  маҳкум намуд. Ин аст рафтори хуби роҳбари муассиса! Фаромӯш  набояд  кард,  ки  барои  наврасе, ки аз соати 8 то 12 ё аз он бештар дар  мактаб  аст, масъулият сад  дар  сад бар дӯши омӯзгор аст. Ӯ бояд дар ҳамин вақт ба таври мунтазам бо таълим ва тарбияи  фарзанди мардум машғул  шавад. Ин вазифаи нонӣ ва ҷонии ӯст. Ҳатто дар танаффусҳо  талабагони беқарори худро бояд таҳти назорат дошта бошад. Гоҳе  як  лаҳзаи  беназоратӣ  сабаби  пайдо шудан моҷарои ногуворе мешавад ва оқибаташ бад аст.

Аммо  баъди  аз мактаб рафтани донишомӯз ҳамаи масъулият  пурра бар дӯши падару модар аст. Хурдсолонро то хатми синфи ибтидоӣ ба таври мунтазам бояд таҳти назорат гирифт. Чунки ҳанӯз он торҳои  системи асаби хурдсолон,  ки барои гуфтору рафтор вобаста буда, дар қишри пеши пешонаи  шахс  ҷойгир  аст, дуруст  инкишоф  наёфтааст.  Хурдсолон хоҳу  нохоҳ  ба  ҳар  амали  неку  бад  зуд тақлид  менамоянд.  Ба онҳо ҳар кори неку бадро борҳо фаҳмондан лозим аст; барои баъзеҳо 3-4 бор, барои баъзеҳо 20-30  бор  ва  барои  баъзеҳо  шояд  бештар, вале  фаҳмонидан шарт аст. То инкишфои пурраи қишри пеши пешонаи наврас падару  модар  ва  омӯзгор  бояд  ҳамкорӣ намоянд.

Боз як мисол. Боре мушоҳида кардам, дониши писарак, ки дар синфи чор таҳсил мекунад суст аст, вале худаш ҳушёр.  Дар  дашномдиҳӣ,  масхарабозӣ, иғвогарӣ, тамасхури ҳамсинфҳо, забонашро бароварда таҳқир намудан моҳир аст. Дар чунин ҳолат омӯзгори сусту камдониш аз уҳдаи идораи синф намебарояд. Дидаем, ки баъзе омӯзгорон тамоман бепарво ҳастанд. Тибқи мушоҳидаҳо бо дили хоҳаму нохоҳам дарс  медиҳанду мераванд. Талабагон ҳамдигарро мезананд, дашном медиҳанд ё ҷанг мекунанд, вале омӯзгори бедонишу бефаросат коре надорад. Бо  дили хоҳаму нохоҳам дарсашро гузашта баромада меравад. Дар дарси ин гуна омӯзгори сусту заиф хурдсолон шавқуну ғавғо  мекунанду рӯз то рӯз бадтар мешаванд.

Писаракро дидаму борҳо ҳамсуҳбат шудам, ки бачаи ҳушёру  боистеъдод. Аммо  падару  модари  бепарво,  фарзанди  зиёд  доранду  вақти  назорат  ва тарбияро  надоранд.  Дар  хонавода  ҳам гоҳе  моҷаро,  дашному нафрин. Писараки ҳушёр  гапҳои  беҳудаю  дашному ҳақоратро  ҳам  аз  хонавода  ва  ҳам  аз кӯча ёд гирифтааст.

Дар ин  вазъият  писарак  дутарафа ба  гирдоби  бало  гирифтор  аст.  Аввал, падару модар бо моҷаро ва бепарво бачаро  назорат  намекунанд.  Баъд, омӯзгор дар сарнавишти бача бетараф аст. Ҳатто ба ҷангу  моҷарои  ин  наврас чашм  мепӯшонад.  Асли  пайдо  шудани  ҷиноятҳо  дар  байни  ноболиғон  ана ҳамин бетарафии падару модару омӯзгор аст.

Донишомӯзони синфҳои ибтидоиро бо задан, сарзаниш, таҳқир, бадгӯӣ, нафрин  парвариш  кардан  мумкин  нест. Онҳоро бо хушзабонӣ, меҳрубонӣ, бозӣ, шӯхӣ тарбия бояд кард. Агар назорат накунем, дар ҳар лаҳза як кори бад ёд мегиранд, бояд бо муҳаббат дар  канорашон бошем, на нафрат.

Боре  омӯзгоре  мегуфт,  ки  “ман  дарсамро гузаштам, дигар бачаҳо якдигарро кушанд ҳам, коре надорам”. Ин гуфтори хуб нест. Ба он омӯзгор фаҳмондан лозим аст, ки аввал худ омӯзад. Донишомӯзон ҳама фарзандони мо, ояндаи кишваранд, забону фарҳанги моро рушд  медиҳанд. Агар  омӯзгор  чунин  андеша  дорад,  дар бораи  парвариши  донишомӯзон  асаре нахонад, ҷои ӯ мактаб нест.

Равшан РАҲМОНӢ,
прфессори ДМТ