СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГӢ

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳодисаи нодир ва бесобиқа маънидод мегардад. Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ пояҳои асосии давлатдории миллӣ мустаҳкам гардида, пайи таҳкими арзишҳои миллӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон камари ҳиммат баста шуд.

Соҳибистиқлолӣ  ба мо,  пеш  аз  ҳама, дарки  худшиносии  миллӣ, пос доштану муаррифӣ намудани арзишҳои миллӣ ва имконияти  интихоби дурусти  роҳи  минбаъдаи инкишофи давлатро  дод. Мо  дар  ин замина ҳамчун миллати  дорои  таҷрибаи бойи  давлатсозӣ  ба  бунёди рукнҳои муҳимтарини давлату ҳукумат оғоз намуда, дар як муддати кӯтоҳ тавонистем Тоҷикистонро  ҳамчун мамлакати  озоду  демократӣ ва  ҳуқуқбунёду  дунявӣ  ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Замони соҳибистиқлолӣ дар радифи масъалаҳои зиёди печидаву  сарбастаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ заруратеро пеш овард, ки ба  мактабу маорифи  миллӣ эътибори вижа дода шавад. Таҷдиди  назар  ба  мероси маънавӣ шуд, ки  намунаи комили он  омӯзиши  рӯзгор ва  осори  Саноӣ, Аттор ва Ҷалолиддини  Балхӣ  барин симоҳои  эҷодист.  Дар аҳди Шуравӣ ҳатто Ҷалолиддини Балхӣ барин симои  беқиёсиэҷодӣ,  ки  имрӯз  сокинони  Аврупою  Амрико  рӯ ба  омӯзишу  таҳқиқи  фарогири  осори  безаволи ин мутафаккир овардаанд, дар барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  мавҷуд  набуд. Соҳибистиқлолӣ  ин  мушкилоти маънавиро барҳам зад.

Ниёзи дигари замони соҳибистиқлолӣ, густариши худшиносии  миллӣ  тариқи созмон додани конфронсу ҳамоиш ва симпозиумҳои сатҳи  ҷумҳуриявию байналмилалӣ маҳсуб меёфт. Воқеан, дар ин самт Роҳбари сиёсии кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи  мантиқан қавӣ дошта, шахсияту чеҳраҳои маъруфи гузаштаву замони нави илму адабро ба  ворисонашон  муаррифӣ намуд ва ба ин восита  дар ташаккул ёфтани худшиносӣ ва густариши ҳофизаи таърихии онҳо  саҳми  бориз  гузошт.

Бо  ташаббуси  бевоситаи  Сарвари  давлат  ва Ҳукумати  Тоҷикистон  мардуми фарҳангсолори тоҷик дар қатори ҷашни “Наврӯз”, ҷашнҳои  “Тиргон”, “Меҳргон” ва “Сада”-ро низ таҷлил менамоянд.

Бо  ин  хидматҳои  мондагори  хеш  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон тавонист ҳамон холигии маънавиро, ки  ба  ҷурми  сиёсати  собиқ ҳукумати  Шуравӣ  пайдо шуда буд, комил гардонад.

Маълум, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ ҳастии миллатро ба  воситаи  адабиёту  фарҳанги  он  мешиносанд  ва  қадршиносӣ  мекунанд.  Ҳанӯз  дар  асрҳои IX-X,  баъди  ба  сари  қудрат омадан шоҳони Сомонӣ дар Мовароунаҳр ва Хуросон бо омезиши  фарҳанги  гузаштаву замони худ забону адабиёти наверо ба вуҷуд оварданд, ки сабаби пойдории фарҳанг ва  бақои  миллати  тоҷик гардид.  Яъне,  асри  Х-ро бемуболиға  метавон давраи тиллоии инкишофи ҳамаи соҳаҳои адабу фарҳанги тоҷикон номид.

Забону  адабиёти  оламшумули  мо  дар  давраи  нав боз  ҳам  такмил  меёбад ва он бо ғояҳои тозаю нав дар замони  соҳибистиқлолии кишвари  азизамон ташаккул ва рушд  мекунад. Омӯзишу таҳлили ин осори бебаҳо  ба  дӯши  он  нафаронест,  ки  забону  адабиёт ва фарҳанги миллии хешро гиромӣ дошта, ҳифз мекунанд. Дар айёми Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ормонҳои миллӣ  ҳамаҷониба  амалӣ гардиданд.  «Барои  ман  забони  тоҷикӣ  на  танҳо  воситаи  гуфтугӯю  муошират ба  шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам,  рӯҳи  поки гузаштагонам  ва  оинаи осори ниёконам мебошад», қайд  кардааст  Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”.

Забони миллат ҳамчун ҳастии миллат шинохта шуд ва он як рукни меҳварии давлати миллӣ гардид.

Бузургтарин рисолати таърихии адибони гузаштаи форсу тоҷик аз он иборат аст, ки онҳо дар замони бедавлатиҳо тавассути забони миллат  бақои  миллатро таъмин намуданд.

Рисолати таърихии дар ин ҷода ба ҷо овардаи Сарвари давлатро ҳам  дар осори  таълифнамуда  ва ҳам  дар  асарҳои  ба  фаъолияти  серсоҳаи  ин чеҳраи дунёи сиёсат бахшида шуда, метавон мушоҳида кард. Далели  барҷастаи ин гуфтаҳо асарҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих” (1996), “Аз  Ориён то Сомониён” (иборат аз ду китоб: китоби  якум,  1999,  китоби  дуюм, 2002),  “Ориён” (2007), “Забони миллат – ҳастии миллат”  (иборат аз ду китоб: китоби якум 2016, китоби дуюм 2020), “Чеҳраҳои  мондагор” (2016) мебошанд, ки нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро дар бедор намудани худшиносиву худогоҳӣ, баланд бардоштани  ҳуввияти миллӣ,  тақвият  бахшидани ҳиссӣ  ватандӯстӣ  ва  ҳифзи арзишҳои  миллӣ  бозгӯ  мекунанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои  мондагор” оид ба зиндагиномаву корномаи 25 тан  чеҳраи  таърихӣ  баҳс ба миён оварда, мақоми ҳар кадоме аз ин бузургон ва рисолати таърихии онҳоро дар таърих  мавриди  баррасии амиқ қарор додаанд.

Китоби  мазкур  маҳсули андешарониҳои  амиқи  Сарвари давлат оид ба таъриху фарҳанги  бисёрасраи  халқи тоҷик мебошад.

Хушбахтона, бо ташкили давлати миллӣ, масоили фарҳангу забони  миллии мо низ ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Арҷгузорӣ ба  муқаддасоти миллӣ, махсусан, забону  адабиёт  ва  фарҳанги  мардуми тоҷик дар замони Истиқлол беш  аз  пеш  афзуда,  барои ривоҷу  равнақи  забони миллӣ  шароити  мусоид фароҳам  омадааст.  Таълиф  ва  нашри  китоби  “Забони миллат – ҳастии миллат” бо мақсади омӯзишу таҳқиқи  таърихи забони тоҷикӣ ва авомили сиёсию фарҳангии инкишофи забони тоҷикӣ дар давраҳои муайяни таърихӣ, заминаҳо ва марҳилаҳои  рушди  забони тоҷикӣ аз падидаи бузурги арҷгузорӣ ба фарҳангу забони миллии мост.

Китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” бо нигоҳи  комилан  тозаи илмӣ  инкишофу  ташаккул, рушду  таҳаввули забони миллӣ ва сайри  таърихии он дар заминаи осори муътамаду муътабари марбути соҳа,  қиёсан бо ахбори сарчашмаҳои  адабию  таърихии  асримиёнагӣ  таълиф шудааст. Чунонки аз унвони китоб бармеояд, бузургтарин  рисолати  таърихии бар уҳда доштаи забони ҳар миллат  бақобахшӣ  ба  пойдорию  ҳастии миллат аст. Аз  тарафи дигар, дар  асар таъкид мешавад, ки забони миллӣ, пеш аз ҳама, сатҳи тафаккур, ҳофизаи таърихӣ, ҷаҳонбинӣ,  ормонҳои миллӣ буда, мартаба ва эътибори миллатро меафзояд. «Ҳамаи  мо  бояд  дар  хотир дошта  бошем,  ки  забони тоҷикӣ  дар  ҳама  даврони таърихи  тӯлонии  халқамон нишонаи гӯёи ҳастии мо ва омили  муҳимтарини  ҳифзи мероси  камназиру  гаронмояи  аҷдоди  некному  хирадмандамон  будааст.  Ин забон  забони  сулҳу  дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист.  Гузаштагони мо  низ  забони  хешро  маҳз бо ҳамин сифатҳои олии он ситоиш кардаанд».

Яке аз умдатарин иқдомҳои Ҳукумат ва давлат, роҳандозии  озмунҳои ҷумҳуриявӣ,  ба  монанди “Фурӯғи  субҳи  доноӣ  китоб аст”, “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” ба  шумор  мераванд.

Муҳим он аст, ки озмунҳои мазкур бевосита бо ташаббус ва  иқдомҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  созмон  дода шудаанд, ки баҳри  болоравии ҳамаҷонибаи илму фарҳанги миллӣ комилан мусоидат мекунад.

Сироҷиддини ЭМОМАЛӢ,
декани факултети филологияи ДМТ,
доктори илми филология, профессор