СУЛҲИ ТОҶИКОН ҶОВИДОНИСТ

27 июн дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи таърихӣ, рӯзи сулҳу ваҳдат сабт гаштааст. Мо имсол 25-умин солгарди ин санаи арзишмандро таҷлил менамоем.

Истилоҳи “Ваҳдат”  барои тоҷикон хеле азизу маҳбуб ва  дилнавоз  аст. Ба  таҳлили  олимону сиёсатмадорон ва аҳли адаб, ваҳдат  неъмати  бебаҳо,  рамзи баҳамоӣ,  сарҷамъӣ,  иттиҳоду ягонагӣ  ва  дар  маҷмуъ,   пирӯзии сулҳ ва омили асосии наҷоти миллат аст. Ваҳдати миллӣ дар радифи Модар, Ватан муқаддас ва рамзи шукуфоии кишвар аст.

Ҳамбаста  ба соҳибистиқлолиамон, (гарчанде душвориҳои сангинро паси сар намудем), хушбахтона, ваҳдати комил насиби диёри арҷмандамон  гардид.  Ба  ибораи  дигар,  ақлу  заковати  солими миллати хирадманди тоҷик имкон дод,  то  ин  неъмати  гаронбаҳо  ба даст ояд. Ин маъниро Пешвои миллат, Сарвари хирадманди давлатамон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон зимни  бисёр  суханрониҳояшон пайваста ёдовар мешаванд: “…Ақлу  хиради  азалӣ,  сабру таҳаммули  беназири  мардумони  мо  буд,  ки  дар  лаҳзаҳои  бисёр ҳассос  ва  фоҷиабори  охири  асри гузашта,  замоне  ки  хатари  пароканда шудани миллат, аз байн рафтани  низоми  давлатӣ  ва  аз  харитаи  олам  нест  гардидани  давлати тоҷикон ба миён омада буду душманон  интизори  ин  лаҳза  буданд, моро наҷот дод…”.

Албатта,  барқароршавии сулҳ, сарҷамъии сокинон, пойдории давлати  соҳибистиқлол ва комёбиву дастовардҳоямонро  наметавон  бе фаъолияти  пурбаракати  Пешвои муаззами  миллат  тасаввур  намуд. На  танҳо  тоҷику  тоҷикистониён, балки  ҷаҳониён  имрӯз  хуб  медонанд, ки маҳз роҳнамоиву сиёсати дурандешонаи Роҳбари фозилу хирадманди кишварамон имкон дод, то  мо  сарвати  пурарзиш  —  сулҳи бебозгаштро  ба  даст  орем.  «Ман қасам  ёд  мекунам,  ки  тамоми  донишу  таҷрибаамро  барои  дар  ҳар хона  ва  ҳар  оила  барқарор  шудани  сулҳ  равона  карда,  барои гул-гулшукуфии  Ватани  азизам садоқатмандона хизмат мекунам…

То охирин  фирорӣ  ба  Ватан  барнагардад,  ман  худро  ором  ва  осуда  эҳсос  карда  наметавонам”. Ин аввалин суханҳое буданд, ки баробари  роҳбари  давлат  таъйин  гаштанашон  дар  Иҷлосияи  XVI  Шурои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, дар  ҳамон  давраи  ҳассосу  душвор,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо  ҷасорати  хоса  иброз  доштанд ва агар  боз ба  андешаи  сиёсатшиносон  такя  намоем,  маҳз  ин Иҷлосияи таърихӣ  баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳро имконпазир сохт ва  минбаъда  ба тантанаи  Ваҳдати  миллӣ  замина гузошт.

Насли калонсол худ шоҳиди бевосита буданду насли имрӯзамон шунидаву хондааст, ки роҳи сулҳу ваҳдат осону ҳамвор набуд. Баъд аз ҳашт давраи музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ,  ки  қариб  чор  сол  давом  кард,  ниҳоят,  27  июни  соли 1997  Созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид.

Таҷрибаи сулҳофарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун таҷрибаи нодири таърихӣ ба зудӣ аз ҷониби оламиён пазируфтаву  эътироф гашт. Ҳамин буд, ки собиқ Президенти  Ҳиндустон  Кочерил  Раман Нараянан  ҳанӯз  соли  2001  чунин гуфта  буд:  “Моро  кӯшишҳои  хастагинопазири  Ҷаноби  Олӣ,  Президент  Эмомалӣ  Раҳмон  ҷиҳати барқарорсозии  сулҳ,  оштии миллӣ  ва  раванди  созандагӣ дар Тоҷикистон,  ки  ҷомеаи  муосири озод  месозад,  ба  ҳайрат  гузошт. Бовар дорем, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон  самараи  нек  хоҳанд овард”. Ё собиқ дабири кулли Созмони Милали  Муттаҳид  Кофи Анан  гуфта  буд:  “Тоҷикистон  барои  бисёр  кишварҳои  дигар  дар ҳалли  ихтилофоти  дохилӣ  сабақи беназир  дод.  Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад”.

Ҳамин тавр, 27 июни соли 1997 ба имзо  расидани  Созишномаи истиқрори  сулҳ  саҳифаи  навро дар ҳаёти мардуми кишвар ибтидо бахшид.  Ба  шарофати  Истиқлоли давлатӣ,  Иҷлосияи  XVI  Шурои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва имзои  Созишномаи  истиқрори сулҳ  таҳти  сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ — Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  Тоҷикистон  дар як  муддати  кӯтоҳи  таърихӣ  симояшро  дигаргун  кард.  Маҳз ба шарофати Ваҳдати  миллӣ  тамоми  соҳаҳо  бомаром  рушд  ёфтанд. Мактабу маориф, вазъи  иҷтимоӣ ва  сиёсию  иқтисодии  мамлакат густариш  ёфт. Фазои орому  осоишта имкон фароҳам  овард, то Ҷумҳурии Тоҷикистонро аксари кишварҳои ҷаҳон эътироф намуда, ҳамкориҳоро  густариш  бахшанд. Ҳамин аст, ки кишварамон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Дар маҷмуъ, ба баракати Ваҳдати миллӣ ва дар ин замина фароҳам  гардидани  фазои  мусоид сол  ба  сол  ҳадафҳои  созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи худро ёфта  истодаанд. Аз ҷумла, барои  мо-аҳли  маорифу варзиш бештар аён аст, ки дар ҷумҳурӣ ба рушду такомули соҳаи маорифу варзиш ҳамчун самтҳои муҳими стратегӣ  афзалият  дода мешавад ва вобаста ба ин тадбирҳо амалӣ гашта истодаанд.

Дар мисоли  Донишкадаи  тарбияи  ҷисмонии  Тоҷикистон  ба номи  С.Раҳимов  гуфтан  бамаврид  аст,  ки  бо  ба  даст  омадани истиқлоли  давлатӣ  ва  маҳз  аз  баракати  фазои  осоиштаи  кишвар ва  шароити  мусоиде,  ки  сол  ба сол  бештар  фароҳам  оварда  мешаванд, донишкада  аз  ҳар  ҷиҳат пайваста  рушд  меёбад. Ба  шарофати  сиёсати  оқилонаи  Роҳбари давлат,  таваҷҷуҳ  ва  ғамхории ҳамаҷониба  ва  рӯзафзун  ба  илму маориф, мактаби олӣ ва зиёиён, дар фаъолияти гуногунҷанбаи донишкада дигаргуниву навгониҳои зиёд ба вуқуъ пайвастанд. Умуман, дар кулли соҳаҳо кишварамон ба комёбиҳо расид. Зимни ироаи Паёмашон бо натиҷагирӣ аз 30-соли даврони соҳибистиқлолии кишвар Пешвои  муаззами  миллат барҳақ,  расидан  ба  сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ  ва  ваҳдати миллиро дастоварди бузургтарини таърихии мардуми Тоҷикистон дар замони  соҳибистиқлолӣ  маънидод намуда,  таъкид  доштанд,  ки  дар шароити имрӯза ҳимояи пирӯзиҳо ва  дастовардҳои  истиқлолият  вазифаи  муҳими  ҳамагон  ба  шумор меравад.  Воқеан,  таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ сокинони кишвар, бахусус, насли ҷавонамонро водор месозад, ки аз гузашта сабақ гирему  бо  амалҳои  созанда кишварро боз ҳам ободтар намоем. Барои пойдор нигоҳ  доштани Ваҳдати миллӣ, шуруъ аз волидони гиромӣ, то омӯзгорону  сохторҳои  дахлдор,  пирону  фаъолони  ҷомеаро зарур  аст,  аз  ҳарвақта  бештар ғояҳои осоиштагиву якдиливу ҳамбастагиро  миёни  аҳолӣ, бахусус,  насли  ҷавон  тарғиб  намоем. Зарур аст, то дар ниҳоди ҷавонон сифатҳои воло – ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, ахлоқу одоби миллӣ, поквиҷдонӣ, эътиқоднокӣ ва шуури  миллиро  парваришу  инкишоф диҳему  сифатҳои  манфӣ  –  хиёнат, маҳалбозӣ,  бевиҷдонӣ  ва  дигар рафтору  хислатҳои номатлубро  решакан намоем.

Маҳмадамин ҚАЮМОВ,
номзади илмҳои педагогӣ