ГИРОМИДОШТИ ШОИРИ ТАВОНО

Ном ва фаъолияти адабии Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат дар таърихи адабиёти тоҷик бо хатти заррин сабт гардидааст.

Воқеан ҳам, эҷодиёти шоир мондагор ва омӯзанда аст. Моҳи майи соли равон устоди шодравон, агар дар қайди ҳаёт мебуданд, синни 90 – ро пур мекарданд. Ҷашни шоирро дар кулли муассисаҳои фарҳангиву илмӣ, адабӣ бо шукӯҳу тантана таҷлил менамоянд.

Чунин як ҳамоиши пурмуҳтаво – конференсияи илмӣ – назариявӣ бо номи «Муъмин Қаноат – сарояндаи ҳамосаи Ватан» ва рӯнамоии маҷмуаи «Суханро қудрати ҷонофарин бахшид» (маҷмуаи мақолоти донишмандони тоҷик оид ба фаъолияти эҷодиии шоир) дар Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ баргузор гардид.

Президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ аз саҳми М. Қаноат дар инкишофи назми тоҷик, аз ҷумла, жанри достоннависӣ изҳори ақида карда, хизматҳои ӯро дар пешрафти АМИТ ҳамчун узви вобастаи ин муассиса шоистаи ибрат хонд. Директори Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ Раҳматкарими Давлатзода аз хусуси мақоми М. Қаноат дар ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории мероси хаттии ниёгон иттилоъ дод.  Олимони шинохта Аламхон Кӯчаров, Ҳафиз Раҳмон, Боймурод Шарифзода, Асрори Раҳмонфар доир ба таҳқиқи қиёсии матнҳои чопшудаи достони «Сурӯши Сталинград», М. Қаноат ҳамчун ҳамосасаро, суннат ва навоварӣ дар достонҳои шоир, М. Қаноат ҳамчун устоди забардасти шеъри нав гузориши илмӣ намуданд.

Дар қисмати музокирот адабиётшиноси маъруф Абдураҳмон Абдуманнонов, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва Раҳмат Назрӣ дар хусусӣ ҳунари эҷодӣ ва шахсияти шоир фикру андешаашонро баён карданд.

Дар қисмати хотимавии чорабинӣ маҷмуаи мақолаҳо дар бораи шахсият ва осори Муъмин Қаноат, ки зери як муқова бо номи «Суханро қудрати ҷонофарин бахшид» ба зевари табъ ороста шудаву аз барчидаи мақолаҳои адибону донишмандони ватанию хориҷӣ фароҳам омада, ҷанбаҳои гуногуни рӯзгору осор ва афкори суханвари мумтоз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст, рӯнамоӣ гардид.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»