САРВАТИ БЕБАҲОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТ

Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои олам ба шумор рафта, адабиёту фарҳанг, илму санъат, дар маҷмуъ, тамаддуни пешрафтаи тоҷик маҳз ба рушду таҳаввули он вобастагии зич дорад.

Пояю аркони ин забон ҳанӯз дар охири асри 1Х гузошта шуда, дар асри Х бо шарофати абармардони адабу илми тоҷик, ба хусус, Абуабдуллоҳи Рӯдакию ҳамасронаш таҳким ва устувор гардид.  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ – «Забони миллат – ҳастии миллат» (қисми 1) ба ҳамин падидаи таърихӣ ишора намуда, таъкид намудаанд, ки «забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) забони қадима буда, зодгоҳи аслии он Хуросону Мовароуннаҳр, саҳеҳтараш канори чапу рости дарёи Омуст. Ба иборати дигар, ин забон дар заминаи забонҳои бумии ин марзу бум: портӣ, суғдӣ, тахорӣ… ва дар фароянди доду ситод ва ҳамёриву ҳамтаъсирӣ бо забони паҳлавӣ (форсии миёна) аз ҳисоби ин забонҳо дороӣ афзуда, ташаккул ёфт ва ба дараҷаи забони илмиву адабӣ расид». Агар Рӯдакию Фирдавсӣ бо ин забон гаронмоятарин ашъорро суруда бошанд, пас Абурайҳони Берунию ибни Сино, Хайём, Закариёи Розӣ, Форобӣ… асарҳои илмию фалсафии худро ба воситаи ин забон таълиф кардаанд. Забони тоҷикӣ дар тӯли зиёда аз ҳазор сол ба шарофати шоирону нависандагон, олимону мутафаккирон ва муаррихони барҷаста ташаккулу инкишоф ёфт. Ҳарчанд дар асрҳои минбаъда, бо ҳуҷуми аҷнабиён ҳукумату давлатдорӣ зери нуфузи халқияту миллатҳои ғайр сурат гирифта бошад ҳам, забони расмии коргузории давлатӣ забони  тоҷикӣ (форсӣ) буд. Қудрати тавоноии забони  тоҷикӣ  дар  он  ифода меёфт, ки  тамоми  аҳолии  қаламрави Мовароуннаҳру  Хуросон,  Балх,  Ҳарӣ, Ҳафтрӯд,  Самарқанду  Бухоро  ва  бисёр дигар  на  танҳо  бо  ин  забон, ки забони модарии эшон маҳсуб меёфт, сухан мегуфтанду  такаллум менамуданд, балки барои ҳифзи назофату тозагии он мубориза  мебурданд. Аз ин лиҳоз, хидмати намояндагони ҳукумат (вазирону надимон) ва адабу илм дар пойдорию бақои ин забон ва миллати тамаддунофари тоҷик таърихию мондагор мебошад. Кофист, хидматҳои вазирони сарсупурдаи дарбори Сомониён Абулфазли Балъамӣ ва Салҷуқиён Низомулмулкро ба ёд орем, ки баҳри бо забони тоҷикӣ офаридани осори боғановату бегазанди илмию адабӣ ва таърихӣ аз ҷониби шоирону нависандагон ва донишмандону мутафаккирони тоҷик заминаву шароитҳои созгорро ба вуҷуд оварда буданд. Чунин фидокорию талошмандиро дар асри Х1Х аллома Аҳмади Дониш, ки вазифаи сафириро бар зимма дошт, бо иншои асарҳои таърихии худ, ки моҳияти ислоҳотгароёна доштанд, сарбаландона иҷро намуда, дар рушду нумуи забони тоҷикӣ нақши барҷаста гузошт. Баъд аз инқилоби болшевикӣ адабиёт зери идеологияи нави Шуроӣ хидмати ҳукуматро ба сомон мерасонд. Раванди ба ном «маҳви бесаводӣ» оқибатҳои фалокатборе дар пай дошт, ки содагардонии забон ва ба ин васила, ба забони кӯчагии омиёна табдил ёфтани забон аз ин қабил ба шумор мерафт. Маҳз бо талошу ҷонбозиҳои асосгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ пеши роҳи ин падидаи номатлуб гирифта шуд. Устод С.Айнӣ дар саҳифаҳои нашрияҳои ондавра бо мақолаҳои публитсистии худ ҳушдор дод, ки тоҷикон адабиёту фарҳанг ва таърихи зиёда аз ҳазорсола доранд ва ин ҳама маҳз тавассути забони фасеҳу балеғ ва ширину пуробуранги тоҷикӣ то асри ХХ расидааст.  Ҳамин андешаи истиқлолхоҳонаи худро устод С.Айнӣ дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» бо далелу бурҳони адабию таърихӣ собит намуда, ба душманони миллати тоҷик хотиррасон намуд, ки забони тоҷикӣ пойдевори асосии бақои фарҳангу миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Фотима МИРЗОЕВА,

омӯзгори МТМУ №53,

ноҳияи Варзоб