ПАЖУҲИШИ ТОЗА ДАР ИЛМИ БОСТОНШИНОСӢ

Омӯзиши васею ҳамаҷониба доир ба таъриху фарҳанг ва дар ин замина, муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ кори саҳлу осон нест. Дар ин ҷода нахуст бояд донишҷӯён ва пажуҳишгарони ҳирфаиро ба таҳқиқи мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ҷалб намуд. Тоҷикистон таърихи бою рангин дорад, дар ҷумҳурӣ даҳҳо мавзеи фарҳангиву таърихие мавҷуданд, ки ҳанӯз ҳам кашф нашудаанд ва аз ин рӯ, нақши бостоншиносон дар шинохту муаррифии ин мавзеъҳои таърихӣ бузургу мондагор мебошад.

Хушбахтона, имрӯз дар макотиби олии кишвар ихтисоси бостоншиносӣ роҳандозӣ гардидаву муҳаққиқону пажуҳишгарони зиёде тадриҷан ба камол мерасанд ва ковишҳои археологиро дар кишвар густариш медиҳанд. Дар иртибот ба ин масъала дар кишвар пажуҳишҳои археологии зиёде анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, ҷустуҷӯҳо дар Аҷинатеппа, кашфи шаҳри Карон ҳамчун тамаддуни хеле қадимаи тоҷикон дар ноҳияи Дарвоз ва Саразми бостонӣ дар Панҷакент аз ҳамин зумра дастовардҳои бостоншиносӣ маҳсуб меёбанд. Ин гуна мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ дар гӯшаву канори мамлакат зиёд мебошад. Нахуст бояд ҳадафи илми археологияро дар замони муосир ба таври фарогир арзёбӣ намуд. Адабиёт ба забони тоҷикӣ дар ин самт камтар ба назар мерасад ва ба ҳамин мақсад солҳои охир аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик дар ин бобат асарҳои зиёди илмию таълимӣ таълиф гардиданд. Доктори илми таърих, профессор Раҳмоналӣ Шарифов аз ҷумлаи ангуштшумор бостоншиносонест, ки дар пажуҳиши мавзеъҳои бостонии кишвар қадамҳои устувор гузошта, дар бозёфти даҳҳо ҳафриёти нодир ва ковишҳои илмии мавзеъҳои таърихӣ саҳм гузоштааст. Вобаста ба ин, муҳаққиқ чандин китобу дастури муфид таълиф намудаву дастраси хонандагон гардондааст. Китоби нави мавсуф таҳти унвони «Муқаддимаи бостоншиносӣ» (Душанбе: Эр-граф, 2021. – 280 с.) бо ду хат – тоҷикӣ ва дарӣ (баргардон ба забони дарӣ аз ҷониби Кушо Фаҳим) нашр гардид. Ин китоб аввалин таълифоти мукаммал доир ба омӯзиши паҳлуҳои гуногуни илми бостоншиносӣ ба шумор меравад.

Китоб аз се фасл иборат буда, дар он мафҳуму муҳтаво ва ҷанбаи илмии бостоншиносӣ бозгӯйӣ гардидааст. Дар оғоз муаллиф дар хусуси моҳияти илми бостоншиносӣ маълумот дода, омӯзиш ва рушду такомули ин илмро баҳогузорӣ кардааст Дар баробари ин, бостоншинос дар бораи аввалин кашфиёти таърихӣ дар ҷаҳон ва Тоҷикистон маълумот медиҳад.   Ҳамчунин, муҳаққиқоне, ки дар ин замина ҳафриёти таърихиро анҷом додаанд, муаррифӣ гардида, фаъолияти омӯзишиву ковишҳои археологии онҳо аз ҷониби олим мушаххас гардидааст. Инчунин, шарҳу тавзеҳи бозёфтҳои археологиро аз нигоҳи донишмандону муҳаққиқон баррасӣ ва таҳлил намудааст. Ба таъкиди мавсуф, «истилоҳи археология аз ду калимаи юнонӣ (археос) ба маънои қадима ва (логос) ба маънои мутолиа мебошад. Ин ихтисос яке аз бахшҳои чаҳоргонаи башаршиносӣ, яъне башаршиносии фарҳангӣ, башаршиносии физикӣ, забоншиносӣ ва бостоншиносӣ буда, ба сифати як илми ҷудогона шинохта шудааст».  Дар баробари ин, муҳаққиқ ҳар як мафҳуму истилоҳи бостоншиносиро дар поварақ тавзеҳ бахшидааст, ки судманду манфиатбахш мебошад. Олими заҳматкаш бостоншиносиро ҳамчун пажуҳиши ҳафриёти осори бозмондаҳои моддию маънавии аҳди бостон аз ибтидо то имрӯз таҳлил намуда, фарқи бостоншиносиро аз таърих мушаххас намуда, ҳамчун илми муайянсози то-таърихият баҳогузорӣ кардааст. Боз як масъалаи ҷолиб робитаи бостоншиносӣ бо илмҳои дигар мебошад. Ба таъбири  муҳаққиқ,  «илми бостоншиносӣ ҷиҳати такмилу маълумоти хеш аз як теъдоди  илмҳои дигар, аз қабили нумизматика, этнография, башаршиносии физикӣ (антропология), заминшиносӣ, хатшиносӣ, дарахтшиносӣ (дарантрология),  шаҷарашиносӣ,  биология,  кимиё, ҷуғрофия,  таърих  ва  ғайра илмҳои ёрирасон, раванди таҳаввулоти иҷтимоии ҷомеаи  инсониро,  аз  қабили  сиёсӣ, иқтисодӣ  ва  фарҳангӣ, аз ибтидои асри санги қадим, санги миёна, давраи санги ҷадид, асри мифрағ (биринҷ), асри оҳан, таърихи дунёи қадим, таърихи асрҳои миёна то эҷоди хат ба баррасӣ гирифта, маълумоти муҳимеро дар ихтиёри бостоншиносӣ қарор  медиҳанд,  кумак мегирад». Ҳамин тавр, бостоншинос бо мисолҳои дақиқ ва андешаҳои тоза ҳар яке аз ин илмҳои таърихиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад. Ҳамчунин, вай марҳалаҳои омӯзиш ва сарчашмаҳои марҳалаҳои таҳқиқи бостоншиносиро таҳлил намуда, мавзеъҳои муҳимро дар раванди пажуҳишҳои археологӣ зикр месозад. Фасли аввали китоб омӯзиши васеи мафҳум ва раванди пажуҳиши бостоншиносиро дар бар гирифта, бо такя ба осори илмӣ ва таҷрибаи фаъолияти бостоншиносӣ таҳқиқ шудааст.

Дар фасли дуюм аҳамияти даврабандии таърихӣ, хронология ва таърихи мавзеъҳои таърихӣ баён гардидааст. Даврабандӣ аз мавзуъҳои муҳим ва мубрами илми таърих ба ҳисоб меравад. Дар омӯзиши илми бостоншиносӣ масъалаи даврабандии таърихӣ дар авлавият қарор дорад.  Муҳаққиқ Р. Шарифов зикр намудааст: «Даврабандии таърихӣ: замон (вақт) ҳамчун василаи шинохти таърихи гузашта бо мурури замон рафта-рафта доираи истеъмоли ин мафҳумро васеъ кардааст. Дар натиҷа категория (мақула)-и вақт дар пажуҳишҳои таърихӣ вазифаҳои гуногунеро адо менамояд, ки муҳимтаринашон иборат аст аз: эҷоди ҳофизаи иҷтимоӣ, созмондиҳии гузашта, бозсозӣ ва тафсири он. Дар ин фасл ба таҳлили яке аз вазифаҳои бунёдии замон, яъне даврабандии далелҳои таърихӣ, муайян кардани тартиби онҳо ва созмондиҳии гузаштаву имрӯза мепардозем».

Ҳамин тариқ, ин фасли китоб низ ҷолибу хонданӣ мебошад. Барои муайяну мушаххас намудани масоили печидаи таърихӣ ҳар як бостоншиносро зарур аст, ки замонбандии таърихиро хуб бидонад, дониши васеъ доир ба дигар илмҳои ҳамбаста ба онро дошта бошад. Ин нуктаро муаррих хеле возеҳу дақиқ дарёфтааст. Маълум мегардад, ки вобаста ба ин ковишҳои зиёдро анҷом додааст. Муҳаққиқ аз аввалин пажуҳишгаронест, ки даврабандии таърихи тоҷикро аз нигоҳи илмӣ   баррасӣ кардааст, хронологияи таърихиро ҳангоми пажуҳишҳои бостоншиносӣ пешниҳод ва истифодаи онро дар раванди таъйини таърихии нисбӣ ва мутлақи ашёи бостонӣ ба таври илмӣ пешниҳод кардааст.

Дар фасли сеюм нақши фарҳанг ва табиатро дар илми бостоншиносӣ мавриди омӯзиш қарор дода, марҳалаҳои рушди фарҳангро аз нигоҳи илмӣ шарҳу тафсир намудааст. Истилоҳотро дар асоси афкори бостоншиносони номвари сатҳи ҷаҳонӣ бозгӯ кардааст. Инчунин, пешниҳоди саволномаҳо дар қисмати охир барои дарки муҳтаво ва мазмуну моҳияти илми бостоншиносӣ барои донишҷӯён арзиши баландро доро мебошад.

Қисмати дигари асар аз расмҳо иборат аст, ки бевосита фаъолияти муҳаққиқро ҳамчун бостоншинос дар ҳафриёти Саразм ва Мис Айнаки вилояти Лугари Афғонистон инъикос мекунад.

Китоби мазкур аҳамияти баланди илмию амалӣ ва таълимӣ дошта, дорои вижагиҳои махсус мебошад.

  1. Китоби мавриди назар нахустин асари мукаммали таълимиест, ки бо забони тоҷикӣ таълиф гардидааст ва аз ин рӯ, ҳамчун дастур барои донишҷӯён ва пажуҳишгарон дар шинохт ва дарки маърифати мафҳум ва мақсади илми бостоншиносӣ хидмат мекунад.
  2. Муаллифи китоб ҳамчун бостоншинос таҷрибаи зиёд дошта, дар чандин ҳафриёт дар дохил ва хориҷи кишвар ширкат варзидааст ва асари ӯ пажуҳиши ҳамаҷонибаро дар ин росто дар бар гирифтааст.
  3. Дар раванди таҳлил ва баррасии ҳар як мавзуъ аз таҳқиқоти анҷомдодаи бостоншиносони маъруфу шинохтаи хориҷиву дохилӣ ва таҷрибаи бевоситаи хеш истифода кардааст.
  4. Дар баррасии мавзуъҳо робитаи мантиқию илмии онҳо ба инобат гирифта шуда, зина ба зина раванди омӯзиши бостоншиносиро барои хонанда ошно месозад.
  5. Истилоҳот ва мафҳумҳои мушкилро дар зери ҳар саҳифа, дар поварақ ва дар охири китоб тавзеҳ бахшидааст.
  6. Забони китоб равону сода буда, истилоҳоту мафҳумҳо ва баррасии мавзуъҳо ба таври амиқ тафсири илмӣ ёфтааст.
  7. Китоб бо ду хат иншо гардидааст, ки он метавонад на танҳо барои донишҷӯёни макотиби олии дохили кишвар хидмат кунад, балки онро метавонанд муҳассилини муассисаҳои олии касбии кишварҳои ҳамҷавори мо (Эрон, Афғонистон) низ истифода намоянд…

Дар маҷмуъ, китоби бостоншиноси маъруф Раҳмоналӣ Шарифов «Муқаддимаи бостоншиносӣ» дар шинохти бештари раванди пажуҳишҳои археологӣ барои устодону омӯзгорон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни факултетҳои таърихи макотиби олӣ муҳиму судманд ва омӯзанда мебошад.

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»