ОМӮЗГОР- МАКТАБИ БУЗУРГИ ҚАЛАМКАШОН

Ҳар гоҳ ки чашмам ба ҳафтаномаи «Омӯзгор», ба ҳарфҳои барҷастаи саҳифаи аввали он, ки ин унвонро ифода мекунад, меафтад, эҳсоси ваҷду нишот ва масаррату фараҳмандие фаро мегирад маро ва дар пиндорам шаклу ранги ҳарфҳои ба дилам наздик нури чашмонамро афзун месозад ва аз фарти ифтихори он, ки корманди ин нашрияи воқеан бонуфузам, рӯҳам болидаву сарам ба осмон мерасад.

Ҳар ҳафта, рӯзҳои панҷшанбе, ҳангоме ки шумораи нави  ҳафтаномаро, ки  бо заҳмату  талош ва  саъйю кӯшиши мо, ҳайати  эҷодӣ  ва кормандони  нашрия  рӯйи  чопро мебинад, ба даст  мегирам, гумонам ҳанӯз бӯйи ҳарфҳову матбаа  дар  саҳифаҳои он барҷост.  Ҳарфу  рангҳо ва расмҳои дар саҳифаҳо чопшуда ба таври аҷибе дар мағзам ҷой мегиранду то дер аз зеҳнам зудуда намешаванд. Саҳифаҳои ҳафтаномаро варақгардон мекунаму хаёлу хотирам чун  парандаи афсонавӣ бол баровардаю ба дуриҳо, замони бачагию мактабхониям  парвоз мекунад. Асири рӯъёҳои ширину ҷозиб ва мафтункунанда  мешавам. Воқеан,  ман  дар  фазою  муҳите тарбия  ёфтаву  ба  камол  расидаам,  ки  реша  дар  маърифату фарҳанг  дошт.  Падару  модарам  (рӯҳашон  шод  бод!)  дар фермаи  колхоз, яке подабону дигаре  говдӯш  шуда  кор  мекарданд.  Онҳо таҳсилдидаву соҳиби хату савод ва фаҳмишу ҷаҳонбинии  пешрафта буданд. Ҳамасола бо нашрияҳои ондавра — рӯзномаю  маҷаллаҳо обуна шуда,  мофарзандонро ба  олами  пурасрори  мутолиаю  омӯзиш  ҳидоят  мекарданд. Дар  ин  радиф  бародари  калонам  Бобобек  низ, ки баъди хатми  Донишгоҳи  давлатии омӯзгории Тоҷикистон (собиқ Иниститути педагогии ба номи Т.Шевченко) ҳамчун омӯзгори забон  ва  адабиёти  тоҷик  дар мактаби  рақами  №92-и  деҳа (ҳоло  №51)  ба фаъолият шуруъ карда буд, қарор дошт, ки ба омӯзишу мутолиа шавқи зиёде дошт ва ба нашрияҳои соҳаи маориф обуна шуда, рӯзномаю маҷаллаҳоро ба хона меовард. Ман ба рӯзномаи «Маориф  ва маданият», маҷаллаи «Мактаби советӣ» ҳамон солҳо (1975-1980) шиносоӣ  пайдо  карда будам. Дар рӯйи мизи  бародарбузургам, дар  хонаи  хобаш  бастаи рӯзномаи «Маориф  ва  маданият» ва маҷаллаи «Мактаби советӣ»  мехобид. Вай аввал ин рӯзномаю маҷаллаҳоро бо диққат мехонд. Тартиби хонданаш  чунин  буд:  ба  даст  қалам гирифта, ба навиштаҳо рӯ меовард, ба зери  ҷумлаю  ибораҳо ва  матнҳои мақбули худ хат мекашид,  пас-он  дар  дафтари  махсус  перомуни  мақолаю матолиби  хондааш қайдҳо мекард. Ман беихтиёр ба ин амали  бародарбузургам  таваҷҷуҳ карда,  дар  вақтҳое,  ки  хонаро холӣ  меёфтам,  ба  варақ  задани бастаи  рӯзномаи  «Маориф ва  маданият»  мепардохтам. Суолҳое дар  сарам  чарх  мезад. «Дар ин рӯзнома дар бораи чи навиштаанд, чи мақолаю матолиби шавқоваре дорад рӯзнома, одамонро таърифу ситоиш кардаанд,  ё  дар  саҳифаҳои  он афсонаю  ривоят  ва  ҳикояву аз ин қабил навиштаҳои  адабӣ ба  табъ  расидаанд».  Маъмулан, он солҳо рӯзномаҳо  дар ҳаҷми чор  саҳифа чоп мегардиданд. Вақте ки  саҳифаҳои «Маориф ва маданият»-ро варақ мезадам, чашмам ба навиштаҳое  меафтид, ки  доир ба  мавзую  масоили  соҳаи  маориф,  таълиму  тарбия,  меҳнати садоқатмандонаи омӯзгорону устодони мактабҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таълиф гардида буданд. Аммо рӯзнома танҳо бо  пешниҳоди  мақолаю матолиб ба таври маҳдуд иктифо намекард. Дар силки навиштаҳои марбут ба навигариҳои соҳаи маориф, ҳамчунин, мақолаҳои пурмуҳтавои рӯзноманигорон, кормандони нашрия ва  адибону  олимон  низ  доир  ба  масоили  мухталиф, аз  ҷумла, забон  ва  ҳусни  баён,  таҳлилу андешарониҳо  перомуни  китобҳои  дарсӣ,  илмию назариявӣ ва методӣ, инчунин, дар хусуси асарҳои тозанашри нависандагон, ашъори шоирон ва амсоли инҳо ба табъ мерасид, ки шавқовару хонданӣ ва бархе баҳсбарангез буданд. Вале, бартар  аз  ҳама,  саҳифае,  ки  маро бештар  шефтаю  мафтун  гардонида  буд,  саҳифаи  охирини рӯзнома  маҳсуб меёфт, ки ба эҷодиёти шоирону  нависандагони  муосири  тоҷик, ҷаҳон ва чакидаҳои хомаи омӯзгорон бахшида шуда буд.

Ман  дар  танҳоӣ  ба  василаи рӯзномаи  «Маориф  ва  маданият»,  бахусус, саҳифаи адабии он бо  намунаи  осори  адибони соҳибистеъдоду  пешқадам  ва нодиру  нобиғаи  ҷаҳон  ошно гардида,  худ  аз  худ,  ба  мутолиаи  ҳикояву ривоят  ва  масалу  ашъори  адибон  рӯ  оварда, аз  шавқу таваҷҷуҳи беинтиҳо дар баҳри мутолиа ғарқ шуданамро  нафаҳмида  мемондам.  Дар  саҳифаҳои  рӯзнома, ҳамчунин,  дар  хусуси  асарҳои тозанашри  адибони маъруф баҳсу муҳокимаҳо сурат  мегирифт,  ки  вокуниши  аҳли  адаб ва омӯзгоронро ба бор меовард. Ҳанӯз аз ёдам баҳсу мунозираҳо атрофи  асарҳои  шодравон, нависандаи  маҳбуби  миллат,  устод  Сотим  Улуғзода  ва марҳум Ҷумъа Одинаев нарафтааст.  Мақолаҳои  публитсистӣ ва  фелетонҳои  нависандаи маъруф, устод Ӯрун Кӯҳзод, ки он  айём вазифаи ҷонишинии муҳаррири рӯзномаро ба  зимма доштанд, бо муҳтавою ҳадафи ҷолиб, ки ҷанбаи танқидӣ  доштанд,  хонданбобу саривақтӣ буд. Ҳароина, кормандони рӯзнома зери сарварии бонуи соҳибиродаю боҷасорат Бӯриниссо Бердиева (ҷояш биҳишти адн бод!) бо навиштаҳои муассиру рангин ва ҳадафманди худ дар  рушду  такомули соҳаи маорифу фарҳанг ва ошкору бармало сохтани норасоию  нуқсонҳои ҷойдошта дар таълиму тарбия ва  роҳҳои бартараф намудани он мушкилот саҳми намоён мегузоштанд. Қаламкашони соҳибному боистеъдод Ҷумъа Одинаев, Ӯрун Кӯҳзод, Абдуғаффор Партоев (Партав). Мирзо Боғиров, Бобо Расулзода,  Дорои  Дӯст, Мирзо Боқӣ ва дигарон дар беҳтар гардидани сифати чопи нашрия ва сатҳи навиштаҳои омӯзгорон заҳмату ранҷ мебурданд. Боиси  сарфарозии кормандони рӯзнома он буд, ки дар нашрия нависандаи  соҳибсухан Фазлиддин Муҳаммадиев, шоири тавонои миллат, устод  Бозор Собир, адибон Абдулҳамид Самаду Ҳақназар Ғоиб фаъолияти созандаи  эҷодӣ  ба  роҳ  монда буданд. Яке аз гӯшаҳои хондании рӯзнома, ки ба таври доимӣ навиштаҳои онро хонандагони рӯзнома бесаброна интизорӣ мекашиданд,  «Ришханд» ба шумор мерафт, ки дар он ҳаҷву танз ва фелетонҳои кормандони нашрия  ва  адибон  чоп  мешуд. Дар ин бора дар як суҳбат Нависандаи  халқии  Тоҷикистон Ӯрун  Кӯҳзод  андешаҳои  худро  ба  тафсил  баён  карда  буд. Баъдтар  нашрияи  «Маориф ва  маданият» ба ду рӯзномаи алоҳида — «Газетаи муаллимон» ва «Маданияти Тоҷикистон» ҷудо гардид. «Газетаи  муаллимон» ба сифати нашрияи Вазорати  маорифи  ҷумҳурӣ  фаъолияти худро дар самти инъикоси  масоилу  мушкилоти  соҳаи маориф, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорон, ислоҳоту дигаргуниҳое, ки дар  раванди  таълим  ба  амал меомад,  методикаи  таълим ва  ғайра  ба  роҳ  монда,  аз матбуоти пешгоми ҷумҳурӣ ҳисоб меёфт. Дар он солҳо рӯзноманигорони соҳибқаламу кӯшо, Бобо Насриддинов, Ҳикмат Раҳмат, Зулфия Атоуллоева, Саидаҳмад Қаландаров, Нафасбек  Раҳмонию  Қувват Давлат  Сармад  (Г.Ӯзбеков), Эҳсони  Субҳон,  суратгири заҳматкаш  М.Яҳёев,  Сарвар Амирҷонов  ва  бисёр дигарон дар  пешбурди  кори  рӯзнома нақши  калон  мегузоштанд.  Замони донишҷӯйӣ робитаи мо бо нашрия вусъат ёфта, хабару мақолаҳои  ҳаҷман  хурдамон дар  хусуси  ҳаёти  донишҷӯйӣ, саҳму  кумаки  муҳассилин ба  пахтакорон, фаъолияти отрядҳои  зарбдори  сохтмонии донишҷӯён ва дигар мавзуъҳои иртиботманди соҳа дар нашрия чоп  мегардид.  Ниҳоят  нашрия ба «Омӯзгор» табдили ном кард ва  кормандони  он  анъанаю таҷрибаи  ҳампешагони  собиқи худро  идома дода, дар ҷодаи шавқовару  ҷолиб  гардидани матолиби  таълифгардида  саъю талош намуда, шуҳрату нуфузи рӯзномаро баланд бардоштанд.

Дар давраи роҳбарии рӯзноманигори варзида Самиюлло  Сайфуллоев (хонаи охираташ обод бошад!)  ҳайати кормандони рӯзнома аз шумули ҷавонони соҳиблаёқату эҷодкор пурра гардид. Ҷанбаи танқидии мақолаҳо тақвият ёфта, дар саҳифаҳои  нашрия  омӯзгорони соҳибунвону  шуҳратёр  зуд-зуд аз таҷрибаю дастовардҳои педагогии  худ мулоҳизаҳояшонро, ки барои мутахассисони  ҷавон ибратомӯз  ҳисоб меёфт, дар шакли мақолаҳои шавқовару пурмуҳтаво баён мекарданд. Доираи  фарогирии  мавзуъҳо дар рӯзнома васеъ гардида, олимону муҳаққиқон  ва  мактабшиносони  соҳибтаҷриба зери  рубрикаи «Ба ёрии омӯзгорон» (фанҳо ба таври мушаххас сабт мегардид) перомуни таълими ину он мавзуи дарсӣ фикри худро изҳор намуда, дар тафсиру тавзеҳи содатари мавзуоти пешниҳодшуда хидмати арзанда анҷом медоданд. Адабиётшиносону пажуҳишгарон доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоирону нависандагони адабиёти классикии форсу тоҷик ва муосир матолиби таҳлилию таҳқиқӣ ва методӣ ба табъ мерасонданд. Дар ин давра ҷустуҷӯҳои эҷодии рӯзноманигорон —  кормандони нашрия идома ёфта,  онҳо  бо  омӯзгорни соҳибмактаб, мутахассисони пурхондаи соҳа, умуман, коркунони зерсохторҳои Вазорати маориф, шоирону нависандагон мусоҳибаҳои  рангину  ҷаззоб меоростанд.  Ман,  ки  баъди  ба итмом расонидани  Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон  (он  вақт УДТ  ба  номи  В.И.Ленин)  ба пешаи омӯзгорӣ шуғл меварзидам,  чун солҳои мактабхонию  донишҷӯйӣ ҳамчунон рӯзномаи «Омӯзгор»-ро бесаброна интизорӣ  мекашидам ва мақолаю матолиби онро пурра хондаю фикру мулоҳизаҳоямро дар дафтари махсус шабеҳи бародарбузургам  Бобобек  сабт менамудам.  Табиист,  ки  ба нашрия  хабару  мақола  менавиштам  ва  навиштаҳоям  дар саҳифахои  он  ба  табъ  мерасиданд,  ки  хушҳолию  сарфарозии  маро  аз  ин  ҳол  ҳадду канор  набуд.  Ва  ҳеҷ  ба  гӯшаи хаёлам  намеомад, ки замоне фаро мерасаду маро ба нашрияи  дӯстдоштаю  мақбулам  ба кор  даъват  мекунанд.  Даҳ  сол қабл аз ин, дақиқан моҳи январи  соли  2012  фаъолияти  худро дар «Омӯзгор»-и азиз ба сифати муҳаррири  шуъбаи  мактабҳои миёна шуруъ намудам. Воқеан, муҳити  рӯзнома барои  амалӣ гардидани  мақсаду  хостаҳои дили  кас  дар  роҳи  эҷод  созгор  ва  мусоид  буда, ҳар  як қаламкаш  марҳала  ба  марҳала ба худ аз мактаби эҷодии  нашрия  сабақҳои  омӯзанда  мегирад, ки дар фаъолияти минбаъдаи ӯ нақши бузург мебозад.

Соли равон кормандони нашрия ва ҳайати эҷодии он ҷашни таърихии ҳафтанома 90-солагии таъсиси онро таҷлил хоҳанд кард. Воқеан,  90  сол  барои  нашрия фосилаи андаке нест. Дар ин рӯзҳо мо ба таърихи гузаштаи  нашрия,  ба  марҳалаҳои ташаккулу  таҳаввули  неруи эҷодӣ ва мактаби  омӯзандаи рӯзноманигории  он  рӯ  меорем ва  пеши  назарамон фаъолияти кормандони ҳафтанома дар солҳои гуногун  ҷилвагар мешавад. Мушоҳида мекунем, ки дар ҳама вазъу шароит кормандони нашрия фаъолияти худро, новобаста аз воқеаҳои ногувор ва мураккабию мушкилиҳо дар солҳои гуногун муттасил ба роҳ монда,  рисолати қаламкашии худро ба нафъи ватану миллат равона менамуданд. Имрӯз низ аҳли  эҷод ва кормандони  нашрия дар пешбурди сиёсати созандаи  Давлату  Ҳукумат,  инъикоси тағйироту дигаргуниҳое, ки  дар  соҳаи  маориф ба амал меоянд, тарғибу  муаррифии барномаҳои  давлатии соҳа, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия ва роҳандозӣ мегарданд, хидмати арзанда анҷом дода, вазифаю масъулияти ҳудро  сарбаландона иҷро  менамоянд  ва  баҳри  дар  рӯҳияи ормонҳои  волои  миллӣ  ва эҳсоси  баланди ватандӯстию хештаншиносӣ  тарбия  намудани  насли наврас  ва  ҷавонон саҳми  шоиста  мегузоранд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»