ЗИ РОҒУН САЛОМ!

Давлат Сафар аз шоирони пешгоми даврон буда, ҳар як сурудааш падидаи тозаест дар олами адаб. Дар Тоҷикистон хонандагону сарояндагони зиёде ба эҷодиёти ӯ рӯ меоранд ва мутолиа мекунанду сурудаҳои зебояшро месароянд. Ровиён дар ҷашнҳову маъракаҳо бо ашъори шоир, хосатан, рубоиёти ӯ маҳфилороӣ менамоянд. «Падарнома» ва «Бародарнома»-и ӯ беҳтарин марсияҳоро фарогиранд.

Дар баробари ашъори лирикӣ рӯй овардани Давлат Сафар ба  достонсароӣ аз  қобилияти  баланди  ӯ  дарак медиҳад. «Достони  асп»  ва  «Достони  об»  далели  гуфтаҳои  болоянд.

Нигоштаи нави адиб «Достони Роғун» мебошад, ки ба қарибӣ мунташир  шуд  ва  хеле  баландғоя мебошад. Ҳамаи достонҳои шоир дар  вазни  мутантани  «Шоҳнома» эҷод шудаанд. Достони наваш низ бо ин вазн эҷод гардидааст.

Корзори Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар шеъру таронаҳои шоирони  зиёд  тасвир  ёфтааст,  вале «Достони  Роғун»  нахустин  асари калонҳаҷми  назмӣ  дар  ин  мавзӯъ мебошад.

Он аз муқаддима, ҳафт боб ва хотима  иборат  буда,  шумораи байтҳояш ба 374 мерасад.

Сурудае ба номи «Зи Роғун салом», ки дар шакли  чаҳорпора эҷод  шудааст, ба достон хишти асос мегузорад. Ин  сурудаи пурбаҳои Давлат Сафар аз писари Ватан будани муаллифаш гувоҳӣ медиҳад ва ҳамаи  хонандагонро водор мекунад, ки гарди хоки Ватанро чун сурма ба  дидагон  кашанд:

…Ба рӯҳи бузургони ганҷи сухан,
Ба Фарҳоди дилташнаи кӯҳкан,
Ба шамъи шабистони ҳар анҷуман,
Ба роғунситези бурун аз Ватан
Зи Роғун салом!…

…Ба ҳар пора сангу ба ҳар пора хишт,
Ба ҳар пуштаи сабзу саҳрои кишт,
Ба эҷодкори хати сарнавишт,
Ба роғунпарасту ба роғунсиришт
Зи Роғун,
Зи Роғун,
Зи Роғун САЛОМ!

Бобҳои минбаъда  «Номи Роғун», «Бунёди шаҳри  Роғун», «Ҳикмати нур», «Эмомалӣ Раҳмон ва Роғун», «Оғози кори Роғун», «Бастани  маҷрои Вахш», «Санои коргарони Роғун» ва «Хотима» номгузорӣ  шудаанд  ва  ҳама  дар шакли маснавӣ эҷод гардидаанд.

Ҳар сатри ин достон дар ниҳоди хонанда ҳувияти миллиро бедор мекунад ва дар дили  ҳар  ҷавонмард эҳсоси рӯзе дар ин сохтмони бузург кор карданро мепарварад.

 Давлат Сафар тавонистааст дар достони хеш ба тарзи басо доманадор, бо ҷузъиёти ҷолибу хотирмон аз нақши  беназири  бунёдсози ин сохтмони бузурги аср — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври бадеӣ ва муассир ёдовар шавад.

Ҳамаи мо медонем, ки ҳангоми ҷанги  шаҳрвандӣ  таҳҷизоти Роғунро ба яғмо бурданд ва ҳеҷ кас гумон намекард, ки кори сохтмон дубора роҳандозӣ мешавад. Маҳз дасти тавоно ва қалби пурҷӯши ин абармарди  замон  номи  Роғунро дубора зинда кард.

 Шоир дар бобҳои «Номи Роғун» ва «Бунёди шаҳри Роғун» аз  таърихи ин мавзеи дилрабо ҳарф мезанад. Ӯ ёдовар мешавад, ки ба ҷои деҳаи Майдон дар баландӣ шаҳри замонавие  бунёд гардид, ки он  Роғун номгузорӣ шуд. Шоир ба ҷанбаи этимологии ин калима диққат дода, онро  бо вожаҳои дилкаш шарҳ медиҳад:

Ту гуфтӣ, ҳаме водии раҳмат аст,
Ки дар ҳар ваҷаб хоки он неъмат аст…

Ё ки:

Дар ин исм фарқе на чандон бувад,
Ки Роғун ҳамон айни Роғон бувад.

Ё ки:

Бихонанд Роғун варо мардумон,
Ки ободу зебост, рашки ҷаҳон.

Боби дигари асар «Ҳикмати нур» ном дорад. Нур дар луғат шомили маъниҳои зиёд аст. Партав,  тобиш, рӯшноӣ, фурӯғ, зиё, шуоъ ва  ғайраҳо  дар  қалби  ин вожа ҷойгиранд.

Дар  аҳди мо ин  вожа  боз  ҳам маъноҳои нав пайдо кардааст ва нури барқ аз ин вожаҳои нав аст. Шоир нурро ситоиш мекунад ва сарчашмаи нур будани ин иншооти муҳимро дар вожаҳои мутантан тасвир менамояд:

Раҳи об нуру раҳи хок нур,
Заминро кушояд зи афлок нур.

Зи нур аст оташ, зи нур аст об,
Зи нур аст ин хокро обутоб.

Шоир дар боби «Эмомалӣ Раҳмон ва Роғун» аз қудрати Иттиҳоди  Шуравӣ, фурӯпошии он ва саранҷоми НБО «Роғун» ёдовар мешавад,  Истиқлоли миллӣ ва ба сари қудрат омадани Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро меситояд. Шоир мегӯяд:

Фурӯ баст дарвозаи ҷангро,
Гирифта раҳи номусу нангро.

Ё ки:

Зи нав сохт бояд Ватанро, зи нав,
Барояш тану ҷон бубояд гарав.

Нуқтаи авҷи достон боби «Бастани маҷрои Вахш» мебошад. Ба  булдозер нишастану ба кор оғоз бахшидани  Пешвои миллат  Эмомалӣ  Раҳмон марҳалаи муҳими кор  буд. Шоир ин марҳаларо бо ҳунармандӣ ба тасвир овардааст.

Ба Булдозири зард вақти набард,
Нишаст он далери писандида мард.

Биёварду бурду пасу пеш кард,
Ба ҳар бор сангу шағал беш кард…

Зи симош миллат биёмад падид,
Буд ин ҷаҳди Сарвар ба олам навид.

Давлат Сафар дар боби «Санои коргарони Роғун» корнамоиҳои онҳоро ба корнамоии Фарҳод ташбеҳ додааст ва  бо ин васила ононро сано гуфтааст:

Аё коргар, ҷони Роғун туӣ,
Музаффар дар ин кӯҳу ҳомун туӣ.

Бешубҳа, «Достони Роғун» баъди достони «Ҷанги одаму об»-и Садриддин Айнӣ муҳташамтарин асар дар мавзуи набарди инсон бо об  аст ва омӯзиши он ҳар хонандаро ба созандагӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят мекунад.

Исмоил ЗАРИФӢ,
омӯзгори МТМУ №25,
шаҳри Панҷакент