Таҷрибаи чилсолаи омӯзгорӣ ба ман имконият медиҳад, ки оид ба нақши омӯзгор ва рисолати ӯ фикру мулоҳизаҳои хешро пешниҳод намоям.
Рисолати якум – соҳиби дониши хуби касбӣ будан аст. Омӯзгор вазифадор аст, нозукиҳои касби хешро хуб донад, барои мукаммал намудани донишҳои амалӣ ва назариявӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода барад, фаромӯш насозад, ки лаҳзае дур будан аз омӯзиш барои омӯзгор фоҷианок мебо-шад. Донистани асосҳои илми технологияи информатсионӣ барои омӯзгор монанди обу ҳаво зарур аст, зеро дарси имрӯзаро бе истифодаи технологияи навин тасаввур кардан мумкин нест. Ҳар як омӯзгорро зарур аст, ки аз курсҳои кӯтоҳмуддат оид ба омӯзиши компютер гузарад. Омӯзгор бояд дониши сиёсии баланд дошта, доимо аз навигариҳои ҷомеа бохабар бошад ва ҳамчун иттилоъдиҳандаи беҳтарин пайваста дар байни коллективҳои меҳнатӣ ва омма баромад намояд. Омӯзгорро зарур аст, ки забонҳои хориҷиро хуб донад, махсусан, русӣ ва англисиро, зеро барои шинос шудан ба навигариҳои илму техника донистани ин забонҳо мусоидат мекунад. Забони давлатиро бояд ба дараҷаи аъло донад, қоидаи имлоро аз худ намояд, дарк бояд намояд, ки донистани забони тоҷикӣ, эҳтиром нисбат ба миллат ва давлат аст. Таърихи кишварро донистан зарур аст. Ҳар як омӯзгор ҳатман бояд китоби “Тоҷикон” – и академик Бобоҷон Ғафуровро мутолиа намояд, ки ин қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Ман дар ин ҷода ба ҳар як оила тақдим намудани “Тоҷикон”- ро мондагортарин иқдоми Президенти кишвар меҳисобам.
Рисолати дуввум – омӯзгор дар рафтор, гуфтор ва пиндор бояд намунаи дигарон бошад, шаъну шарафи хешро нигоҳ дорад, кӯшиш намояд, ки аз обрӯ ва эътибор дар коллектив ва ҷомеа доимо бархӯрдор бошад. Аз ёд фаромӯш набояд кард, ки омӯзгор барои шогирдон намуна аст. Либоспӯшӣ, тарзи гаштан, сухан гуфтани омӯзгор барои шогирдон ибрат аст.
Рисолати саввум –сохтани нақшаҳои гуногун. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои омӯзгорон, ки набудани яке аз онҳо вайрон кардани қоидҳои дохилимуассисавӣ, ба содир намудани норасоиҳо ва камбудиҳо оварда мерасонад, ки натиҷааш аз сарзаниш то аз вазифа сабукдӯш шуданро аз вазифаи ишғолнамуда метавонад гардад, инҳоянд:
а) мавҷудияти нақшаи таълимие, ки аз тарафи вазоратҳо тасдиқ карда шудааст, иҷрои нақша барои ҳар як фан дар алоҳидагӣ ҳатмист;
б) мавҷудияти нақшаи тақвимӣ, ки аз тарафи муаллим дар асоси барномаҳои тасдиқнамудаи вазоратҳо сохта мешавад, бо имзои роҳбари иттиҳодияи методии фаннӣ ва навиштаҷоти “Нақшаи мазкур бо барномаи таълимӣ мувофиқат мекунад, инчунин, дар он соатҳо барои корҳои санҷишӣ (диктант, иншо, нақли хаттӣ, корҳои санҷишӣ аз фанҳои табиӣ – риёзӣ, корҳои лабораторӣ, соатҳои такрорӣ ва ғайра) дар мувофиқа бо барномаи таълимӣ нишон дода шудаанд. Ҳамзамон, нақшаи тақвимӣ аз тарафи ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия бо навиштаҷоти бо “Нақшаи тақвимии омӯзгор Б. Мирсаидов аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик барои соли хониши 2022 -2023 барои истифода бурдан иҷозат дода мешавад. Инчунин, нақша бо навиштаҷоти “ Тасдиқ мекунам” ва гузоштани муҳри муассиса ва имзо аз тарафи директор ҳукми қонунӣ мегирад, ин ҷараён бояд то 31 август ба охир расонида шавад.
в) мавҷудияти нақшаи як-соатаи дарс аз тарафи омӯзгор бо нишон додани рӯз ва моҳ, мавзуъ, мақсади дарс, намуди дарс, рафти дарс – омодагии синф ба дарс (рапорт ё арзномаи навбатчӣ ё сардори синф дар бораи омодагии синф ба дарс), пурсиши вазифаи хонагӣ, баёни мавзуи нави дарс, мустаҳкамкунӣ, додани вазифаи хонагӣ, мондани баҳо, ҳамзамон, бо мондани имзои омӯзгор ва ҷонишини директор ба охир мерасад. Нақшаи яксоатаи дарс ҳар рӯз пеш аз дарс бо имзои ҷонишини директор барои истифода бурдан ҳукми қонунӣ мегирад;
г) мавҷудияти нақшаи тарбиявӣ барои синф, ки аз тарафи роҳбари синф сохта мешавад ва аз тарафи иттиҳодияи методӣ, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ барои истифода иҷозат дода мешавад ва аз тарафи директор тасдиқ карда мешавад. Нақшаи ҳафтаина низ барои роҳбари синф ҳуҷҷати зарурӣ буда, бо имзои ҷонишини директор ҳар рӯзи душанбе баррасӣ мегардад.
д) мавҷудияти номгӯи 35 соати тарбиявӣ, ки аз тарафи роҳбари синф бо баҳисоб гирифтани синну сол, намудҳои тарбия аз рӯи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад, инчунин, 35 нақшаи яксоатаи тарбиявӣ ҳар ҳафта як соат мувофиқи ҷадвали гузаронидани соатҳои тарбиявӣ сохта, аз тарафи ҷонишини директори муассиса оид ба корҳои тарбиявӣ барои истифода бурдан иҷозат дода мешавад.
е) мавҷудияти нақшаи кории кабинети фаннӣ, агар омӯзгор мудири кабинет бошад. Ин нақша бо тасдиқи директор ва иҷозати ҷонишини директор оид ба таълиму тарбия барои истифодабарӣ ба анҷом мерасад. Нақшаи ҳафтаина низ барои мудири кабинет зарур аст.
Рисолати чорум – дар давраи фаъолияти корӣ омӯзгорро зарур аст, принсипи асосӣ – талабот ва ҳурмат нисбат ба шахсияти хонандаро пурра риоя намояд.
Рисолати панҷум – омӯзгор дар ҳақиқат, бояд ҳамаҷиҳата ба касби худ арзанда бошад, ҳам дар пӯшидани либос, ҳам дар сухан гуфтан, ҳам дар оростани ҳуҷҷатҳои зарурии корӣ, ҳам дар андеша кардан, ҳам дар муносибат бо дигарон. Хуллас, омӯзгор гули сари сабади ҷомеа мебошад, инро аз ёд фаромӯш кардан нашояд.
Ниёз НИЁЗОВ,
омӯзгори литсейи касбии
техникии шаҳри Истиқлол