ҶОЙГОҲИ ДОНИШ ВА СУЛҲ БУЗУРГ АСТ

Омӯзишу мутолиаи пайваста, азхуд намудани донишҳои замонавӣ ва мутолиаи мунтазаму заҳмати зиёд шахсро дар ҷомеа соҳибэҳтиром мегардонад. Дар ин замина ба масъалаи омӯзиш дар кишвари мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки ҷалби бештари аҳли ҷомеа, махсусан, наврасону  ҷавонон ба омӯзишу донишазхудкунӣ аз сиёсати маорифпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.  Сарвари кишвар чун анъана, ҳар сол дар рӯзи 1 сентябр дар ҳузури хонандагону донишҷӯён, аҳли маориф ва илми кишвар суханронӣ  менамоянд. Пешвои миллат дар суханронии хеш вазъи мураккаби  ҷаҳони имрӯзро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҳалли саривақтии  ҳамгуна масоили марбут ба таълиму тарбияро таъкид бинмуда, дар назди кормандони маориф вазифаҳои мушаххас мегузоранд.

Албатта, Дарси сулҳ унвон гирифтани машғулияти аввал дар соли хониш бе ҳадаф нест. Мо хуб медонем, ки ба амнияти ҷаҳони имрӯза  терроризму ифротгароӣ ва даҳҳо падидаи дигари хатарафзо таҳдид  мекунанд. Аз ин рӯ, бояд дар ин масъала  бетараф набошем ва мунтазам  талошу муборизаро ба таври дастаҷамъона идома бидиҳем. Барои  расидан ба ин ҳадафҳо зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар зинаҳои аввали таълим наслеро ба камол расондаю тарбия намоем, ки  тавонад дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии дастовардҳои кишвар дар арсаи ҷаҳон саҳмгузор бошад. Бо ин мақсад Пешвои миллат дар  суханрониҳои худ ҳамеша таъкид медоранд, ки дар ҳамбастагӣ бо ҷомеа  ва аҳли маорифи кишвар метавон ба хатарҳои ҷаҳони муосир муқовимат  кард. Ҳамин аст, ки ҷавҳари асосии суханронии Пешвои миллатро дар Рӯзи дониш масъалаҳои амният ва ҳифзи арзишҳои милливу  умумибашарӣ дар бар мегиранд. Зеро Рӯзи дониш дар ҳамаи мактабҳои мамлакат бо Дарси сулҳ оғоз мешавад, чунки ваҳдату ягонагӣ ва амният барои кишвари мо ва аҳли олам азизу муқаддас ва муътабаранд.

Дар ин маврид Пешвои миллат бамаврид таъкид намудаанд:  «Наслҳое,  ки  аз  оташи  ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ гузаштаанд, имрӯз  бе  ҳеҷ ташвиқу тарғиб худашон ба посдорону нигаҳдорони сулҳ табдил  ёфтаанд. Вале, ҳамзамон бо ин, бояд таъкид кард, ки мо ин арзишҳои  баландро ба насли ҷавон ва фарзандони худ ҳамеша талқин намоем. Зеро сулҳу субот вақте устувор ва доимӣ мегардад, ки он ба фарҳанги мардум  ва ба яке аз рукнҳои асосии ҷаҳонбинии насли наврас табдил ёбад. Хушбахтона, мо сулҳро ҳамчун воқеияти ҷамъиятӣ ва падидаи ҳуқуқиву  сиёсӣ ба даст овардем ва имрӯз бори дигар шукргузорӣ  мекунем, ки дар муҳити сулҳу субот зиндагии осуда дорем. Вале акнун замони он расидааст, ки мо мафҳуми сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро  ҳамчун  фарҳанги зиндагии мардум васеъ ва амиқ гардонем. Дар марҳалаи нави рушди кишвар мо бояд сулҳу ризоияти миллиро ҳамчун як фарҳанги умумимиллӣ  ташаккул  диҳем. Зеро сулҳу ризоият шарти бақо, пешрафт  ва ояндаи дурахшони  мардуми  Тоҷикистон  мебошад».

Аз ин суханони ватандӯстонаву сулҳпарваронаи Пешвои миллат хуб дармеёбем, ки сулҳу субот барои мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст  наомадааст, аз ин рӯ, онро чун гавҳараки чашм азизу муқаддас бояд  дошт  ва  ҳамчун  арзиши баланди миллӣ ҳифз ва таҳким бахшид. Барои ин зарур аст, ки шогирдонро ба дарку азхуд намудани моҳияти мафҳуми сулҳу субот ва маърифати шинохти ҳаводиси печидаю мураккаби сиёсии  ҷаҳони имрӯза водор намоем. Вазъи ҷаҳони муосир тақозо мекунад, ки  ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фирефтаи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ нагардем ва баҳри пешрафти кишвари азизамон  хидмати шоиста бинамоем. Ҳамин сулҳу субот ва таъмини амнияти  миллист, ки тамоми соҳаҳо дар кишвари мо бавусъат рушд менамояд ва дастовардҳо сол ба сол афзун  мегарданд.  Бунёди  нақбу роҳҳо,  биноҳои  муассисаҳои нави таълимӣ, корхонаҳо… бомаром идома меёбад. Ҳадафҳои стратегии  мамлакат  тадриҷан татбиқ гардида истодаанд. Дар заминаи ҳадафи чорум – саноатикунонии  босуръати  кишвар гомҳои устувор гузошта мешавад. Инчунин, сохтмони НБО «Роғун» босуръат идома ёфта, коргарону сохтмончиёни ин иншооти  аср бо дили гарму иродаи матин дар бунёди он саҳм мегузоранд. Дарвоқеъ, он рӯз дур нест, ки кишвари мо ба бузургтарин  тавлидкунандаи неруи барқ дар минтақа табдил ёфта, ҳамзамон, корхонаҳои зиёди саноатии бузург сохтаву мавриди истифода қарор мегиранд.

Воқеан,  дар  суханронии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш масъалаи ба омӯзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар  меҳвар  қарор  дошта,   заминаи  асосиро  барои  фаъолияти  серпаҳлуи  аҳли маориф фароҳам  меорад. Агар ба асарҳои  мондагори  мутафаккирону донишмандони  тоҷик назар афканем, дармеёбем, ки  масъалаи донишу омӯзиш ҳамеша  дар мадди таваҷҷуҳи эшон қарор доштааст ва онҳо бо осори ҷовидонаи  худ баҳри рушди илму маориф хидмати арзанда анҷом додаанд.  Мазмуну муҳтавои асарҳои донишмандони  тоҷик  ба  ҷустуҷӯву дарёфти  роҳҳои  омӯзиш  ва азхуд  намудани  илму  дониш нигаронида  шудааст  ва ҳамин омил  буд,  ки  онон кашфиёту дастовардҳои бузургро барои аҳли башар эҳдо кардаанд. Асарҳои арзишманди онҳо, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ҷалб намудааст  ва  дар  рушду  инкишофи  илми  ҷаҳонӣ   такони ҷиддӣ бахшидаааст, шаҳодати ин гуфтаҳост. Осори  мутафаккирони бузурги тоҷик.

Закариёи Розӣ, Абуали ибни Сино, Ал-Хоразмӣ, Хайём, Хоҷа Насриддини Тӯсӣ ва дигарон ҳамчун сарчашмаи муътамад дар омӯзиши илми тиб, ҳандасаву ҷуғрофия ва фалсафа ба шумор мераванд. Аз асри XVI «Ал-Қонун»-и Ибни Сино ва «Тибби  Мансурӣ»-и  Закариёи  Розӣ  дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун китоби дарсӣ истифода мешуданд. Дар баробари ин, дастоварду кашфиёти олимони муосири  тоҷик дар ҳама соҳаҳо сазовори таҳсин ва ифтихор мебошад.

Шоирону нависандагони муосири мо низ дар эҷодиёти хеш ҳамеша  омӯзиши илму донишро тавсифу талқин бинмудаанд. Аз ин рӯ,  истифодаи суханони ҳикматбори онҳо дар раванди дарс манфиатманд буда, барои камолоти  маънавии  хонандагон хидмат хоҳад кард.

Дар зер чанде аз  суханони маърифатбахши Пешвои миллатро доир  ба омӯзишу мутолиа меорем, ки ҳар яке дастури роҳнамо барои насли наврас ва ҷавонон мебошанд.

***

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш дар саросари кишвар далели эҳтироми баланди давлат ва мардуми Тоҷикистон  ба  илму маориф  ва  донишу маърифат мебошад ва ҳамчунин, анъанаи некест, ки  омӯзгорону  устодон ва шогирдони муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти  мамлакатро  ба  сӯи  дастоварду комёбиҳои  нав  раҳнамоиву дилгарм месозад. Мо дар оғози соли таҳсил ҳамчун анъана Рӯзи донишро бо  Дарси сулҳ оғоз мекунем, зеро ин ду мафҳум, яъне Дониш ва Сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд.

***

Дар ҷараёни навсозӣ бояд ба омӯзиши  фанҳои  дақиқ,  махсусан,  риёзӣ  ва  табиатшиносӣ, технологияҳои  иттилоотиву коммуникатсионӣ  ва  забонҳои хориҷӣ,  аз  ҷумла,  русиву англисӣ  эътибори  ҷиддӣ  дода шавад,  зеро  таълими  самараноки  ин  фанҳо  барои  ояндаи Тоҷикистон  ниҳоят  муҳим буда,  вусъат  ёфтани  тафаккури  техникиву  ҷаҳонбинии истеҳсолӣ шарти зарурии рушди  соҳаҳои  ҳаётан  муҳимми иқтисоди миллӣ мебошад.

***

Дар  замони  ҷаҳонишавӣ  ва рушди босуръати илму техника ин мафҳум маънои комилан нав ва  бисёр  фарох  касб  кардааст. Акнун  нафаре  босавод  шуморида мешавад, ки на танҳо хонда  ва  навишта  тавонад,  балки маҷмуи  донишҳои  муназзами замонавӣ  дошта,  забони  давлатиро  дар  сатҳи  аъло  донад, инчунин, як ё ду забони хориҷӣ ва  тарзи  дурусти  истифодаи технологияҳои  имрӯзаро  азхуд карда бошад.

***

Дар  шароити  кунунӣ  ба омӯзиши  фарҳанги  миллӣ ҳамчун  омили  муҳимми  рушди маънавии шахсият таваҷҷуҳ зоҳир кардан зарур аст. Зеро ташаккули ҳисси зебоишиносӣ ва дарки  амиқи  фарҳанги  миллӣ дар  зеҳни  хонандагон  эҳсоси баланди  ватандӯстиро  бедор намуда,  онҳоро  ба  омӯхтани осори  адабиву  фалсафӣ  ва иҷтимоиву  маънавии  мутафаккирони  гузаштаи  халқамон водор  мекунад.  Ба  ин  васила мо  дар  роҳи  ба  воя  расонидани  насли  замони  нав  ва  дорои ахлоқи баланди инсонӣ қадами устувор мегузорем.

***

Дар замони муосир аҳамияти илму  савод  рӯз  аз  рӯз  болотар рафта, он барои ҳастӣ, рушд ва зиндагии  саодатманди  халқу миллатҳо  моҳияти  ҳаётӣ  гирифтааст.  Акнун  тавоноии давлат ва миллатро маҳз сатҳи донишу маърифати онҳо муайян мекунад. Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин  ҳадафҳои  давлати мо дар оянда фарогирии кулли ҷомеа бо маърифату ҷаҳонбинӣ ва  илму  донишҳои  муосир хоҳад буд.

***

Бо  мақсади  баланд  бардоштани  сатҳи  донишу  маърифатнокии  мардуми  кишвар  ва махсусан,  наврасону  ҷавонон, ҳарчи  бештар  ба  китобу китобхонӣ  ҷалб  кардани  онҳо, беҳтар гардонидани сифати хониш,  такмили  маҳорати  суханшиносиву  сухангӯӣ,  рӯ  овардан ба осори адибони номвари тоҷик ва ҷаҳон, эҳтиром гузоштан ба таърих, забон, илму адаб ва  фарҳангу  тамаддуни бостонии миллӣ,  яъне  дар  маҷмуъ, тарбияи маънавии ҷомеа озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро роҳандозӣ кардем.

Дарвоқеъ, суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҳамчун дастури роҳнамо дар рушду инкишофи соҳаҳои маориф ва илми кишвар ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиш ва бартараф намудани мушкилоти соҳа хидмати муассир хоҳад кард.

Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»