ВАЗЪИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ВМКБ БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД

1-уми июли соли ҷорӣ дар толори Муассисаи таълимии давлатии “Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ” дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба номи Додхудо Карамшоев таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода ҷаласаи корӣ «Оид ба таҳлилу баррасии вазъи соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ВМКБ Н. Асламшоева, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб (сарпарастони соҳа),  муовини сардори раёсати маорифи вилоят, мудирон  ва  кор-мандони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, директорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва  рушди  истеъдодҳо, технологияи  иттилоотӣ  ва  коммуникатсия, директори  мактабинтернатҳои  ҷумҳуриявӣ  ва  муовини  директори филиалаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ноҳияи Рӯшон иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бо масъалаи баррасишаванд шинос намуд ва зикр кард, ки дар ҷаласаи имрӯза, асосан, вазъи соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода мешавад.

Сипас, гузориши Ҷалолиддин Амиров–корманди Вазорати маориф ва илм “Оид ба таҳлилу баррасии вазъи соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб аз 25109 кӯдаки синни томактабӣ (аз таваллуд то 5-сола) 8087 нафар ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудааст, ки 32,2%-ро ташкил медиҳад.

Аз 8 087 нафар кӯдаки ба таълиму тарбия фарогирифташуда 2110 ё худ 26%-и онҳо дар кӯдакистонҳо ва 5977 нафар ё худ 74% дар марказҳои инкишофи кӯдак фаро гирифта шудааст. Дар 8 шаҳру ноҳияи мавриди назар дар 104 гурӯҳи муассисаҳои томактабӣ 2110 нафар ва 5977 нафар дар 465 гурӯҳи марказҳои инкишофи ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Аз 692 нафар мураббие, ки дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдаки шаҳру ноҳияҳои мазкур ба таълиму тарбия машғуланд, 334 нафар (56,4%)-ро мураббиёни дорои таҳсилоти олӣ, 261 нафар (44%)-ро дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 97 нафар бо таҳсилоти миёнаи умумӣ (14,1%) ташкил медиҳанд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №316 дар бораи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, тибқи он сохтмони 8 муассисаҳои томактабӣ дар вилоят ба нақша гирифта шудааст.

Дар давраи амалишавии Барнома аз 8 муассисаи томактабӣ, сохтмони 2 кӯдакистон дар ноҳияҳои Шуғнон ва Ванҷ идома дорад ва 2 бинои маркази рушди барвақтӣ дар ноҳияҳои Шуғнон ва Дарвоз сохта ба истифода дода шуданд.

Ғизои солим, яке аз масъалаи ҳалталаби рӯз барои кӯдакони синну соли томактабӣ мебошад. Ба ҳисоби миёна дар як рӯз ба як кӯдак аз ҳисоби буҷети маҳал ва маблағи падару модарон 2 сомонию 10 дирам пешбинӣ шудааст, ки нокифоя мебошад.

Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 313 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд, ки аз он ба шаҳри Хоруғ 15 муассиса, ноҳияҳои Дарвоз 48 муассиса, Ванҷ 50 муассиса, Рӯшон 45 муассиса, Шуғнон 56 муассиса, Ишкошим 45 муассиса, Роштқалъа 41 муассиса ва Мурғоб 13 муассиса мансуб мебошад.

Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб гардида, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон зич алоқаманд аст.

Тибқи маълумот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят 5753 нафар омӯзгор кору фаъолият менамояд, ки аз ин шумора, дар шаҳри Хоруғ 523 нафар, ноҳияҳои Дарвоз 631 нафар, Ванҷ 804 нафар, Рӯшон 793 нафар, Шуғнон 949 нафар, Ишкошим 908 нафар, Роштқалъа 753 нафар ва Мурғоб 392 нафар омӯзгор ба қайд гирифта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки ҳамасола аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба Вазорати маориф ва илм оид ба эҳтиёҷот ба омӯзгорони ихтисосманд дархост пешниҳод карда мешавад. Аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ (равияи омӯзгорӣ) дар соли таҳсили 2021-2022 ба муассисаҳои таълимии вилоят 393 нафар мутахассиси ҷавон фиристода шуда, 225 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуда, 97 нафар бо ҷои кор таъмин ва 53 нафар дар набат қарор дорад, ки он 57,2%-ро ташкил медиҳад.

Ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон дар шаҳри Хоруғ – 41,1%, ноҳияҳои Дарвоз 30%, Ванҷ 40%, Рӯшон 44,1%, Шуғнон 57,4%, Ишкошим 68,1%, Роштқалъа 55,8%, ва Мурғоб 85% ба қайд гирифта шудааст.

Бо вуҷуди он, соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ВМКБ 177 нафар норасоии омӯзгор ба қайд гирифта шуда буд, ки аз ин дар ноҳияҳои Дарвоз-48, Ванҷ-12, Рӯшон-23, Шуғнон-16, Ишкошим-29, Роштқалъа-9 ва Мурғоб-40 нафарро  ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади дастгирии мутахассисони ҷавон қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  03.05.2006,  №197 «Дар  бораи  муқаррар  наму-дани  имтиёзҳо  ба  омӯзгорони ҷавон»  қабул  гардидааст. Мутаассифона, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» дар вилоят ба таври дилхоҳ ба роҳ монда нашудааст.

Дар ин замина, рӯйхати 74 нафар мутахассиси ҷавон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани қарзи  имтиёзнок  дар  ҳаҷми  6 ҳазор  сомонӣ  пешниҳод  гардид, ки дар маҷмуъ 444 000 сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи маълумотҳои ҷамъбастӣ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 324 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии  минтақа  иштирок  намуда,  сазовори  113  ҷойи  ифтихорӣ гардиданд, ки аз ин 21 ҷойи якум, 21  ҷойи  дуюм  ва  71  ҷойи  сеюм мебошад.  Аз ҷумла, хонандагони  шаҳри  Хоруғ  соҳиби  63  ҷойи ифтихорӣ, ноҳияҳои  Шуғнон  26 ҷой,  Ишкошим  8  ҷой,  Рӯшон  6 ҷой,  Ванҷ  5  ҷой,  Дарвоз  3  ҷой ва  Роштқалъа 2 ҷойи ифтихорӣ гардида, хонандагони ноҳияи Мурғоб  давоми 3 соли  охир  дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ умуман иштирок накардаанд. Тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар солҳои 1991-2021 дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби ҳамаи  манбаҳои  маблағгузорӣ 188  бинои  нав  ва  бинои  иловагӣ дар  назди  муассисаҳои  таълимӣ барои  39267  ҷойи  нишаст  сохта  бо  истифода  дода  шуда, дар соли 2022 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 6 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди  муассисаҳои таълимӣ барои 2148 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Яке аз омилҳои асосӣ дар самти баланд бардоштани дониши хонандагон ва таъмини сифати таҳсилот ин таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо  китобҳои  дарсӣ  маҳсуб  ёфта, Вазорати  маориф  ва  илм  дар  ин самт  корҳои  зиёдеро  ба  анҷом расонидааст.  Давоми соли 2021 ба  раёсату  шуъбаҳои  маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят 30397 нусха  китобҳои  дарсӣ  таъмин  карда шуд,  ки  ба  шаҳри  Хоруғ-3200, ноҳияҳои Дарвоз-3600, Ванҷ-3231,  Рӯшон-5529,  Шуғнон-3077, Ишкошим-6600,  Роштқалъа-4660 ва Мурғоб-500 рост меояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки масъали такмили ихтисос дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст.  Чунончи, фарогирӣ ба курсҳои  такмили  ихтисос  дар заминаи  филиали  Донишкадаи ҷумҳуриявии  такмили  ихтисос ва  бозомӯзии  кормандони  соҳаи маориф  дар  вилоят  86%-ро  ташкил  дода,  фоизи  фарогирӣ  дар ноҳияҳои  Дарвоз  35%,  Мурғоб 45%,  Ванҷ  45%  ва  Ишкошим 65,3%-ро ташкил медиҳад, ки ни-гаронкунанда аст.

Ҳамзмон,  тибқи  нақшаи  амалишавии  Барномаи  давлатии таъмини  муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва  озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 (қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  3  апрели  соли 2021, №114)  дар  соли 2021  дар  муассисаҳои  таълимии Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон  бояд  158  кабинети фаннӣ ва 8 озмоишгоҳи таълимӣ таҷҳизонида  мешуд.  Мутаасифона, дар давоми соли 2021 ва нимсолаи якуми соли 2022 нақшаи Барномаи мазкур бо сабаби норасоии маблағ иҷро нагардида, ягон кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳи муҷаҳҳаз  харидорӣ нагардидааст.

Масъулини шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо сабаби  асосии  иҷро  нагардидани  нақшаи амали  Барномаи  таъмини муассисаҳои  таҳсилоти  умумии ҷумҳурӣ  бо  кабинетҳои  фаннӣ ва  озмоишгоҳҳои  муҷаҳҳази таълимӣ  барои  солҳои  2021-2025-ро  дар  ҷудо  нагардидани маблағҳои  зарурӣ  аз  тарафи мақомотҳои  иҷроияи  маҳаллии шаҳру ноҳияҳо медонанд.

Рафти иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар маркази диққати кормандони соҳаи маориф қарор дошта, айни ҳол дар муассисаҳои таълимии Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон  3253  адад  компютер  мавҷуд  буда, 465 адади он таъмирталаб мебошад. Ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур дар соли 2022 аз 97 адад компютери банақшагирифташуда 50 адад харидорӣ шудааст, ки 51%-и нақшаро ташкил медиҳад. Инчунин, аз 50 адад тахтаи электронии банақшагирифташуда ягон адад харидорӣ нашудааст. Масъулин иҷро  нагардидани  нақшаи барномаҳоро  аз  ҷудо  нашудани  маблағ  аз  ҷониби  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии шаҳру ноҳияҳо медонанд.

Баъд  аз  гузориш,  муовини  вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати  андешидани  тадбирҳои судманд  доир  ба  баланд  бардоштани  мақоми  омӯзгор  дар ҷомеа,  бунёди  муассисаҳои томактабӣ  ва  зиёд  намудани  фарогирии  наврасону  кӯдакон  ба ин  зинаи  таҳсилот,  рафти  иҷрои барномаҳои  давлатӣ  дар  зинаи таҳсилоти  томактаӣ,  фарогирии кӯдакон дар  марказҳои  инкишофи  кӯдак,  бунёди  муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи  умумӣ  ва  бартараф  намудани  норасоии  ҷойи нишаст,  бартараф  намудани  норасоии кадрӣ ва китобҳои дарсӣ, таъмини  омӯзгорони  ҷавон  бо имтиёзҳои  муқарраргардида, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ дар  зинаи  таҳсилоти  миёнаи умумӣ,  иштироки  хонандагон дар  озмуну  олимпиадаҳо, аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани  омӯзгорон  ва  пардохти маблағҳои сафархарҷӣ, таъмини муассисаҳои таҳсилоти  умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ,  технологияи  муосир  ва  истифодаи он  дар  раванди  таълим,  ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва  таҳсилоти  иловагӣ,  иштироки  хонандагону  донишҷӯён  дар озмунҳои  ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи  доноӣ  китоб  аст”,  “Илм-фурӯғи  маърифат”  ва озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, баланд  бардоштани  сифати  таҳсилот  дар муассисаҳои таълимӣ ва чанде дигар  дастуру  супоришҳои  мушаххас дод.

Ҳамзамон, бо истифода аз иштироки муовини раиси вилоят ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо муовини вазири маориф ва илм З.Абдулзода гуфт, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, ки аз мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо вобаста аст, тадбирҳои саривақтию мушаххас роҳандозӣ карда шавад.

Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Н.  Асламшоева зикр кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва аҳли маорифи вилоят ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикргардида тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.

Дар охир ба муовини сардори раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб дастур дода шуд, ки проблемаву мушкилот ва  камбудиҳои  зикршударо  дар  кутоҳтарин  муҳлат бартараф  карда,  аз  натиҷааш  ба Вазорати  маориф  ва  илм  маълумот пешниҳод намоянд.

Эҳсони ХУШБАХТ