МИНТАҚАИ БОХТАР: МУШКИЛОТРО БАРТАРАФ БОЯД КАРД

2-юми июли соли ҷорӣ дар коллеҷи тиббӣ — инноватси-онии шаҳри Бохтар таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи кории сайёр баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дӯстӣ, Ёвон, Левакант, Хуросон, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардори раёсати маорифи вилоят, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои номбаршуда, директорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, директорону ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ иштирок карданд.

Дар  оғоз  муовини  якуми вазири  маориф  ва  илм Ҷ. Ҷӯразода қайд кард, ки маориф дар сиёсати давлатӣ ҳамчун соҳаи  афзалиятнок  қабул  гардида,  дар  ин  замина,  бо  дастгирии  пайвастаи  Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ  –  Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  корҳои  назаррас  анҷом дода мешаванд. Ҳукумати мамлакат  мунтазам  талош  менамояд, ки мақому мартабаи омӯзгор ҳамчун  неруи  пешбаранда  ва машъалафрӯзи  ҷомеа  боз  ҳам баланд бардошта шавад.

Мавсуф,  инчунин,  аз мулоқоти  вазири  маориф  ва илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Саидзода  Раҳим  Ҳамро  бо роҳбари Шӯрои иҷроияи ЮНЕ-СКО Тамара Растовак Сиавишвили  дар  қароргоҳи  ЮНЕСКО дар  шаҳри  Парижи  Ҷумҳурии Фаронса ёдовар шуд, ки дар он вобаста ба масъалаҳои шиносоии  иштироки  ҳайати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  Саммити муқаддимотии  вазирони  маорифи  кишварҳои  дунё  ва  рушди  соҳаи  маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди  баррасӣ қарор гирифтанд.

Сипас, дар ҷаласа вазъи соҳаи маорифи шаҳру  ноҳияҳои  Бохтар, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ,  Ҷайҳун,  Абдураҳмони Ҷомӣ,  Дӯстӣ,  Ёвон,  Левакант, Хуросон,  Қубодиён,  Шаҳритус, Носири  Хусрав  ва  омодагӣ ба  давраи  тирамоҳу  зимистони  солҳои  2022-2023  мавриди таҳлилу  баррасии  амиқ  қарор гирифт.  Дар  ин  хусус  гузориши  муфассали  сардори  раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Зиёратшоҳ Назруллозода шунида шуд.

Зимни  баррасии  вазъи соҳаи  маорифи  шаҳру  навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон З. Назруллозода қайд кард, ки  таҳсилоти  томактабӣ  аввалин  зинаи  таълимӣ  ба  ҳисоб рафта,  маҳз  дар  ҳамин  давра барои омода намудани кӯдак ба таълим  ва  ташаккули  равонию ҷисмонии  он  шароити  мусоид фароҳам оварда мешавад. Бояд зикр  намуд,  ки  дар  14  шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтар аз 252 ҳаз. 379 кӯдаки синни томактабӣ (аз 3 то 6-сола) 24 ҳаз. 19 нафар ба  таълиму  тарбияи  томактабӣ фаро гирифта шудааст, ки 9,5%-ро ташкил медиҳад ва аз сатҳи миёнаи ҷумҳурӣ 5,9% паст мебошад.  Мутаассифона, фарогирӣ дар  ноҳияҳои  Абдураҳмони Ҷомӣ 3 фоиз, Ҷайҳун 3 фоиз ва Дӯстӣ 5 фоиз аст.

Таҳлили  рафти  иҷрои “Барномаи   давлатии  рушди  таҳсилоти  томактабӣ  дар Ҷумҳурии   Тоҷикистон   барои   солҳои  2020-2025”  нишон дод,  ки  дар  шаҳру  ноҳияҳои вилоят  ҷиҳати  амалигардонии барномаи  мазкур  қарори  раисони  шаҳру  ноҳия  ва  нақшаи чорабиниҳо  ба  тасвиб  расида бошад  ҳам,  нақшаи  сохтмони муассисаҳои  томактабӣ  сол  ба сол ба инобат гирифта нашудааст.

Агар дар соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 7 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо фарогирии 461 нафар кӯдак фаъолият менамуд, ин шумора дар соли 2021 ба 12 муассиса бо фарогирии 671 нафар кӯдак расидааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар 2, Қубодиён, Ҷалолилидини Балхӣ,  Ёвон,  Кӯшониён,  Левакант  ва  ноҳияи  Ховалинг 1 — ададӣ  муассисаи  таҳсилоти томактабии  хусусӣ  фаъолият менамоянд. Дар  дигар  шаҳру ноҳияҳои  минтақа  муассисаҳои таҳсилоти  томактабии  хусусӣ бунёд нагардидааст.

Таъмиру  азнавсозӣ,  баргардонидан ва барқарор намудани биноҳои  кӯдакистонҳо  дар  аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят ба пуррагӣ  амалӣ  нагардидааст. Баргардонидан, барқарорсозӣ, таъмири муассисаҳои томактабӣ ва ташкили  шаклҳои  гуногуни  муассисаҳои  таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла, марказҳои инкишофи  кӯдак  ба  зиммаи мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  шаҳру  ноҳияҳо  вогузор  шудааст.  Дар  ин  самт  низ мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  шаҳру  ноҳияҳои  маз-кур  дар  сатҳи  зарурӣ  фаъолият  накардаанд. Дар 13 шаҳру ноҳияҳои  вилоят  38  муассисаи томактабӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Бохтар 8 , ноҳияҳои Панҷ 9, Вахш 3,  Ёвон  2,  Ҷалолиддини  Балхӣ, Абдураҳмони  Ҷомӣ,  Кӯшониён 1-ададӣ,  дар  маҷмуъ,  25  муассисаи  таҳсилоти  томактабӣ фурӯхта  ё  ғайриқонунӣ  хусусӣ гардонида шудааст.

–  Таҳсилоти  умумӣ  давраи ташаккулёбии  кӯдакону  наврасон маҳсуб ёфта, ҷиҳати рушди ин  зинаи  таҳсилот  таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 735 муассисаи таҳсилоти  умумӣ  (Бохтар  –  22,  Вахш  –  66,  Кӯшониён –  60,  Ҷалолиддини  Балхӣ  –  72, Ҷайҳун – 45, Панҷ – 52, Дӯстӣ – 49, Қубодиён – 61, Шаҳритус – 55, Хуросон – 62, Абдураҳмони Ҷомӣ – 64, Носири Хусрав – 26, Леваканд – 17 ва Ёвон – 84) фаъолият менамояд.

Таъмини  муассисаҳои  таълимии  ҷумҳурӣ  бо  кадрҳои омӯзгорӣ  яке  аз  масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб гардида,  он  ба  раванди  бомаром  ва  муваффақонаи  таълиму тарбия  ва  баланд  бардоштани  сатҳи  дониши  хонандагон алоқаманд аст.

Бояд  қайд  намуд,  ки  дар муассисаҳои  таҳсилоти  умумии  шаҳру  ноҳияҳои  мазкур  25 ҳаз.  762  нафар  (15  ҳаз.  185  зан) омӯзгор   фаъолият  доранд.  Аз шумораи  умумии  омӯзгорон  17 ҳаз.  149  нафар  –  66,5%  дорои таҳсилоти олӣ, 7 ҳаз. 206 нафар –  28%  дорои  таҳсилоти  миёнаи касбӣ ва 1407 нафар – 5,5% дорои  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ мебошанд.

Ба  ҳамагон  маълум  аст,  ки нақши  омӯзгори  соҳибкасб дар  таълиму  тарбияи  насли  наврас бузург аст. Таҳлили омори омӯзгорони  шаҳру  ноҳияҳои минтақа  нишон  дод,  ки  дар соли  таҳсили  2021-2022  дар муассисаҳои  таҳсилоти  умумӣ 2501 нафар (1467 зан) ба таълиму тарбия машғуланд, ки аз онҳо 948 нафар (385 зан) бо таҳсилоти олии ғайрипедагогӣ ва 1553 нафар (1082 зан) бо таҳсилоти миёнаи касбии ғайрипедагогӣ (корманди  тиб,  инженер,  агроном, байтор,  менеҷер,  иқтисодчӣ, сиёсатшинос,  технолог,  барномасоз,  тарҷумон,  ҳуқуқшинос-психолог,  биолог-эколог, химия-экология,  муҳосиб, шарқшинос) мебошад.

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо  омӯзгорони  соҳибихтисос ҳамасола  аз  ҷониби  шуъбаҳои маорифи  минтақа  ба  Вазорати  маориф  ва  илм  дархост пешниҳод  карда  мешавад.  Вобаста  ба  ин,  бо  роҳхати  Вазорати  маориф  ва  илм  ба муассисаҳои  таълимии  шаҳру ноҳияҳои  минтақаи  Бохтар  673 нафар  мутахассиси  ҷавон  фиристода  шуд,  ки  аз  ин  шумора 378  нафар  (56,2%)  ба  ҷойи  кор ҳозир  шуд.  Натиҷаи  ба  ҷойи кор  ҳозиршавии  мутахассисони  ҷавон  нисбат  ба  ҷумҳурӣ 2,6%  паст  мебошад.  Ба  истиснои ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон дар дигар шаҳру  ноҳияҳои  минтақа  аз  28 то 66%-ро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, дар муассисаҳои таҳсилоти  умумии  минтақа  дар соли  таҳсили  2021-2022  250  нафар омӯзгор аз фанҳои таълимӣ намерасид.

Аз  ҷумла,  норасоии  мазкур  дар  шаҳри  Бохтар  –  15  нафар,  ноҳияҳои  Вахш  —  26  нафар,  Кӯшониён  —  20  нафар, Ҷалолиддини  Балхӣ  –  22  на2фар,  Ҷайҳун  –  17  нафар,  Панҷ –  17  нафар,  Дӯстӣ  –  18  нафар, Қубодиён – 20 нафар, Шаҳритус – 19 нафар, Хуросон – 23 нафар, Абдураҳмони Ҷомӣ – 20 нафар, Носири  Хусрав  –  13  нафар  ва Ёвон – 20 нафар ба қайд гирифвоя5воя5қлнг754ньг54он64он64яре4нтя34ууыфеныч4ы5пкпчыкпчяав-та шудааст, — зикр намуд З. На-зруллозода.

Дар  идома  мавсуф  таъкид кард,  ки  бо  мақсади  тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони  соҳаи  маориф  ва  ҷалби онҳо  ба  фаъолияти  омӯзгорӣ 3  майи  соли  2006,  №197 қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» қабул карда шудааст.

Қарзи  имтиёзнок  дар  муд-дати  3  соли  аввали  фаъолияти меҳнатии  омӯзгорони  ҷавоне, ки  маълумоти  олии  омӯзгорӣ доранд  ва  дар  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кор мекунанд, барои  хариди  чорвои  калони шохдори  ширдеҳ  ё  ин  ки  пар-вариши  20  оилаи  занбӯри  асал дода мешавад.

Ҳамзамон, барои омӯзгорони ҷавоне,  ки  дар  деҳот  фа-ъолият  менамоянд,  тибқи қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  02.07.2015, №433  дар  бораи  андоза  ва  тар-тиби  пардохти  иловапулӣ  ба маоши  омӯзгорони  ҷавон  10% иловапулӣ  ба  маош  пешбинӣ гардидааст.

Рафти  иҷрои  қарорҳои мазкур  дар  шаҳру  ноҳияҳои минтақа  ба  таври  зарурӣ  ба роҳ монда нашудааст. Дар соли 2021  аз  378  нафар  мутахассиси ҷавони  ба  ҷойи  кор  ҳозиршуда 62  нафар  бо  қарзи  имтиёзнок (9  нафар  дар  ноҳияи  Вахш,  3 нафар  ноҳияи  Панҷ,  4  нафар дар  ноҳияи  Дӯстӣ,  4  нафар  дар ноҳияи Қубодиён, 12 нафар дар ноҳияи  Хуросон,  5  нафар  дар ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ,  14 нафар дар ноҳияи Носири Хус-рав,  10  нафар  дар  шаҳри  Ле-ваканд  ва  1  нафар  дар  ноҳияи Ёвон),  29  нафар  бо  замини наздиҳавлигӣ (Ҷайҳун 28 нафар ва Панҷ 1 нафар) таъмин гарди-даанд.  Мутаассифона,  ба  ягон нафар мутахассиси ҷавон замин барои полез ва боғдорӣ дода на-шудааст.

Аз  ин  рӯ,  сардорони  раёсат ва  мудирони  шуъбаҳои  маори-фи шаҳру минтақаро зарур аст, ки  дар  ҳамкорӣ  бо  мақомоти иҷроияи  маҳаллӣ  мутахасси-сони  ҷавонро  ба  муассисаҳои таҳсилоти  умумӣ  ҷалб  ва  но-расоии  кадриро  бартараф  кар-да,  иҷрои  қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи  муқаррар  намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон»-ро таъмин намоянд.

–   Дар  нимсолаи  якуми соли  2022  дар  заминаи  филиа-ли  Донишкадаи  ҷумҳуриявии такмили  ихтисос  ва  бозомӯзии кормандони  соҳаи  маориф дар  шаҳри  Бохтар  барои омӯзгорони  фаннӣ  104  курси такмили  ихтисос  гузаронида шудааст,  ки  дар  онҳо  2595  на-фар  иштирок  намудаанд  ва иҷрои  нақша  99,8%-ро  ташкил медиҳад. Фарогирии омӯзгорон дар  ноҳияҳои  Хуросон  78,5%, Дӯстӣ 90%, Абдураҳмони Ҷомӣ 90% ва Ҷайҳун 92,3%-ро ташкил медиҳад.

Яке  аз  мушкилоти  асосии иҷро  нагардидани  нақшаи  аз курсҳои  такмили  ихтисос  гу-заронидани  омӯзгорон,  сари вақт  аз  ҷониби  раёсату  шуъ-баи  молияи  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пардохт на-шудани  маблағи  сафархарҷии онҳо мебошад. Тибқи маълумот, дар давоми солҳои 2019-2021 ба омӯзгорони  шаҳру  ноҳияҳои минтақа  (ба  ғайр  аз  шаҳрҳои Бохтар,  Норак  ва  ноҳияи Қубодиён)  аз  ҳисоби  умумии  5 млн. 775 ҳазору 4 сомонӣ танҳо 197  ҳазору  472  сомонӣ  (3,4%) пардохт карда шудааст, – иброз дошт З. Назруллозода.

Ба  таъкиди  ӯ,  сол  аз  сол таваҷҷуҳи  падару  модарон ҷиҳати  донишандӯзии  фарзан-дон  зиёд  гардида,  барои  идо-маи  таҳсил  ва  гирифтани  касб дар  муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ  (зинаи  сеюми  таҳсилот), муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ фарзандо-ни  худ  (махсусан,  духтарон)-ро бештар раҳнамоӣ мекунанд.

Соли  таҳсили  2020-2021  син-фи  9-и  муассисаҳои  таҳсилоти умумии  шаҳру  ноҳияҳои минтақаро 35 302 нафар (16 947 духтар)  хатм  намуд.  Аз  ҳисоби хатмкардаҳои  синфи  9     25021 нафар  (10971  духтар)  ё  70,9% ба  зинаи  сеюми  таҳсилот  (син-фи  10)   фаро  гирифта  шуд. Ҳамзамон,  дар  соли  таҳсили 2021-2022 4 ҳаз. 304 нафар (2270 духтар)  аз  ҳисоби  хатмкарда-гони  зинаи  таҳсилоти  умумии асосӣ  ба  муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоӣ  ва  миёнаи  касбӣ  дохил гардиданд,  ки  12,2%-ро  ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, дар шаҳру ноҳияҳои  минтақа  83,1%-и  хат-мкардагони  синфи  9  ба  таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Бо  вуҷуди  тадбирҳои  амали-гардида, фарогирии хонандагон ба  зинаи  сеюми  таҳсилот  дар шаҳру  ноҳияҳои  Бохтар,  Вахш, Дӯстӣ,  Ҷайҳун  ва  Ёвон  дар сатҳи зарурӣ нест.

Яке  аз  омилҳои  асосӣ  дар самти  баланд  бардоштани  до-ниши  хонандагон  ва  сифати таҳсилот,  таъмини  муассисаҳои таълимӣ  бо  китобҳои  дарсӣ маҳсуб  меёбад.  Дар  давоми 6  моҳи  соли  2022  ба  раёса-ту  шуъбаҳои  маорифи  шаҳру ноҳияҳои  минтақа  63  номгӯй китоби  дарсӣ  ба  миқдори  666 ҳазору 595 нусха дастрас шуда-аст.  Инчунин,  рӯзҳои  наздик-тарин  ба  шуъбаҳои  маорифи шаҳру  ноҳияҳои  мазкур  боз  11 номгӯй  китоби  дарсӣ  бо  теъдо-ди  88  ҳазору  652  нусха  дастрас мегардад.

Бо  вуҷуди  ин,  муассисаҳои таълимии  шаҳру  ноҳияҳои минтақа  барои  соли  таҳсили 2022-2023  бо  дарназардошти зиёдшавии  хонанда  ва  муҳлати нашри  такрории  китобҳои дарсӣ  ба  миқдори  1  млн  242 ҳазору 219 нусха дархост ба ки-тоб пешниҳод кардаанд.

Ҷиҳати  бартараф  кардани эҳтиёҷот  ба  китобҳои  дарсӣ Вазорати  маориф  ва  илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  айни  за-мон  бо  ҳамкории  18  ширкати ноширии ватанӣ чопи 37 номгӯй китобҳои  дарсиро  бо  теъдоди умумии  3  млн  435  ҳазору  944 нусха  ба  роҳ  мондааст,  ки  ин миқдор  китобҳои  дарсӣ  пас  аз пурра нашр шудан ба шуъбаҳои маорифи  шаҳру  ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки Вазора-ти  маориф  ва  илм  барои  чопи 11  номгӯй  китобҳои  дарсӣ  дар нашри  навбатӣ  бо  теъдоди  540 ҳазор  нусха  озмун  эълон  наму-дааст.

Ҳамчунин,  тибқи  «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои  муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ  дар  соли  2022»  боз  4 номгӯй  китобҳои  дарсӣ  бо  теъ-доди  150  ҳазор  нусха  барои пешниҳод ба озмуни чоп омода гардидааст.

Қабул гардидани барномаҳои давлатӣ  аз  ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  рушди дурнамои  соҳаро  муайян  наму-да,  барои  пешрафти  соҳа  мусо-идат менамояд.

Тибқи  амалишавии  “Бар-номаи  таъмини  муассисаҳои таҳсилоти  умумии  ҷумҳурӣ бо  кабинетҳои  фаннӣ  ва озмоишгоҳҳои  муҷаҳҳази таълимӣ  барои  солҳои 2021-2025”  дар  соли  2021  9 озмоишгоҳи  таълимӣ  ва  488 кабинети  фаннӣ  тарҳрезӣ  шуда буд, ки бо дарназардошти ҷудо нагардидани  маблағҳои  зарурӣ иҷро нагардид. Дар 6 моҳи соли 2022  дар  муассисаҳои  таъли-мии минтақа аз 14 озмоишгоҳи таълимӣ  ва  485  кабинети  фан-нии  банақшагирифта,  танҳо 69  кабинети  фаннӣ   ба  ғайр  аз ноҳияҳои  Ҷалолиддини  Балхӣ, Ёвон,  Кӯшониён,  Носири  Хус-рав,  Абдураҳмони  Ҷомӣ  ва Шаҳритус  харидорӣ  гардида-аст, ки 14,2%-и иҷрои барнома-ро ташкил медиҳад.

Сабаби асосии иҷро нагарди-дани барномаи мазкур дар ҷудо нагардидани  маблағҳои  зарурӣ аз тарафи мақомотҳои иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти  давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Рафти  иҷрои   “Барно-маи  давлатии  амалӣ  намуда-ни  технологияи  иттилоотӣ-коммуникатсионӣ  дар муассисаҳои  таҳсилоти  уму-мии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои  солҳои  2018-2022”  дар маркази  диққати  кормандони соҳаи  маориф  қарор  дошта,  бо ҷалби  маблағҳои  буҷети  шаҳру ноҳияҳо,  соҳибкорон  ва  шах-сони  алоҳида  ба  муассисаҳои таълимии  шаҳру  ноҳияҳои Бохтар,  Левакант,  Ҷайҳун, Кӯшониён,  Ҷалолиддини Балхӣ,  Хуросон,  Панҷ,  Носи-ри  Хусрав,  Қубодиён,  Ёвон, Дӯстӣ,  Абдураҳмони  Ҷомӣ  ва Вахш 15 ҳазору 137 компютер, 1978  принтер,  268  адад  тахтаи электронӣ  ва  447  адад  видео-проектор харидорӣ гардида, дар муассисаҳои  таълимӣ  мавриди истифода қарор дорад.

Тибқи  талаботи  барномаи мазкур  дар  шашмоҳаи  аввали соли 2022 аз ҷониби шуъбаҳои маорифи  шаҳру  ноҳияҳои минтақа бояд 2370 компютер ва 70 тахтаи электронӣ харидорӣ карда  мешуд.  Мутаассифона, ба ҳолати моҳи июни соли 2022 277  компютер  ва  31тахтаи электронӣ  харидорӣ  гардида-аст,  ки  мутаносибан  11,7%  ва 44,3%-и  иҷрои  нақшаро  таш-кил медиҳад.

Сабаби  иҷро  нагардидани ин  барнома  низ  ҷудо  нашуда-ни маблағ аз ҷониби мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии шаҳру ноҳияҳост.

Дар  робита  ба  ин,  сар-дорони  раёсату  мудирони шуъбаҳои  маорифи  шаҳру ноҳияҳои  минтақаро  за-рур  аст,  ки  ҳамкориро  бо мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти  давлатии  шаҳру ноҳияҳо  пурзӯр  намуда, ҷиҳати  амалӣ  намудани  та-лаботи  барномаҳои  давлатӣ тадбирандешӣ намоянд.

Бояд  гуфт,  ки  воҳидҳои кории  марказҳои  дарёфт  ва рушди  истеъдодҳои  шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо истиснои  марказҳои  вилоятӣ ва  ноҳияи  Вахш  мукаммал  не-станд. 5 маркази дарёфт ва руш-ди  истеъдоди  шаҳру  ноҳияҳои минтақаи  Бохтар  (маркази вилоятӣ,  Бохтар,  Панҷ,  Ёвон, Вахш,  Абдураҳмони  Ҷомӣ, Ҷайҳун,  Ҷалолиддини  Балхӣ ва  Шаҳритус)  бинои  худро надошта,  дар  биноҳои  раё-сату  шуъбаҳои  маориф,  мар-кази  технологияи  иттилоотӣ ва  коммуникатсионӣ  ва муассисаҳои  таълимӣ ҷойгиранд,  ки  барои  ташки-ли  фаъолияти  самарабахши маҳфилҳои  фаннӣ  таъсири манфӣ  мерасонад.  12  марка-зи  дарёфт  ва  рушди  истеъдо-ди  шаҳру  ноҳияҳои  мазкур  бо мустақилияти  молиявӣ  таъ-мин  буда,  марказҳои  шаҳри Бохтар  ва  ноҳияҳои  Лева-канту  Абдураҳмони  Ҷомӣ мустақилияти  молиявӣ  надо-ранд.

Дар  15  шаҳру  ноҳияи минтақаи  Бохтар  соли  2022 маблағгузории  “Барномаи мақсадноки  маҳаллии  дарёфт ва  рушди  истеъдодҳо  барои солҳои 2021-2025” барои иҷрои самараноки ҳадафҳои барнома 11 млн. 134 ҳазору 140 сомонӣ ҷудо  гардидааст.  Натиҷаи ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои  фаннӣ  барои хонандагони  синфҳои  5-11  аз фанҳои  ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва  табиӣ-риёзии  муассисаҳои таҳсилоти  умумии  минтақаи Бохтар  нишон  дод,  ки  аз  720 нафар  иштирокчӣ  205  (28,5%) нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ (27  (13,2%)   –  медали  тилло,  50 (24,4%)  –  медали  нуқра  ва  128 (62,4%)  –  медали  биринҷӣ)  гар-дидаанд.

Дар  идома  сардори  раё-сати  таҳсилоти  миёнаи  уму-мии  Вазорати  маориф  ва илм  қайд  кард,  ки  дар  дар замони  соҳибистиқлолӣ  дар шаҳру  ноҳияҳои  минтақа аз  ҳисоби  ҳамаи  манбаъҳои маблағгузорӣ  450  муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди  муассисаҳои  таълимӣ барои  81  ҳазору  955  ҷойи  ни-шаст  бунёд  гардидааст  ва  56 муассисаи таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Мавриди  зикр  аст,  ки  дар соли  2022  аз  ҳисоби  ҳамаи сарчашмаҳои  маблағгузорӣ 115  бинои  муассисаи  таълимӣ ва  бинои  иловагӣ  дар  назди муассисаҳои  таълимӣ  барои 18  ҳазору  513  ҷойи  нишаст  ба нақша гирифта шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 58  бинои  муассисаи  таълимӣ (Бохтар-1, Левакант – 1, Ҷайҳун – 7, Кӯшониён – 2,Ҷалолиддини Балхӣ – 4, Хуросон – 6, Панҷ – 5, Носири Хусрав – 2, Қубодиён –  4,  Ёвон  –  5,  Дӯстӣ  –  9, Абдураҳмони Ҷомӣ – 5 ва Вахш – 7) дар ҳолати садамавӣ қарор дошта,  42  бинои  муассисаи таълимӣ  (Левакант  –  2,  Ҷайҳун – 2, Кӯшониён – 2, Ҷалолиддини Балхӣ – 3, Хуросон – 3, Панҷ – 4, Носири Хусрав – 2, Қубодиён – 2, Шаҳритус – 5, Ёвон – 6, Дӯстӣ –  4,  Абдураҳмони  Ҷомӣ  –  3  ва Вахш – 4) ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

Талабот  дар  муассисаҳои таълимии  шаҳру  ноҳияҳои минтақаи  Бохтар  ба  давраи тирамоҳу  зимистони  солҳои 2022-2023  7693  тонна  ангишт, 9721м3  ҳезум  ва   29816  литр сӯзишвории  дизелӣ  буда,  аз ҳисоби бақияи соли гузашта 202 тонна ангишт ва 238м3  ҳезумро ташкил  медиҳад.  Нақшаи  захи-раи  ангишт  2,6%  ва  ҳезум  2,4% иҷро гардидааст.

Аз  ин  рӯ,  сардорони  раёса-ту  мудирони  шуъбаҳои  мао-рифу  шаҳру  ноҳияҳои  вило-ят  уҳдадор  карда  мешаванд, ки  ҷиҳати  иҷрои  саривақтии қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  31  марти  соли 2022,  №133  “Дар  бораи   сари вақт  омода  намудани  соҳаҳои иқтисодиёт  ва  иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои  фаъолияти мунтазам  ва  самарабахш  дар давраи  тирамоҳу  зимистони солҳои 2022-2023” дар муҳлати кӯтоҳтарин  чораҳои  амалӣ  ан-дешанд.

Дар  зимн  раиси  ҷаласа,  му-овини  якуми  вазири  маориф  ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ба масъ-улин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои  зикргардида,  мах-сусан,  андешидани  тадбирҳои судманд  доир  ба  бунёди муассисаҳои  томактабӣ  ва  зиёд намудани  фарогирии  кӯдакон ба  ин  зинаи  таҳсилот,  сох-тмони  муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи  умумӣ  ва  бартараф намудани  норасоии  ҷойи  ни-шаст,  бартараф  кардани  нора-соии  кадрӣ  ва  китобҳои  дарсӣ, дастгирии  омӯзгорони  ҷавон, иҷрои  барномаҳои  давлатӣ, иштироки  хонандагон  дар  оз-муну  олимпиадаҳо,  аз  курсҳои такмили  ихтисос  гузарони-дани  омӯзгорон  ва  пардохти маблағҳои  сафархарҷӣ,  таъ-мини  муассисаҳои  таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ  ва  озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази  таълимӣ,  технологи-яи муосир ва истифодаи он дар раванди  таълим,  ҷоннок  на-мудани  фаъолияти  марказҳои дарёфт  ва  рушди  истеъдодҳо ва  таҳсилоти  иловагӣ,  баланд бардоштани  сифати  таҳсилот дар  муассисаҳои  таълимӣ ва  амсоли  инҳо  дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин, аз муовини раиси вилоят  ва   муовинони  раисони шаҳру  ноҳияҳо  даъват  ба  амал оварда шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои судманд андешанд.

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»