НБО «РОҒУН» — ОШЁНИ УҚОБОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо коргарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» (13.07.2022) Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар иттифоқҳои эҷодиро вазифадор намуданд, ки доир ба ташкили вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони неругоҳи «Роғун» ва эҷоди асарҳои адабӣ дар бораи заҳмати созандаву ватандӯстона, яъне бунёдкорони иншооти бузурги аср мунтазам чораҷӯӣ намоянд ва дар ин самт ташаббускору фаъол бошанд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ масъулияту вазифаи аҳли қалам бештар  гардидааст ва зарур аст, ки дар ин раванд бо таълифи асарҳои арзишманд дастовардҳои замони истиқлолро ба таври шоиста муаррифӣ  намоянд. Дар ин росто, нақши публитсистика бузургу мондагор аст. Дарвоқеъ, публитсистика ифодагари рӯҳияи давру замони муайян буда, мавзуи он аз ҳаёти рӯзмарра маншаъ  мегирад. Тӯли солҳои Истиқлоли  давлатии Тоҷикистон дар кишвар дигаргуниҳои азим ва тақдирсоз ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, бунёди нақбҳо, тармими роҳҳо, сохтмони иншооти азим, ба кор даровардани неругоҳҳои барқи обӣ, ба шароити  замони муосир мувофиқ гардонидани вазъи муассисаҳои таълимӣ аз маҷмуи ободкориҳое мебошанд, ки дар умум, барои баланд бардоштани  сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд. Дар  пешрафту рушди  кишвар,  ташаккули давлатдории тоҷикон ва бунёди Тоҷикистони нав хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузургу  мондагор аст. Сиёсати давлатдорӣ, шаклу шеваи роҳбарӣ, хислатҳои мардумпарварӣ,  инсондӯстӣ  ва некхоҳии  ӯ  на  танҳо  дар  ВАО, балки  дар  публитсистикаи  китобиву адабиёти бадеӣ таҷассум ёфта,  арҷгузорӣ  шудааст. Аз ҷумла, дар асарҳои публитсистии «Нақби Истиқлол», «Меъмори ваҳдат», «Мардистон», «Достони Роғун», «Ҷасорат», «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон», маҷмуаҳои «Пешво – ифтихори миллат», «Бахтофарин» ва ғайра корнамоиҳои  бемисли  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври воқеӣ ва барҷаста инъикосу тасвир ёфтааст. Дар ин  миён китоби публитсисти шинохта Шералӣ Мӯсо «Достони Роғун» (Душанбе, Адиб, 2015.– 360 саҳ.) ба раванди бунёдкорию созандагиҳо  дар  ин  сохтмон  ва қаҳрамонони арсаи меҳнат бахшида шудааст.
«Достони Роғун» аз 8 достон  иборат  аст.  Муаллиф дар  ҳар  достон  дар бораи аҳамияти Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар раванди  сохтмони он  солҳои тӯлонӣ ҳамрозу ҳамнафаси коргарон будааст, бо  як эҳсоси баланд дар боби заҳмат, азму талош ва  фидокории  бинокорон нақл мекунад, ки саршор  аз садоқат  ва  меҳру  муҳаббат ба Ватани  азиз мебошад. Достони аввал «Маҳаки номус» унвон дорад.  Публитсист дар достон бо тасвири лаҳзаҳои ҷолиб батадриҷ хонандаро бо раванди  корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти аср ошно месозад. Истифодаи  руҷуъҳои публитсистӣ ба ҷараёни  хати сужа тобеъият  пайдо  карда, дар кашфи характерҳо ва ифшои ҷаҳони ботинии шахс мусоидат  намудааст.  Муаллиф хоб  мебинад  ва  маҳз  калимаи «Роғун» ӯро аз хоби  ноз бедор  мекунад ва қалам ба даст гирифта, ба иншои  ин китоб оғоз менамояд.  Ба ёд меорад, ки  27 сол пеш, соли 1983, барои шинос шудан аз рафти сохтмон ба НБО «Роғун»  омада буд ва очерке бо номи «Ошёни уқобон» (7 октябри ҳамон сол) дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло  «Ҷавонони Тоҷикистон»  –  Н.  О.)  ба нашр расонда буд, ки онро пурра дар китоб овардааст. Дар очерк муаллиф сафари худро ба Роғун, ки  аввалин маротиба ба вуқӯъ пайвастааст, тасвир мекунад. Аз нақли  муаллиф бармеояд, ки он ҳангом  дар ин  сохтмони бузург ҳеҷ як шароит вуҷуд надошт. Доманаи андешаҳо ва ҷаҳонбинии публитсист  васеъ аст. Сухан дар бораи Роғун равад  ҳам, муаллиф дар бораи чархаи  аввали  неругоҳи барқи обӣ  сухан дар миён  гузошта, ҷузъиёти онро таҳлил  мекунад ва аҳамияти неругоҳҳоро ба хонанда баён менамояд. Ба таъкиди  публитсист, «танҳо  баъди барқарор гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ  дар  Тоҷикистон аввалин неругоҳи  барқӣ  —  дизелӣ сохта  шуд,  ки  ҳамагӣ  78  киловатт тавоноӣ дошт. Бори аввал хонадони одамонро ҷои чароғи сиёҳ — ҷин-чароғ равшании лампочкаи одие иваз кард, ки на бӯй дошту на  дуд. Шаби  соли  1937 Неругоҳи барқи обии «Варзоби Боло»  ба  одамон  ситораҳои дурахшони нур туҳфа кард. Апрели соли 1949 Неругоҳи барқи обии «Варзоби Поён» ҷумҳуриамонро чароғон карду заводу фабрика,  корхонаҳои нав ба кор даромаданд.
Баъд  неругоҳҳои  Сарбанд, Шаршара, Марказӣ…» ( с. 11)
Дар идомаи асари мустанад публитсист руҷуе ба таърих намуда,  оид ба сохтмони неругоҳ андеша намудааст, ки хонанда аз он дар бораи Роғун маълумоти зиёд ба даст меорад. Бояд гуфт, ки дар тӯли 6 соли кор дар «Роғун» дар даврони  Шӯравӣ беш аз 40 км нақб ва дар баландии 49 метр сарбанд сохта шуд. Иқтидори  неругоҳ 3600  МВт аст. Муаллиф аз он изҳори ташвиш мекунад ва афсӯс  мехӯрад, ки  дар  даврони  Шӯравӣ иддае аз шахсиятҳои номдор ва муътабар  шӯру  валвала  бардоштанд ва сохтмони НБО «Роғун»-ро аз ҷиҳати  экологӣ  барои  ҷумҳурӣ хатарнок  шумурданд.  Ҳамин тавр, сохтмони иншооти мазкур соли 1988 боздошта шуд. Аммо нафаре лозим буд, ки  ба сохтмони  иншооти  мазкур  камари ҳиммат баста, ба кори он оғоз бахшад. Ин сарсупурдаи миллатро муаллиф чунин тасвир кардааст:
«Он  рӯз,  26  сентябри  соли 2005,  ҳаво  абролуд,  ягон-ягон донаҳои  борон  ба  замин  мечакид.  Гулдухтарони  кӯҳистон Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмонро  бо  нону намак  истиқбол  намуда:  «Хуш омадед!  Нури  дида,  тоҷи  сар!» — гуфтанд. Лаҳзаи буридани лента,  ки  аз  оғози  саршавии  сохтмони  Неругоҳи  «Роғун»  дарак медод,  садои  пурмавҷи  қарсак печиду абрпораҳои болои шаҳр пароканда  шуданд.  Офтоби оламтоб  аз  нав  шуълапошӣ кард.
Олам дар нур печид.
Садоҳо пару бол кушоданд.
Ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо  қадамҳои устувор  ба  минбар  баромада изҳор намуданд:
—  Имрӯз,  26  сентябрро ҳеҷ гоҳ аз хотир набароред! Ин рӯз на  танҳо  ба  мардуми  шаҳри Роғун, балки  тамоми мардуми  Тоҷикистон  низ  ид  аст, фаромӯшнашаванда аст» (с. 47).
Дар идома муаллиф нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар барқарорсозии бунёди корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» муҳим  арзёбӣ  карда,  таъкид мекунад,  ки  маҳз  талошҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти аср бавусъат  идома ёфтанд. Тасвири лаҳза ва воқеаҳо дар достон бисёр ҷолиб буда,  нақли публитсистӣ гоҳо оҳангу тобиши бадеӣ гирифтааст. Муаллиф  барои тақвияти фикраш аз шеъру зарбулмасал ва ҳикояту ривоятҳо  бамавқеъ истифода бурдааст.
Аз  ин  маълум  мешавад,  ки публитсист  барои  баррасии мавзуъ  аз  сарчашмаҳои  гуногун  ва асарҳои  зиёд  истифода кардааст.  Дар  очерк  нависанда Шералӣ Мӯсо бо директори  генералии ҶСШК «Норак НБОсоз» Шодмон Абдуллоев, сардори бригада Тоҷ  Қодиров, ҷонишини  мудири  шуъбаи истеҳсолии  Ҷамъияти  саҳомии кушодаи  НБО  «Роғун»  Нуралӣ Носиров, кафшергар Абдукарим Саидраҳмонов ва дигар шахсони масъул  ҳамсуҳбат мегардад.  Муаллиф  ҳамаи пешравиҳо  ва  сохтмони  ин  иншооти  бузургро  аз  заҳматҳои шабонарӯзии  Пешвои  миллат, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  медонад.  Дар  очерк  зина  ба  зина чеҳраи қаҳрамон ва эъморгари НБО «Роғун» Эмомалӣ Раҳмон ба  хонанда  равшантар  мегардад.  Тасвири  лаҳзаҳои  ҷолиб аз  фаъолияти  Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ва зимни суҳбат баён  доштани андешаҳои коргарон ва бевосита  худи  муаллиф,  ки  аз  рафти корҳои сохтмонӣ ошност, баёнгари он аст, ки «Достони Роғун» асари  ҷолибу  пурарзиш  мебошад.
Воқеан, бунёди НБО «Роғун» омили  рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии  халқ: саноат, иқтисоду иҷтимоиёт ва ғайра маҳсуб ёфта,  инъикоси хидматҳои шабонарӯзии қаҳрамонони арсаи меҳнати  иншооти мазкур имрӯз рисолату вазифаи виҷдонии эҷодкорон – шоирону нависандагон,  публитсистону рӯзноманигорон ва аҳли санъату ҳунар мебошад.  Тарғиби эҳсоси волои ватандорӣ, ки дар ниҳоди ҳар як коргари  сохтмони НБО «Роғун»  ҷӯш  мезанад ва  ҳамагон  бо  рӯҳияи волою  барозанда,  ифтихори бузурги  миллӣ ба меҳнати садоқатмандона  баҳри  фардои дурахшони кишвар  ҷаҳду ҷадал  менамоянд,  бемуҳобо, шоистаи  садҳо  навиштаю матолиби публитсистӣ ва осори мустанади бадеӣ  мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир,  иқдому рисолати  таърихии  Президенти  мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ватандӯсти асил ва  фарзанди  барӯманду  дилсӯзи  миллат  будани  Пешвои миллат шаҳодат  медиҳанд,  тасвири корнамоиҳои бунёдкорони ин иншооти стартегӣ  ва  ҳаётан муҳим талаби замон буда,  аз қаламкашон  масъулияти баландро  тақозо мекунад. Зеро НБО «Роғун» ҷузъе аз эҳсоси волои ватандӯстист.  Сарбаландию патриотизм, масъулияти виҷдонӣ ва рисолати таърихист.  Имрӯзу фардои дурахшони кишвар ва рушду пешрафти Тоҷикистони  азиз мебошад.

Насриддин ОХУНЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ