ТАКМИЛИ ИХТИСОС – ОМИЛИ РУШДИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

Яке аз ҳадафҳои рушди сифати таҳсилот, расидан ба сатҳи маълумоти ҷаҳонист. Бинобар ин, имрӯз барномаҳои таълимие таҳия намудан лозим аст, ки мазмуну муҳтавои онҳо ба талаботи таҳсилоти ҷаҳонӣ мувофиқ бошанд.

Барои инкишофи моделҳои муосири барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсии насли нав, технологияи нави  таълимро  на  дар  шакли нусхабардорӣ, балки ба таври эҷодӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар мамлакатҳои  дунё  таҳия  намудан лозим аст.

Вазифаи  стратегии  рушди сифати  таҳсилот  дар  шароити кунунӣ  ба  азнавсозии  мазмун, муҳтаво,  методҳои  таълим, зимни  он,  такмили  ихтисоси омӯзгорони соҳа вобастагӣ дорад. Аз ин ҷиҳат, дар масъалаи рушди сифати таҳсилот ва технологияи муосири таълим, ба мазмуни таҳсилот ва методҳои таълим тағйироти куллӣ ба амал омада истодааст. Акнун бо ёрии методҳои таълим ба талабагон баробари омӯзонидани мавзуи дарс ба инкишофи қобилият, нутқи  шифоҳию хаттӣ,  тафаккури  мантиқӣ  ва шавқи маърифатҷӯйии онҳо эътибор дода мешавад.

Барои дар амал татбиқ кардани ин вазифаҳо дар курсҳои такмили ихтисос оид ба технологияи таълими инноватсионӣ, ки асоси онро  педагогикаи ҳамкорӣ, ба истилоҳ усулҳои таълими  фаъол (интерактивӣ) ташкил медиҳад, мутахассисони соҳа ба омӯзгорон маълумоти зарурӣ медиҳанд.

Ташкил ва робитаи мунтазамии байни ДҶТИБКСМ бо  кафедраҳои марбутаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии  омӯзгорӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди  маориф, Маркази такмили ихтисоси муаллимони вилоятҳо  барои сайқал  додани дараҷаи дониш ва баландбардории ихтисоси омӯзгорон  манфиати калон мерасонанд. Вохӯрии шунавандагони КТИ  бо  олимони соҳаи методикаи таълим, устодон, муаллифони китобҳои дарсӣ барои огаҳӣ ёфтан аз навигариҳо дар  стандартҳои фаннӣ,  барномаҳои таълим, китобҳои дарсию дастурҳои методӣ, бахусус, методикаи таълими  муосири  фанҳои  мухталиф кумак мерасонад.

Истифодаи шаклҳои  гуногуни  корҳои  методӣ,  ки ба босифат ва самаранокии аз  худ кунонидани мавзуъҳои дарс боис мегарданд, ба назари мо, аз  инҳо  иборатанд: мактаби такягоҳӣ,  кабинетҳои  методии шуъбаи маориф ва мактабҳо, иттиҳодияи методии дохилимактабию  минтақавӣ, курсу семинарҳои такмили ихтисоси муаллимон, ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ҳафтаи дарҳои кушода дар мактабҳо, худомӯзии  омӯзгорон  ва  монанди инҳо.

Инак, дар зер доир ба ҳар як шакли ташкили корҳои методӣ ва  вазифаҳои  онҳо  мухтасар маълумот медиҳем.

  1. Мактаби такягоҳӣ (базавӣ)

Дар мактаби такягоҳӣ машғулиятҳо ба таври назариявӣ (хониши маъруза ва муҳокимаи он) ва амалӣ (иштирок ба дарс ва таҳлили он) баргузор  мегардад. Омӯзгорон аз  рӯйи мавзуи  супоридашуда  пешакӣ  тайёрӣ мебинанд, роҳбари  мактаби  базавӣ  пеш аз  оғози  машғулият ба мавзуъ тақризи мухтасар менависад ва барои гузориш иҷозат медиҳад. Пас аз баромади маърӯзачӣ омӯзгорон дар бораи мазмуну муҳтавои  мавзуъ андешаҳои худро баён менамояд.

Дар қисми дуюми машғулият мувофиқи мазмуни мавзуи мазкур  дарси кушод ташкил карда, баъди мушоҳида дарс аз ҷониби  иштироккунандагон таҳлил карда мешавад.

Ғайр аз ин, мактаби мазкур вазифаи озмоишгоҳро низ иҷро менамояд. Муҳаққиқони соҳа ҳар гуна корҳои таҳқиқотиро дар ин мактаб аз озмоиш мегузаронанд.

  1. Кабинети методӣ

Кабинети методии шуъбаи маориф ва мактабҳо дар масъалаи  омӯхтану ташвиқи таҷрибаи  пешқадами  педагогӣ ва расондани кумаки  методӣ ба омӯзгорони  камтаҷриба нақши  муҳим  мебозад. Мушовирони кабинети методии литсейу гимназияҳо, шуъбаҳои маорифи  шаҳру  ноҳияҳо, марказҳои такмили ихтисоси муаллимон ва ДҶТИБКСМ таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгоронро давоми 3 сол омӯхта,  ҷамъбаст менамоянд. Бо мақсади ташвиқу тарғиб аз таҷрибаи  омӯзгорон  дар саҳифаҳои матбуоти  даврӣ мақола ба табъ расонида, дастраси  умум мегардонанд. Мебояд худи мушовирон дониши мукаммал, маҳорати хуби касбӣ ва собиқаи кории зарурӣ  дошта  бошанд.  Кабинети методии шаҳру ноҳияҳо аз  болои фаъолияти муовинони  директор оид ба таълим, иттиҳодияҳои методии дохилимактабиву минтақавӣ назорат баранд. Таъкид менамоем, ки вазифаи мушовирон ба дарсҳои омӯзгорон,  махсусан, камтаҷрибагон  иштирок  кардану  маслиҳати  методӣ  додан аст,  на  назорату  камбудӣ  кофтан.

  1. Иттиҳодияи методиимуаллимон

Ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои иттиҳодияи методии  омӯзгорони  синфҳои ибтидоӣ  ва фаннӣ  шарти  асосии такмили ихтисос ва баландбардории маҳорати педагогии омӯзгорон маҳсуб меёбад. Маҳорати педагогӣ – ҷамъбасти донишҳои илмӣ, маҳорати санъати  методӣ  ва  хислатҳои  хоси омӯзгор аст. Роҳбари иттиҳодияи методӣ  аз  шумораи омӯзгорони бомаҳорату пуртаҷрибаи мактаб интихоб  мегардад. Дар машғулиятҳои иттиҳодияи методӣ асосанмасъалаи  таҳияи нақшаҳои тақвимии фанҳои таълимӣ ва конспекти  дарсҳо бо усули интерактивӣ, худомӯзии омӯзгорон ва муҳокимаи  он, иштирок  ба  дарсҳои ҳамдигар ва таҳлили онҳо, муҳокимаи маърӯзаҳои барои гузориш омодакардаи омӯзгорон дар семинару конференсияҳои илмию амалӣ ва машғулиятҳои иттиҳодияи методӣ, муҳокимаи мақолаҳои марбути таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорони дар матбуоти  даврӣ чопшуда ва монанди инҳо баррасӣ мегарданд. Иттиҳодияҳои  методии мактабию минтақавӣ (ноҳиявию шаҳрӣ) моҳе як маротиба  ташкил ва гузаронида мешавад.

  1. Курсу семинарҳои мақсадноки такмили ихтисоси муаллимон

Иштироки  омӯзгорон  дар курсу семинарҳои мақсадноки такмили  ихтисоси муаллимон ҳатмист. Барои амалигардонии ин мақсад  ДҶТИБКСМ, Маркази такмили ихтисоси вилоятҳо барои такмил  додани дониш, маҳорати касбии омӯзгорӣ, омӯзиши мавзуъҳои педагогию психологӣ, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ ба шунавандагони  КТИ нақши калидӣ мебозанд. Ба шунавандагон олимони соҳа,  методистони таҷрибадор, муаллифони китобҳои дарсӣ, омӯзгорони  эҷодкору навовари  муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ дарс медиҳанд. Шунавандагон аз рӯйи барномаҳои таълимии махсусгардонидашудаи  курсҳои такмили ихтисоси муаллимон дараҷаи дониши назариявӣ ва  амалии  худро  сайқал медиҳанд.

  1. Ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ

Омӯзиш ва тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ ягон лаҳзаи ҷолиби фаъолияти муаллимро, ки барои сайқал додани маҳорати  омӯзгории ӯ кумак мерасонад,  дар  бар  мегирад. Таҷрибаи  пешқадами педагогӣ ба эҷодкорӣ, навҷӯйӣ, худомӯзии омӯзгор вобаста буда, он дар пажуҳиши методҳои муосири таълим, шакл  ва  воситаҳои  самарабахши  таълиму тарбия, тавсияҳои методии муфид ва монанди инҳо зоҳир меёбад.

Таҷрибаи пешқадами педагогӣ  бо  илм  алоқаи  зич дошта,  ба  илм  такя мекунад, назарияи педагогию методиро ғанӣ  мегардонад  ва  он  яке аз омилҳои нкишофу такмили ихтисос ва маҳорати педагогии  омӯзгорон  маҳсуб меёбад. Азбаски  таҷрибаи  пешқадами педагогӣ  ибратомӯз  аст,  муаллимон ба он таваҷҷуҳи хоса доранд, тавассути омӯзиш маҳорати  омӯзгории худро сайқал медиҳанд, кӯшиш менамоянд, ки ҷӯянда, ташаббускору  навовар бошанд. Омӯзгор мебояд бо хоҳиши худ ягон лаҳзаи  писанди  таҷриба  (истифодаи  усулҳои  интерактивии таълим дар дарс, иҷрои бозиҳои таълимӣ дар раванди дарсҳои забони  модарӣ  ва математика, сохтани маводи аёнии камарзиш дар дарсҳои санъат ва меҳнат, гузаронидани таҷриба ва озмоишҳои гуногуни амалӣ дар  дарсҳои табиатшиносӣ ва монанди инҳо)-ро интихоб карда, дар фаъолияти омӯзгориаш эҷодкорона истифода кунад.

  1. Ҳафтаи дарҳои кушода

Дар муассисаҳои таълимии таҷрибавӣ бо ташаббуси омӯзгорони  навовар моҳе як маротиба «Ҳафтаи дарҳои кушода» ташкил карда  мешавад. Омӯзгорони таълимгоҳ мувофиқи ихтисоси  худ  дар давоми  ҳафтаи эълоншуда  бо мақсади таҷрибаомӯзӣ ва расонидани ёрии методӣ ба дарсҳои омӯзгорон иштирок менамоянд, таҷрибаи педагогии ҳамдигарро меомӯзанд, ё худ ба омӯзгорони  камтаҷриба  ёрии амалии  методӣ мерасонанд. Натиҷаи фаъолияти ҳафтаина дар иттиҳодияи  методии  мактаб таҳлилу баррасӣ мегардад.

  1. Худомӯзӣ

Бе баландбардории савияи донишҳои илмию методӣ такмили маҳорати касбии омӯзгор аз имкон берун аст. Бинобар ин, ҳар як омӯзгор мебояд нақшаи фардии худомӯзӣ  дошта  бошад. Нақшаи мазкур ҷанбаҳои илмӣ, педагогӣ, психологӣ, методӣ ва таҷрибаи пешқадами омӯзгориро фаро мегирад. Омӯзгор дар бораи омӯзиши худ оид ба масъалаҳоидар боло зикршуда ва аҳамияти истифодаи онҳо дар  машғулиятҳои иттиҳодияи  методӣ  маълумот медиҳад.

Ибодулло АБДУЛЛОЕВ,

мактабшинос