Яке аз унсурҳои муҳимтарину ҳаётбахши сайёра об маҳсуб ёфта, зиндагибахши ҳастии ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб меравад ва он ҳамчун наҷотбахши зиндагии инсоният дар ҳама давру замон нақши ҳалкунанда дорад. Ҳамин аст, ки таваҷҷуҳ ба таъмин намудани сайёра бо оби ошомиданӣ дар меҳвари фаъолияти созмонҳои бонуфузи байналамилалӣ, аз ҷумла, СММ қарор дорад ва ташаббускори ин ҳадафи бузург Тоҷикистон мебошад.
Дар ин самт саҳм ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардид. Ба ин муносибат чандин конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шудааст. Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дарёҳову обҳои мусаффо дар қатори пешрафтатарин давлатҳост. Об боигарии асосии кишвари мо маҳсуб ёфта, манбаи асоси истеҳсоли «энергияи сабз» аст. Дар дарёҳои Тоҷикистон даҳҳо неругоҳи хурду калон сохта шудааст ва ин раванди созандагӣ бомаром идома дорад. Дар ин замина Пешвои миллат зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо коргарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» (13.07.2022) бамаврид таъкид карданд:
«Тоҷикистон дорои захира-ҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки яке аз манбаъҳои асосии барқароршавандаи энергия ва истеҳсоли «энергияи сабз» ба шумор меравад. Дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум мамлакати пешсафи сайёра мебошад».
Дарвоқеъ, бунёди НБО «Роғун» аз бузургтарин иқдомҳои созандаи Пешвои миллат мебошад, ки сохтмон дар ин иншооти аср бомаром ҷараён дорад. Сарвари давлат ба ин иншооти аср мунтазам сафар мекунанд ва аз раванди бунёдкориҳо аз наздик ошно мегарданд, ки аз ҳаётиву муҳим будани он барои рушду пешрафти кишвар шаҳодат медиҳад.
Дар оғози соҳибистиқлолӣ кишвари мо гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки он таъсири ногуворе ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи кишвар расонд. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва расидан ба ваҳдати комил раванди бунёдкориҳо дар кишвар вусъати тоза пайдо кард. Ин корҳоро метавон аз бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, роҳҳои оҳану заминӣ, нақбҳои азим ва корхонаҳои хурду бузург бармало мушоҳида кард. Се ҳадафи стратегии кишвар – расидан ба истиқлоли энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ татбиқ гардиданд. Ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аст, ки бевосита ба бунёди НБО «Роғун» иртибот мегирад. Чунки ба сохтмони корхонаҳои бузург қадамҳои устувор гузошта шуд. Рушди иқтисоди кишвар, зиёд гардидани аҳолии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан талабот ба неруи барқро афзоиш медиҳад. Ҳамчунин, табдил додани кишвар аз сохтори аграрӣ – саноатӣ ба саноатӣ–аграрӣ талабот ба неруи барқро зиёд мегардонад. Дар робита ба ин, Пешвои миллат таъкид намуданд: «…ба сохтмончиёни «Роғун» хотиррасон менамоям, ки барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол қонеъ гардонидани талаботи рӯз ба рӯз афзояндаи соҳаҳои истеҳсолӣ ва аҳолии кишвар ба неруи барқ зарурати аввалиндараҷа мебошад.
Ҳамзамон бо ин, аз ибтидои соли ҷорӣ панҷсолаи саноатикунонии мамлакат шуруъ гардид, ки барои расидан ба ин ҳадафи миллӣ пурра таъмин намудани соҳаҳои саноат, алалхусус, саноати маъдан, металлургия, кимиё ва саноати сабук бо неруи барқ ҳатмӣ мебошад».
Дар баробари ин, инъикоси ин масъала дар адабиёту публитсистика ва васоити ахбори омма бояд бештар гардад. Воқеан, НБО «Роғун» арсаи номусу нанг ва ватандорист ва тасвири раванди бунёдкориҳо, заҳмату диловариҳои қаҳрамонҳои арсаи меҳнат вазифаи аввалиндараҷаи адибону публитсистон ва рӯзноманигорон мебошад. Ин нуктаро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд намуда, аҳли илму адаб ва ва рӯзноманигорону публитсистонро баҳри тасвири раванди бунёдкориҳои дар НБО «Роғун» амри зарурӣ арзёбӣ карданд. Дар ин росто, Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар иттифоқҳои эҷодӣ доир ба ташкили вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони неругоҳи «Роғун» ва эҷоди асарҳои адабӣ бояд дар бораи қаҳрамонони арсаи меҳнату созандагӣ, яъне бунёдкорони иншооти бузурги аср мунтазам чораҷӯӣ намоянд ва дар ин самт ташаббускору фаъол бошанд.
Бояд зикр кард, ки маҳз ташаббусҳои ватандӯстона ва иродату матонати Пешвои миллат буд, ки имрӯз бунёдкориҳо дар ин иншооти аср дар сатҳи баланд идома дорад. Ин равандро омӯзгорон бояд хуб дарк намоянд, аз ҷараёни сохтмону иншоот ва муҳиммияту вижагиҳои он, ки аз иродату ҷасорати Пешвои миллат сарчашма мегирад, дар раванди дарсҳо ба наврасону ҷавонон маълумоти муфассал ироа кунанд. НБО «Роғун» кохи нур ва майдони нангу номуси ватандорист, маҳз иродату садоқат ва ҷасорату ватандӯстии Пешвои миллат аст, ки кишварамон дар ҳама самтҳо ба пешравиҳо ноил мегардад. Аз ин рӯ, ба қадри сулҳу ваҳдат расидан аз пешрафту шукуфоии кишвар болида гаштан, хидматҳои қаҳрамонони арсаи меҳнатро тавсиф кардан, сиёсати сулҳофарию бунёдкории Пешвои миллатро дастгирӣ намудан ва дар рушду пешрафти кишвари азизамон – Тоҷикистон содиқона саҳм гузоштан вазифаи устодону омӯзгорон ва тамоми аҳли ҷомеа мебошад. Бояд гуфт, ки бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди НБО «Роғун» 29 октябри соли 2016 оғоз гардид ва аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 2018 чархаи аввал ва 9 сентябри соли 2019 чархаи дуюми НБО «Роғун» ба истифода дода шуд ва он тантанаҳои таърихӣ дар васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ ба таври густурда инъикос ёфт. Дар он лаҳзаҳои хурсандибахш воқеан, вуҷуди ҳар инсонро меҳри Ватан ва ифтихори миллӣ фаро мегирифт, зеро неругоҳи мазкур ифтихори тоҷикон ва Тоҷикистон мебошад. НБО «Роғун» пуриқтидортарин неругоҳи дарёи ҳавзаи Вахш мебошад, ки дорои 6 агрегат аст. Он рӯз дур нест, ки ин иншооти муҳими аср пурра мавриди истифода қарор мегирад ва ба рушду шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз мусоидат мекунад.
Насриддин Охунзода.
«Омӯзгор»