НАҚШИ ОМӮЗГОР ДАР ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Асоси тарбияро дар кишвари мо тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад, ки моҳияти он таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат ва манфиатҳои умумимиллӣ мебошад.

Ҳарчанд  ки  тарбия  вазифаи  умумӣ ба  ҳисоб  меравад,  масъулияти омӯзгорон  дар  татбиқи  он  бештар  мебошад.  Тарбия  падидаи  иҷтимоӣ,  фарҳангӣ, психологӣ  ва  педагогӣ  буда,  барои  танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд. Мақсади таълиму тарбия қисми таркибии мақсаду вазифаҳои омӯзгорон мебошад, ки барои амалӣ  намудани манфиатҳои  давлат,  ҷомеа  ва ҳар  як  шаҳрванд  равона  карда мешавад.

Имрӯз,  ки  Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо баҳри бунёди  давлати  демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ва  ҷомеаи  мутамаддину  тараққикарда  бо қадамҳои устувор пеш меравад,  тарбия  намудани насли соҳиби дониши васеи замонавӣ, ба халқу Ватани хеш содиқ, меҳанпарвар,  бомаърифат ва  бофарҳанг, онҳое,ки  тақдири  минбаъдаи  кишвар  ва миллатро  ба  даст  мегиранд,  муҳимтарин ва   асоситарин  вазифаи  соҳаи  маориф  ва омӯзгорон мебошад.

Тайи  даҳсолаи  охир  дар  ҷумҳурии  мо таълиму  тарбия  каме  коста  гардида  буд ва барои ҳамин барои қабули Консепсияи миллии тарбия ва Консепсияи миллии маълумот зарурат пайдо шуд. Таълиму тарбия дар мактабҳо аз рӯйи ин консепсияҳо ба роҳ монда мешавад.

Бо ташаббуси одилонаи Сардори давлат дар ҷумҳурии мо Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуд, ки кори таълиму тарбияро ҷоннок менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи  хосса  ва  масъулияти  баланд ҳамаи чораҳоро дида истодааст, то ки соҳаи маориф  дар  шароити  нави  муносибатҳои ҷамъиятӣ мақоми арзандаро соҳиб шавад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро лозим аст, ки ба масъалаҳои ҳамкории ҷомеа бо мактаб, ҳуқуқу вазифаҳои волидон ва омӯзгорон эътибори махсус диҳанд. Имрӯз таъсири ин  ҳамкориҳо  дар  пешрафти кори таълиму тарбия ба назар мерасад.

  • Марҳилаи аввали тарбия аз оила оғоз меёбад.  Фарзандон аз  падару  модари  худ тарбия  гирифта,  онҳоро  ҳурмату  эҳтиром мекунанд.
  • Марҳилаи дуюми тарбия муассисаҳои томактабӣ ба ҳисоб мераванд.
  • Марҳилаи сеюми тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, яъне мактабҳо мегузарад. Ҳар як дарси омӯзгор бояд ҳам ҷиҳати таълимӣ ва ҳам ҷиҳати тарбиявӣ дошта бошад.
  • Марҳилаи чоруми тарбия ба тайёрии  касбии ҷавонон дар  мактабҳои миёнаи  касбӣ  ва  олӣ  вобаста  мебошад.  Дар ин марҳила  донишу  малакаи  инсон  боз ҳам  васеъ  мегардад  ва  барои  азхудкунии арзишҳои  миллӣ  ва  умумибашарӣ  замина муҳайё мешавад.

Сарвари давлат ба таълиму тарбияи насли  наврас  таваҷҷуҳ  намуда,  омӯзгоронро дастгирӣ  менамоянд.  Ҳамасола  маоши омӯзгорон  баланд  бардошта  мешавад. Тайи чанд сол аст, ки ба омӯзгорони ҷавон замини наздиҳавлигӣ  ҷудо  карда  дода  мешавад.  Омӯзгорони собиқадор аз  тарафи Сарвари  давлат  бо  унвону  мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳанифа ҲАКИМОВА,
ҷонишини директори МТМУ №40-и
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ