ШОҲАСАРИ БЕЗАВОЛИ МИЛЛАТ

Дар арсаи олам тоҷикон ҳамчун халқи қадимию соҳибтамаддун ва маърифатпарвар шинохта шудаанд. Аз ин ҷиҳат тоҷиконро ба ҷаҳониён осори фарҳангиву адабӣ ва дастовардҳои илмию иқтисодиашон муаррифӣ кардаанд ва дар қатори ин омилҳо дар шинохти тоҷикон ва эътирофи онҳо чун халқи сарафрохтаву бошараф як силсила мақолаву рисолаҳо ҳам аз тарафи муҳаққиқону таърихшиносони хориҷӣ ва ҳам аз ҷониби донишварони худӣ мусоидат кардаанд. Рақамикунонии соҳаи маориф: таҷрибаи Тоҷикистон

Мутаассифона, дар тавзеҳу тавсифи таърихи халқи тоҷик қисмате аз  пажуҳишгарон ба таҳрифу ғаразу нотавонбинӣ роҳ додаанд, вале хушбахтона,  саривақт  ба  эътирози нигоҳи  воқеъбинонаву  беғаразонаи олимони таърихшинос дучор омадаанду ҳақ ба ҳақдор расидааст. Баҳсу мунозираҳо ва махсусан, хӯрдагириҳо перомуни халқи тоҷик ва таърихи ғановатбори ин халқ солиёни зиёде давом кардаанд. Дар ниҳоят ба майдони илму адаб омадани ду асари бузург дар давраҳои муайян ба он ҳама баҳсу мунозираҳо ҷавоби қотеъ, сазовор ва хеле неруманд  гардидааст. Ин ду шоҳасари сипаргунаву бузургу тавоно барои  миллати  фархундаи тоҷик «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ ва «Тоҷикон»-и устод Бобоҷон Ғафуров мебошанд, ки муаллифони диловару ватанпарварашон дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ сазовор  ба унвони  олии  Қаҳрамони Тоҷикистон гардиданд.

Китоби «Тоҷикон» асари  бунёдӣ буда, тамоми марҳилаҳои таърихи пурҳаводису пурихтилоф ва саршор аз корномаи халқи тоҷикро фаро мегирад ва дар такя ба муътамадтарин далелу арқом, ҳамбаста ба  афкору мулоҳизаҳои саҳеҳу раднопазир иншо шудааст. Аллома  Б.Ғафуров дар ягон сафҳаи ин китоби бузург ба хурдтарин таҳриф  роҳ  надодааст ва ҳаргиз аз марзи воқеиятнигорӣ берун нарафтааст. «Тоҷикон» аз ду китоб: 1. «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва  асри миёна», 2. «Тоҷикон. Охирҳои асри миёна ва давраи нав» иборат  буда, ба шаш фасл даврабандӣ шудааст. Муаллиф бо ҳадафи ҳар чи  васеътар ва комилтар инъикос кардани таърихи тоҷикон ҳам ба аввалин ва қадимтарин далелу мадракҳо (аз аҳди палеолиту сохти пеш аз қабилавӣ), ҳам ба паҳлуҳои зиндагии халқ (иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, илм, адабиёт…) ва ҳам робитаҳои тоҷикон бо халқу кишварҳои дигар дахолат мекунад. Халқи  тоҷик дар китоби аллома  Б.Ғафуров  ҳамчун халқи тамаддунхоҳу фарҳангӣ, ҳунарманду бохирад, далеру  шуҷоъ, ватанпарвар ва сулҳхоҳу шарафманд ба тасвир омадааст.  Далелҳои  «Тоҷикон» собитгари онанд, ки дар  ҷодаи ҳифзи марзу буми  аҷдодии худ халқи тоҷик корнамоиҳои зиёде кардаву ҳаргиз пеши  душманону нотавонбинони хеш дасти таслим боло набинмудааст.

Таърихи ин халқи сарафрохта саросар ибратбору омӯзанда  буда,  дар тамои олам беҳамтост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба китоби «Тоҷикон» баҳои баланд дода, онро, аз ҷумла, чунин ситоиш  кардаанд: «Шоҳасари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров  «Тоҷикон»  шиносномаи миллати мо буда, дар ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии тоҷикон хизмати шоиста кардааст.  Итминони  комил  дорам, ки  китоби  мазкур  солҳои  баъдӣ  низ рисолти худро иҷро карда, ба болоравии ҳисси  ватандӯстии  наслҳои  ояндаи кишвар  мусоидат  менамояд.  Маҳз осори  мондагори  Бобоҷон  Ғафуров пояи  бунёдии  омӯзиши  таърихи  халқи тоҷикро ташкил дод».

Хушбахтона,  бо  иқдоми  хеле барҷаставу  ватанпарваронаи  Пешвои миллат ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон» бо теъдоди зиёд чоп ва ба ҳар як хонадони тоҷикистонӣ тақдим гардид. Акнун ин шаҳкитоби миллат узви  ҳар як оилаи кишвар буда, мунтазам  мавриди варақгардонию мутолиа қарор мегирад ва дар таҳкими ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандории  ҳамагон  нақши  муҳим мегузорад.

Гулбону ЮСУФОВА,
омӯзгори таърихи мактаби №97-и шаҳри Душанбе