ЗАМИНАИ АВВАЛИНИ ЗЕҲНИВУ РАВОНИИ КӮДАК

Таҷрибаҳо собит карданд, ки барои инкишофи нутқи кӯдакон аз  вақте ки онҳо дар муассисаҳои томактабӣ ба таълим фаро гирифта  мешаванд, иқдом намоем. Зеро дар инкишофи нутқи мураттаби тарбиягирандагон мураббия ва омӯзгорон, «хишти аввал»-ро  мегузоранд. Албатта, дар ин ҷода кӯшиши  волидайн истисно  нест,  зеро  аксари онҳо ба инкишофи нутқи фарзандонашон аз хурдӣ аҳамият медиҳанд.

Таълиму тарбияи томактабиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инкишофи қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ  ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ ва ёрии амалӣ ба падару  модар, дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин, омода намудани онҳо ба  таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар кишвар барои рушду пешрафти маориф дар ин самт «Барномаи  давлатии рушди таҳсилоти  томактабӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул гардидааст, ки вобаста ба сари вақт иҷро  намудани бандҳои он Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шудааст. Дар марҳалаи аввали иҷрои барномаи мазкур солҳои таҳсили 2019-2022 таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба амалӣ намудани барномаи  мазкур, бозомӯзии мутахассисон барои таҳсилоти томактабӣ  (гурӯҳҳои 6-сола) аз ҳисоби омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, такмили маҳорати касбии мутахассисон  ҷиҳати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбия дар назар дошта мешавад.

Дар марҳалаи дуюм-солҳои 2022-2025 дар баробари сохтмони  муассисаҳои томактабӣ, омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои нави  педагогӣ: педагог — равоншинос, педагог — логопед, сурдопедагог,  тифлопедагог ва тайёр намудани мутахассисон барои марказҳои  инкишофи кӯдак ва дигар шаклҳои имконпазир дар назар аст.  Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби  кӯдакон ба кӯдакистон ва барои иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 якчанд  барномаро рӯи кор гирифтааст, ки ҳадафи он низ таъсису бунёди муассисаҳои томактабӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон мебошад.

Дар шароити пешрафти илму техника, ба вуҷуд омадани  технологияи  муосири иртиботӣ,  ҷаҳонишавии  таҳсилот,  бояд дар пайи қарор ёфтани сатҳи баланди тарбия ва инкишофи кӯдакон ҷаҳду талош намоем. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои муҳими оила, муассисаҳои  таҳсилотӣ, аз  ҷумла, муассисаҳои  томактабӣ  ташаккулдиҳии қобилияти фикрронӣ ва таъмин намудани инкишофи ақлию зеҳнии кӯдакон  мебошад.

Дар давраи томактабӣ  кӯдак  суръати тези инкишофи ҷисмониро аз сар мегузаронад, ки он аз паси худ инкишофи равонию ақлӣ, ахлоқию  иродавии шахсияти ӯро таъмин менамояд. Фаъолияти асабҳо, узвҳои  нафаскашӣ, гардиши хун ва устухону  мушакҳо такмил ёфта, тансиҳатӣ, солимии ҷисмонию равонӣ таъмин мегардад.

Мақсади тарбияи кӯдакони синни томактабӣ, таъмин намудани  инкишофи ҳаматарафаи шахсияти кӯдак аст, ки вай тавонад минбаъд  чун шахси солим (ҷисмонию равонӣ) ва эҷодкор ба воя расида, мавқеи  худро  дар  ҷомеа ишғол намояд.

Гулбаҳор ЯТИМОВА,
мудири муассисаи томактабии №78-и
ноҳияи Исмоили Сомонӣ