НАХУСТОФАРИНИШ ХИРАДРО ШИНОС

Донишу хирад аз ҷумлаи муқаддасоте ба шумор мераванд, ки аз  оғози ҳастии инсоният  арзишу аҳамияти  муҳим  дар  рӯзгорони  мардум доштаанд. Беҳикмат нест, ки Ҳаким Фирдавсии Тусӣ хирадро нахустин офаридаи Худованд шинохтаву  «Шоҳнома»-и  безаволи хешро ба номи Худованди ҷону Хирад оғоз бахшидааст:

Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад.
Нахустофариниш хирадро шинос,
Нигаҳбони ҷон асту они сипос.

Дар андешаҳои устоди шоирон  —  Одамушшуаро Рӯдакӣ низ дониш дар мақоми чароғи равшангари дил  ва ҷавшан дар муқобили ҳама гуна бадиҳо шинохта шудааст. Ҳамин тавр, вақте мо марҳила ба марҳила ба сайри таърихи афкори бузургони адабиёти гузаштаи хеш руҷуъ мекунем, маълум мешавад, ки донишмандону мутафаккирони форсу тоҷик  ҳамеша дар баробари  ин  ки  илму  донишу  хирадро ситоиш  намудаанд,  садҳо ҷилд хирадномаву донишнома навиштаанду ба мақоми ин гавҳару ганҷинаҳои бузурги ҳастӣ арҷ ниҳоданд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳ ба донишу донишандӯзӣ дар кишвари мо тақвият ёфта, барои омӯзиши ҳамаҷонибаи тамоми намудҳои илм, хоса илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ шароити мусоид фароҳам омадааст. Ғамхорӣ ба донишандӯзии насли наврас дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар нахустрӯзи  моҳи  сентябр  дарҳои макону махзани донишандӯзӣ аз нав ба рӯи шогирдону  фарзандони мо, ки ояндасозони Ватани маҳбубамон  мебошанд, боз  мешаванд. Кӯдакону наврасон ва ҷавонони мо бо неруи тозаву азми қавӣ ба донишандӯзӣ машғул шуда, сатҳи маърифату маънавияти худро дар асоси ҳидоят ва  раҳнамоиҳои  устодони хеш боз ҳам боло мебаранд.

Яке аз падидаҳои нодири сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҷлили Рӯзи дониш баргузор гардидани Дарси сулҳ мебошад. Солҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар бунёди таълимгоҳҳои нав ва ба таври замонавӣ  таҷҳизонидани  онҳо  вусъат ёфта, бахши аъзами макотиби мамлакат бо  компютер ва технологияҳои навини таълимӣ  таъмин  гардидаанд.  Аҳли маориф низ бо баҳрамандӣ ва файзгирӣ аз ин ҳидоятномаҳо ифтихорманд  мешаванд, ки  бузургтарин ва  пуршарафтарин  масъулият – донишомӯзӣ ба насли наврасро ба дӯш доранд ва баҳри иҷрои муваффақонаи ин  рисолати бузурги хеш  онҳо  бо  тамоми  ҳастӣ  ва  бо  камоли масъулият фаъолият менамоянд. Ин масъулияти бузурги омӯзгору устодро Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид  намуда,  барои тақдири заҳматҳои устодону омӯзгорон ҳамеша кӯшишу талошҳои бесобиқа зоҳир мекунанд. Соли 2014 дар яке аз чунин дарсҳои омӯзандаи худ Пешвои миллат ба мақоми  омӯзгор  дар  ҷомеа  баҳои баланд дода, аз ҷумла, таъкид дошта буданд: «Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин, омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад». Дар баробари ишорат ба  мақоми  омӯзгор  ин  ҷо  рисолати  касбии  раҳнамояндагон  ва  афрӯзандагони чароғи  ҷомеа  аз  ҷониби  Пешвои  миллат ба таври дақиқ муқаррар шудааст. Дарси сулҳ ном гирифтани ин дарси раҳнамову  раҳкушо беҳикмат нест, зеро яке аз бузургтарин  дастоварди  замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ба  шумор  меравад. Рисолати наслҳои имрӯзу фардост, ки бояд ба қадри ин ду неъмати бебаҳои замони соҳибистиқлолӣ бирасанд, зеро маҷмуи ин шукӯҳу нусрати мо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз  ҷумла, маориф аз баракоти сулҳу ваҳдат аст.

Имсол низ аҳли илму маориф бо камоли сидқу ихлос барои  шунидани Паёми маорифпарваронаи Пешвои миллат омодагӣ  мегиранд. Муҳимтарин навгониҳо дар соли нави хониш таҳияи Стандартҳои таълими фанҳо, таҳрири тозаи барномаву нақшаҳои  таълимӣ ва таълифи  нашри  китобҳо  барои  насли нав  ба  шумор  мераванд.  Ин  навгониҳо, бешубҳа,  ба  дастовардҳои  шоиста  дар соҳаи  таълиму тарбия мусоидат намуда, дар амри тақвияти сифату самараи фаъолияти омӯзгорон нақши  муассир хоҳанд гузошт. Дар баробари  ин,  ба ифтихори 1 сентябр — Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки устодону  омӯзгорон ин санаи  фархундаро  бо эҳтиром ба донишу сулҳ  ва ҳидояти  Пешвои миллат оғоз мекунанд, мо шоҳиди корномаҳои наву созанда мегардем. Боз паёме аз  рушду  нумуи  соҳаи маориф,  бунёди  биноҳои  наву  замонавӣ, пешрафтҳои  назарраси  аҳли  илму  маориф мерасад. Ин оғози соли нави таҳсил аз он ҷиҳат ҳам фархунда барои аҳли илму  маориф  аст,  ки  моро  ба 31-солагии Истиқлолияти  давлатӣ,  30-солагии Иҷлосияи  шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикисон  мепайванд,  ки рӯйдодҳои муҳими сол ба шумр мераванд. Бешубҳа, аҳли маориф чун қувваи бузурги маънавӣ дар амри таҷлили шукӯҳманди ин ду санаи бузурги миллат саҳми арзандаи  хешро  мегузоранд. Самараи  фаъолият,  ҳосили  талошҳои  пайгиронаи  аҳли маориф ва туҳфаи арзандаи онҳо ба ин ҷашнҳои бузурги миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва камолоти маънавӣ ба шумор меравад. Неруи бузурги омӯзгорон аст, ки метавонад наслҳои фардосози Ватанро тарбия ва ба камол расонад ва ин, бешак, беҳтарин ҳадяи онҳо ба ҷашнҳои бузурги миллист.

Обидҷон МАҲМУДЗОДА,
корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон