СУЛҲУ ДОНИШ ТАҲКИМБАХШИ ҲАМДИГАРАНД

Суханони ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Сулҳ ва Дониш

Халқи мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро мардуми тоҷик бо айби як идда ашхоси хоину зархарид, роҳбарони  баъзе  аҳзоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ  бунёд намуда, мазҳаб ва фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуданд. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар сол дар кишвари мо соли хониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд.

***

Ҳангоми дарси сулҳ омӯзгорон бояд ба шогирдони худ аҳаммият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории  давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намоянд.

***

Фарзандони мо бояд хуб дарк намоянд, ки омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар танҳо дар сурати пойдории сулҳу оромӣ ва амнияти ҷомеаву давлат имконпазир мебошад.

***

Дар кишвари мо Рӯзи дониш баробари дарси сулҳ арзиши баланд дошта, шогирдони муассисаҳои таълимӣ ва волидайну омӯзгорони онҳо ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол менамоянд.

***

Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд. Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст.

***

Ҳар кадоми шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.

***

Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва  роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст.  Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву  ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро  дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд.

***

Ба қадри сулҳ ва ваҳдати миллӣ расидан вазифаи муқаддаси ҳар яки мо  ба ҳисоб рафта, дар баробари ин, аз аҳли зиё, омӯзгорон, падару  модарон ва умуман, кулли бузургсолон тақозо мегардад, ки ба  ҷавонону  наврасон моҳияти сулҳу ваҳдат, истиқлолияти давлатӣ ва сарҷамъии  миллатро пайваста талқин кунанд ва барои ҷовидон мондани ин арзишҳои бузурги миллӣ кӯшиш намоянд.

***

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳаммияти  бузурги  соҳаи  илму маориф  ба  масъалаи  бунёду сохтмони  иншооти наву замонавии таълимӣ ва фароҳам овардани шароити  мусоид барои баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати наврасону ҷавонон ҳамеша эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Зеро мо хуб дарк  мекунем, ки дастгирии  соҳаи маориф ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас  –  сармоягузорӣ ба ояндаи ободи Ватан, пешрафти  давлат, осоиши  ҷомеа  ва  сарбаландии миллат мебошад.

***

Дар ин раванд, аз ҳар яки шумо-устодону омӯзгорони  муҳтарам тақозо  мешавад, ки ба масъалаи такмили дониши худ, азхудкунии навгониҳои  илму  техника, навовариву эҷодкорӣ  муносибати ҷиддӣ дошта бошед  ва  ба масъалаи таълими фанҳои табиатшиносиву дақиқ эътибори  аввалиндараҷа диҳед.

***

Миллати мо аз қадим соҳиби хату савод, девону дафтар ва соҳибмаърифату донишманд  буд. Гузаштагони мо барои мову шумо ва аҳли башар мероси бисёр гаронбаҳову пурқимат, яъне  осори ҷовидонаи илмиву адабиро ба мерос гузоштаанд. Омӯхтану аз худ  кардани ин мероси бузург барои ҳар яки мо бояд шараф бошад. Такроран таъкид менамоям, ки  пешрафти давлат, ояндаи осудаи ҷомеа ва ободии Ватан аз илму дониш ва саводу маърифат сахт  вобаста мебошад.

***

Сулҳу  оромӣ,  суботи  сиёсӣ  ва ваҳдати миллӣ дастоварди таърихии халқи тоҷик мебошад, зеро ба шарофати ин неъматҳо мардуми мо аҳлона заҳмат кашида, то имрӯз садҳо иншооти хурду бузургро бунёд намуданд,  фаъолияти  корхонаҳои саноатиро  аз  нав  барқарор карданд,  ба кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшиданд, роҳу пулҳо бунёд карда,  кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшиданд ва  Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил доданд, барои  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шабонарӯзӣ кор карданд ва  дар  натиҷа ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муваффақ шуданд.