«ТОҶИКОН» — ФУРӮҒБАХШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Таърихи инсоният саршор аз ҳодисаву воқеаҳои гуногун аст. Варақгардонии саҳифаҳои таърих ҳар як инсонро ба гузаштаи дури халқу сарзамини худ раҳнамоӣ карда, водор месозад, ки ҳар як фард бояд аз муборизаву корнамоӣ ва кору пайкори миллати худ дар роҳи сохтану бунёд кардан, офаридани маънавиёт, ҳифзи марзу буми диёр ва қаҳрамонию ҷоннисориҳои фарзандони барӯманди сарзаминаш огоҳ бошад ва барои пос доштани ҳамаи ин дастовардҳои таърихӣ саъй намояд.
Агар мо ба саҳифаҳои таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик бо дидаи таҳқиқ назар афканем, дармеёбем, ки дар оғоз ва анҷоми ин ҳазора се ҳодисаи бузурги таърихӣ ба сари халқи тоҷик омадааст, ки ҳар кадоме бо вижагиҳои худ барои ин сарзамину ин миллат сарнавиштсоз маҳсуб меёбанд. Якум он ки, баъд аз интишори дини ислом дар сарзамини  Мовароуннаҳру Хуросон муддати дусад сол мубориза барои мондагорӣ  ва ё арабшавии қавми порсигӯ идома ёфт. Ин мубориза агар то андозае  боиси парокандагии мардуми ориёӣ гардида бошад ҳам, аз ҷониби дигар, боиси бунёд ва тавлиди забони порсии дарӣ гардид, ки бо  вижагиҳои хоси худ барои сабти таърихи минбаъдаи мардуми  эронитабор мусоидат кард. Дар баробари хилофати Араб, дар ибтидои  асри IX хонадони Сомониён, Саффориён ва Тоҳириён низ барои ба даст  овардани ҳокимият дар ин сарзамин мубориза мебурданд ва таърих шоҳид аст, ки хонадони Сомониён бо амирону роҳбарони некройи худ тавонистанд, ки ин сарзамини паҳноварро соҳибӣ намоянд. Махсусан, баъд аз ба сари ҳокимият омадани шоҳ Исмоили Сомонӣ барои рушди  бемайлони сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ заминаҳои мусоиде  фароҳам оварда шуд ва бо вуҷуди аҳли ислом будан, тибқи маълумотҳо Мовароуннаҳру Хуросон аз низоми хилофат берун шуд ва як давлати то  андозае мустақил таъсис ёфт, ки дар як муддати кӯтоҳ тамоми низоми  давлатдории худро муайяну муқаррар намуд, ки ин низом дар тӯли қарнҳои минбаъда барои сиёсатмадорон ба ҳайси меъёри муҳимми давлатдорӣ пазируфта шуд. Ҳукуматдории садсолаи бобарори давлати  Сомониён боиси он гардид, ки номи тоҷик ва фарҳангу тамаддуни эронӣ то имрӯз боқӣ бимонад. Ин давраи таърихӣ дар баробари абармардони  майдони сиёсат шоири меҳандӯст ва сухансарои шаҳири ҷаҳон — Абулқосим Фирдавсиро тавлид кард ки бо забони фасеҳу равони  тоҷикӣ дар “Шоҳнома”-и безаволаш “Аҷам зинда кардам  бад-ин порсӣ” мегуфт ва ба аҳли олам аз  мавҷудияти  миллати  тоҷик сухан мекард.
Дувум, давраи тақдирсозу сарнавиштсоз  барои  миллати тоҷик баъд аз ғалабаи Инқилоби Октябр  ва  бунёди  давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки дар оғозу анҷоми он низ давлату миллати тоҷик ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ шудааст. Дар ин замон низ баъзе кишварҳо бо сиёсати шовинистӣ ва миллатгароии худ масъалаи мондагории  миллати  тоҷик  ва забони  тоҷикиро  зери  шубҳа мегузоштанд.  Вале  ин  замон низ шахсиятҳои барӯмандеро чун устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров тавлид кард, ки бо фидокориҳои худ тавонистанд муаррифгар  ва  ҳомии ин миллати соҳибтамаддун гарданд.
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ бо вуҷуди ба даст овардани истиқлолият давраи сеюми таҳдиди парокандагӣ  ва  нестшавии миллати  тоҷик шуруъ шуд, ки ин нисбат ба ду давраи аввал гаронтар ва мудҳиштар ба назар мерасид, зеро боз ҳамон кишварҳои нотавонбин ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ мехостанд, ки номи ин сарзамин ва ин миллатро  аз  лавҳи таърихи ҷаҳон зудуда намоянд. Ҳаводиси солҳои аввал нишон  медод, ки ин манфиатҷӯён то андозае ба ғаразҳои нопок ва ҳадафҳои номатлуби хеш мерасиданд. Гурӯҳе аз онҳо бо истифода аз имону  мазҳаб ва эътиқоди исломии мардум ва гурӯҳи дигаре бо баҳонаи  бунёди давлати демократӣ мардумро мухолифи якдигар барангехтанд ва ин сарзамини биҳиштосоро оғуштаи хун карданд. Ҳар як фарди соҳибхирад шоҳид аст,  ки  ягон сарвару  роҳбар  ё  вакилу  вазир ва ягон пешвои динию мазҳабие дар  ин  солҳо  пайдо  нашуд,  ки пеши  роҳи  ин  ҳаводисро  бигирад…
Ин ҳаводиси шуми кишвар мисли ду марҳилаи пешин барои бартараф карданаш қаҳрамони меҳанпарвару миллатдӯст – Эмомалӣ  Раҳмонро вориди арсаи сиёсат кард, ки бо номи нек ва корнамоиҳову  ҷасоратҳои меҳандӯстонааш дар қалби ҳар як фарди баору номус ошёни  меҳру садоқат бунёд кард. Ин раҳбари дилсӯзи миллат, ки таҷрибаи  волои ватансозӣ дорад, моро пайваста водору ҳушдор месозад, ки ба омӯзиши таърихи миллат ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи он рӯ биёрем.
Дар ҳар се марҳилаи таърихсоз нобиғаҳои ин миллати тамаддунофар тавонистанд, ки бо асару ибрози андешаҳои мондагори  худ барои ҳифзи марзу бум ва таъриху фарҳанги халқи  тоҷик  талошҳо  варзанд. Аз ҷумла, Абулқосим Фирдавсӣ бо таълифи “Шоҳнома” дар замони салтанати Сомониён, Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров бо  пешниҳоди китобҳои “Намунаи адабиёти тоҷик” ва “Тоҷикон” ва  Пешвои муаззами миллат бо ибрози суханони мондагори таърихии “Ман ба шумо сулҳ меорам” ва осори таълифнамудааш дар замони  Истиқлоли давлатӣ дар таҳкиму такмили илму адаб ва сиёсат  хидматҳои  шоёнеро ба анҷом расониданд.
Дар ин росто, ба имзо расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди эълон намудани озмуни “Тоҷикон – оинаи  таърихи миллат” ба ифтихори 115-солагии алломаи замон – Бобоҷон Ғафуров аз иқдомҳои накуву созанда ва раҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Эълон  гардидани  чунин  як озмуни  бонуфуз  бо  ду  далел сазовори  истиқбол ва пазируфтан аст. Аввал, тавассути баргузории ин озмун мо  ба таърихи қадимаи миллати худ рӯ оварда, дубора саҳифаҳои онро  варақгардон карда, бо корнамоиҳову қаҳрамониҳои фарзандони  бузурги  миллат  ва давлатдориҳои халқи тоҷик дар масири таърихи дуру дароз ошно мегардем. Сониян, ба чеҳраҳои мондагори олимону  муаррихони миллат чун аллома Бобоҷон Ғафуров, ки дар дарозои таърих тавонистаанд, ки бо заҳмату талош ва ковишҳои илмии худ корномаи миллати тоҷикро бо назару афкор, таҳлилу таҳқиқ, қиёсу баррасиҳо дар саҳифаҳои кутуби бешуморе сабт кардаанд, ошно  гардида,  барояшон арҷу эҳтиром гузоранд.
Таърихнависию таърихнигорӣ яке аз илмҳои хеле қадима буда,  ҳаёту саргзашти инсон ва кишварҳоро мавриди баҳси илмӣ қарор  медиҳад. Аз оғози зуҳури инсону давлату давлатдорӣ то имрӯзу фардоҳои дигар  таърих  аст,  ки  дар саҳифаҳои  кутуб  ва  хотираҳо сабт  мегардад. Яке аз мушкилтарин тахассусҳо низ муаррих будан аст, зеро барои исботи далелҳо ва овандҳои таърихӣ доштани хотираи қавию истеъдоди баланди муқоисаву баррасии  ҳодисаҳои  гуногун  хеле муҳим аст. Муаррих барои он ки як ҳодисаи таърихиро аз нигоҳи илмӣ собит созад, зарур аст, ки садҳо китобу дастхатро варақ занад ва даҳҳо бозёфтҳои қадимиро  мавриди  омӯзишу баррасӣ қарор диҳад.
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров низ дар асоси ҳамин  принсипи илмӣ таълиф гардидааст. Муаллиф барои таълифи асари худ  тамоми  неруи  зеҳнӣ  ва  донишу  маҳорати илмияшро  равона  сохта, ба ҳайси як муаррихи дақиқназар аз торикиҳои таърихи башар мақому  манзалати миллати тоҷикро бо шамъи хиради меҳанпарваронааш ҷуста, ба ҷойгоҳи миллати тоҷик ва ба муборизаҳову бунёдкориҳо, ҷангу  пайкорҳо дар муқобили тамоми аҷнабиён ба хотири ҳифзи сарзамин,  марзу бум, забону фарҳанг ва умуман, тамаддуни офаридаи ин миллат  рӯшанӣ андохтааст. Ин рӯшаниро мо дар тамоми саҳифаҳои китоби  мондагори аллома  Б. Ғафуров  мушоҳида менамоем.
Пешвои муаззами миллат, пеш аз ҳама, бо ин иқдоми наку ҳар як  фарди ин миллатро водор месозад, ки миллати тоҷик дар масири таърих аз миллатҳои фарҳагию соҳибтамаддун буда, дар рушди аксари тамаддунҳои ҷаҳонӣ саҳм ва нақши созгоре гузошта, ҳамзамон, талош ба  он варзидааст, ки фарҳангу тамаддуни худро аз омезишу нестшавӣ ҳифз намояд.
Дар замони Шӯравӣ, ки ба таъриху фарҳанг ва рушди забону  адабиёти дигар миллатҳо камтар таваҷҷуҳ мешуд, аз ҷониби аллома Бобоҷон Ғафуров таълиф гардидани шоҳасари “Тоҷикон” қаҳрамонӣ буд ва он андешаҳое, ки ин асар дар замони Шуравӣ таълиф  шудаву  моҳияти он замонро инъикос кардааст, куллан ботил аст. Дар асари худ аллома Б. Ғафуров принсипҳои таърихнигории замони Шӯравӣ ва  методологияи  илмии  замонро риоя карда, факту далелҳои таърихиро бе таҳриф, дар асоси таҳлилу баррасиҳои илмӣ оварда, ҳар яки онро бо назару афкори илмии худ ва дигар  олимон санҷидаву собит сохтааст, ки чунин муносибати илмӣ заҳмати муаррих ва китоби ӯро аз ҳамон замон  то  имрӯз  ва  ояндаҳо  низ мондагор хоҳад сохт.
Мо – аҳли маориф ва илми кишвар, боварии комил дорем, ки  иқдоми накуи Пешвои муаззами миллат дар мавриди баргузор  гардидани озмуни “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” аз ҷониби  аҳолии кишвар, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯён,  омӯзгорону устодон,  олимону масъулони соҳаи маориф ҳамовозӣ пайдо мекунад. Озмун чеҳраҳои нави таърихдону таърихшиносро дарёфт ва муаррифӣ хоҳад намуд.

Муҳаммаддовуд САЛОМИЁН,
президенти Академияи таҳсилоти
Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор