Таърихи нашрия

«Омӯзгор» — оинаи маориф

Дар таърихи маориф, фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1932 мувофиқи қарори Бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон аз 5 июл (Протоколи №112) шумораи аввалини рӯзномаи педагогӣ бо номи «Барои маорифи коммунистӣ» ба табъ расид. Бо ҳамин ном рӯзнома то соли 1938 нашр гардида, дар ташкили мактабҳои замони нав, маҳви бесаводӣ ва татбиқи инқилоби маданӣ хизмати шоиста намуд.

Соли 1938 рӯзнома ба «Газетаи муаллимон» табдили ном карда, то соли 1942 бо ҳамин унвон нашр гардид. Вобаста ба душвориҳои солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, аниқтараш, аз соли 1942 то соли 1946 нашри рӯзнома муваққатан қатъ гардид. Пас аз танаффуси 4-сола моҳи сентябри соли 1946  «Газетаи муаллимон» аз нав ба табъ расид ва бо ҳамин ном то соли 1959 нашр гардида, тамоми рӯйдодҳои муҳими соҳаи маорифро инъикос менамуд.

Соли 1959 рӯзнома ҳамчун нашрияи вазоратҳои маориф ва маданияти ҷумҳурӣ унвони «Маориф ва маданият»-ро гирифт ва дар баробари инъикоси масъалаҳои сиёсию иқтисодии кишвар, инчунин, дар баррасии масъалаҳои гуногуни соҳаи маориф, фарҳанг ва адабиёт ҳамаҷониба саҳми арзанда мегузорад. Бахусус, мубоҳисаҳои илмию адабие, ки дар саҳифаҳои рӯзнома чоп мешуданд, мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии хонандагон қарор доштанд.

Аз 1 январи соли 1981 рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба ду рӯзномаи мустақил: «Газетаи муаллимон» — нашрияи Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон ва «Маданияти Тоҷикистон» — нашрияи Вазорати фарҳанги РСС Тоҷикистон ҷудо шуд.

«Газетаи муаллимон» солҳои 80-ум низ миёни ҳаводорони худ маҳбубияти хоса дошт. Таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, такмили ихтисоси омӯзгорон ҷиҳати пешрафти раванди таълиму тарбия, тарғиби дастовардҳои тозатарини соҳаи маориф ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ аз мавзӯъҳои муҳими рӯзнома буданд.

Бо оғози бозсозӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон талабот ба васоити ахбори омма дигар шуд. Вобаста ба талаботи нав, бахусус, арҷгузории забони модарӣ ва суннатҳои миллӣ дар сохтори рӯзнома ва номи он тағйирот ба амал омад. Бо қарори Ҳукумати ҶШC Тоҷикистон аз 28 майи соли 1989 «Газетаи муаллимон» ба ҳафтаномаи «Омӯзгор»  табдили ном кард ва нашрия дар таърихи худ бори аввал номи тоҷикиро гирифт. Тағйироти шаклӣ ва пурмазмун шудани муҳтавои ҳафтанома боиси боз ҳам баланд гардидани нуфузи «Омӯзгор» шуд. Солҳои 1991 теъдоди нашри он ба 48 000 нусха расид.

Аз соли таъсис (1932) то давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистн (1991) нашрия бо номҳои гуногун рӯи чоп омада, дар ҳақиқат, ҳамчун оинаи маорифу фарҳанги кишвар хизматҳои арзандаву шоистаро ба анҷом расонидааст. Пеш аз ҳама муҳаррирони масъули собиқи нашрия Саид Носиров, Баҳром Сирус, Абдураҳмон Бухоризода, Қосим Ҳакимзода, Нуриддин Пиримқулов, Фазлиддин Муҳаммадиев, Бобо Худойдодов, Абдураҳмон Аҳмадов, Музаффар Олимов, Бӯринисо Бердиева, Бобо Насриддинов, С. Сайфуллоев  ҷиҳати рушду нумӯи нашрия хизматҳои арзанда кардаанд. Рӯзноманигорон М.Боғиров, Б. Муҳаммадалиев, Қ. Маҳмудов, А. Расулов, М.Муҳаббатшоев, М.Яҳёев, О.Қаҳҳорова, Р.Имомов, Д.Дӯстов, А.Шукуров, Н.Азизов, Ҷ.Абдулҳаев, С.Қаландаров, Б.Расулзода, М.Кенҷаева, Ғ. Муродалиев, М. Рустам ва дигарон бо навиштаҳои худ дар баррасию ҳалли бисёр проблемаҳои соҳаҳои маориф ва фарҳанг саҳмгузорӣ кардаанд. Ҳамчунин, нашрия барои бисёр адибони шинохтаи ҷумҳурӣ мактаби сайқали маҳорати эҷодӣ буд. Аз ҷумла, нависандагон Болта Ортиқов, Фазлиддин Муҳаммадиев, Бобо Насриддинов, Ӯрун Кӯҳзод, Ҷумъа Одинаев, Мутеулло Наҷмиддинов, Фотеҳ Абдулло, Бахтиёр Муртазоев, Эҳсон Субҳонов, Абдуғаффор Партоев, Назокат Олимова, шоирон Бозор Собир, Мастон Шералӣ, Ҳабибулло Файзулло, Сарвар Аминҷонов, Ҳақназар Ғоиб, Ҳикмат Раҳмат, Ҳоҷӣ Мурод, Султон Шоҳзода, Амонбек Шаҳзода, Раҳмат Назрӣ, Зулфия Атоӣ, Сармад, Нафасбеки Раҳмон ва дигарон кор карда, намунаҳои эҷоди худро дар саҳифаҳои нашрия ба табъ расонидаанд. Бисёр олимон ва муҳаққиқон низ дар ин нашрия ба камол расидаанд, ки  Баҳром Сирус, Абдураҳмон Бухоризода, Асаддуло Саъдуллоев, Урватулло Тоиров, Бобо Худойдодов, Б.Олимов, О. Бозоров аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Хидматҳои шоистаи ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар рушди соҳаи маориф ва фарҳангу илму маърифат соли 1982 бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва баъдтар, бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Буҳрони сиёсии ибтидои солҳои 90-ум дар ҷумҳурӣ ба воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла, рӯзномаю маҷаллаҳо бе таъсир намонд. Дар натиҷаи гусаста шудани робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС, ба амал омадани буҳрони шадиди иқтисодӣ, душвориҳои пайдо кардани маводи полиграфӣ (коғаз, пластина, плёнка ва ғайра) дар ҷумҳурӣ ва нокифоягии маблағ «Омӯзгор» солҳои 1994-1997 душвортарин марҳилаи мавҷудияти худро аз сар гузаронд. Ҳаҷми ҳафтанома аз 16 то ба 8 саҳифа кам шуда, чопи он ба таъхир меафтод. Танҳо бо дастгирии Вазорати маориф ва ҳамчунин, матонат, садоқат ва фидокорию ҷоннисориҳои чанде аз кормандони сарсупурдаи он «Омӯзгор» барқарор монд.

Хушбахтона, бо муътадил гаштани вазъ, таҳкими сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омӯзгор» низ неруи тоза гирифт. Нашрия аввалҳо моҳе ду маротиба ва аз ибтидои соли 2002 ҳар ҳафта чоп шудан гирифт.

Дар тӯли мавҷудияташ «Омӯзгор» дар ҳақиқат, ҳамчун оинаи маорифу фарҳанги кишвар хизматҳои арзандаву шоистаро ба анҷом расонидааст.

Доираи мавзӯъҳои ҳафтаномаи «Омӯзгор» хеле бавусъат аст, вале мавзӯи меҳварии он дар ҳама давраҳои фаъолияташ ҳамоно инъикоси ҳаёту фаъолият ва бурду бохти аҳли маорифи кишвар мебошад. Ҳафтанома дар интишору дастраси ҳамагон намудани дастуру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, қонунҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм, фармоишҳои вазири маориф ва илм ва дигар асноди соҳавӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ, тавсияҳои методӣ, инъикосу густаришбахшии таҷрибаи пешқадами педагогӣ, тавзеҳи навгониҳои соҳаи маориф ва илми педагогика, тозакориҳо дар таълиму тарбия ва равшанибахшӣ ба фаъолияти таълимгоҳҳо нақши бағоят муҳим мебозад. Агар ба таърихи ҳафтанома амиқтар назар биафканем, мебинем, ки он дар нимаи аввали садаи бист дар ҷодаи ташкили мактабҳои замони нав, тарғиби инқилоби маданию маҳви бесаводӣ, дар тақвияти ҳисси ватандӯстии аҳли ҷомеа дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, дар барқарорсозии низоми маориф пас аз ғалаба бар фашизм, дар таҳкимбахшии заминаҳои моддию таълимии таълимгоҳҳо, дар омодасозии кадрҳои варзидаю соҳибистеъдод ва амсоли инҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Пас аз Истиқлоли давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаномаи «Омӯзгор» ворид ба марҳилаи тозаи таърихӣ гашт ва ба фаъолияташ боз ҳам вусъат бахшида, вобаста ба мавзӯъҳои тарбияи ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ, нерубахшии пояҳои истиқлолият, дастгирӣ ва татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, рушди тадриҷии соҳаи маориф ва амалисозии ислоҳоти соҳаи маориф пайваста маводи ҷолибу пурмазмуну судманд ба табъ мерасонад.

«Омӯзгор», ки яке аз аввалин нашрияҳои соҳавӣ маҳсуб меёбад, сомонаи худро бо номи  www.omuzgor-gazeta.tj  дорост ва ҳар ҳафта навиштаҷоти нашрия ҳам дар шакли матнӣ ва ҳам дар шакли PDF дар он гузошта мешавад.  Почтаи электрони нашрия бо номи  n.omuzgor@maorif.tj фаъол аст, ки ҳар ҳафта беш аз 100 навиштаи омӯзгорону хонандагон тавассути он ба ҳафтанома ворид мегардад. Инчунин, бо хонандагони берун аз марз, бахусус, шаҳрвандони тоҷике, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият ва таҳсил доранд, дар иртибот аст ва онҳо фикру андешаҳои худро роҷеъ ба масъалаҳои маориф пешниҳод менамоянд.

Теъдоди ҳафтанома пас аз эътидол омадани вазъи кишвар сол то сол зиёд мегардад. Агар соли 2010 теъдоди обуна 18 ҳазор нусхаро ташкил диҳад, дар нимсолаи аввали соли 2019  теъдоди обуна ба 43 ҳазор  нусха расид. Дар замони истиқлол нашрия ҳам  шаклан ва ҳам мазмунан тағйир ёфт.  Имрӯз дар  саҳифаҳои «Омӯзгор» тамоми суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба соҳаи маориф, таълиму тарбия бахшида шудаанд, ба табъ мерасанд. Инчунин, зери рубрикаву саҳифаҳои махсус ба монанди: «Худшиносӣ», «Идеология», «Таҳсилоти олӣ», «Таҳсилоти касбӣ», «Мушкилот», «Мавзӯи рӯз», «Методика», «Таълим», «Маориф ва замон», «Маърифат», «Маънавият», «Равзана», «Гулистони сухан» ва ғайра навиштаҳои ҷолибу хонданӣ ба чоп мерасанд.

Дар шароити имрӯза тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, илмомӯзӣ, дурӣ ҷустан аз ҷараёнҳои хатарноки тундгарои динӣ мавқеи асосиро касб кардааст. Ба ин масъалаҳо нашрияи «Омӯзгор» бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, навиштаҳои арзишманду пурмуҳтаворо зери рубрикаи «Идеология» ва «Хештаншиносӣ» ба нашр мерасонад.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Дар доираи он ҳафтаномаи «Омӯзгор» нақша – чорабиниҳо ва  рубрикаи махсус таъсис додааст. Вобаста ба ин масъала аз ҷониби ҳайати эҷодии нашрия ва муаллифон аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар ҳар  шумора навиштаҳои ҷолиб чоп мегарданд.

Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» низ нақша — чорабиниҳо таҳия гардида, дар ин замина хабару мақолаҳои фарогир ба нашр мерасанд. Ба ифтихори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо унвони «Об — сарвати миллат» озмун эълон гардид, ки аз тарафи хонандагони нашрия хуш пазируфта шуд ва дар саҳифаҳои  ҳафтанома навиштаҳои зиёд чоп гардиданд ва ғолибон бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.  

Иқдоми дигари назаррасе, ки дар замони истиқлоли давлатӣ дар нашрия рӯйи кор омад, гузаронидани озмунҳо вобаста ба мавзӯъҳои муҳим ба ҳисоб меравад.  Дар ин замина, соли 2018 бо мақсади тарғиби таҷрибаи омӯзгорон ва паҳн намудани  усулҳои гуногуни наву судманди таълиму тарбия бо номи «Шеваи тадрис» ва дар робита ба  рушди варзиш, дастовардҳои варзишгарони тоҷик таҳти унвони  «Варзиш — муаррифи миллат» нашрия озмун эълон  намуд. Ба ифтихори 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ зери унвони «Таърих гувоҳ аст» озмун эълон гардид, ки навиштаҳои зиёде дар ин замина арзи ҳастӣ карданд. Озмунҳои мазкур ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Нашрия тасмим гирифтааст, ки вобаста ба солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ озмун  эълон намояд.

Баҳри истиқболи сазовори  30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша –чорабиниҳо тартиб дода шуда, дар асоси он зимни ҳар шумора навиштаҳои ҷолибу хонданӣ пешниҳод карда мешавад, ки меҳвари навиштаҷотро тарғибу тавзеҳи бунёдкориву созандагиҳо дар кишвар ташкил медиҳад.  

Паҳлуи дигари фаъолияти нашрия баррасии мушкилоти соҳа ва бартараф намудани камбудиҳо ба ҳисоб меравад.  Вобаста ба ин, дар саҳифаҳои нашрия  навиштаҳои таҳлилӣ-танқидӣ ва гузоришҳои муҳим ба нашр мерасанд. Вобаста ба мақолаҳои танқидиву проблемавӣ аз ҷониби масъулин вокунишҳо ворид мегардад, ки ин аз ҳадафгир будани навиштаҳои нашрия дарак медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018)  аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки «…дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар…». Дарвоқеъ, масъалаҳои мазкур дар меҳвари фаъолияти  аҳли нашрияи «Омӯзгор» қарор доранд ва вобаста ба мушкилоти мавҷуда бо ташаббуси нашрия дар мавзӯи «Сабабҳои паст будани сифати таҳсилот ва омилҳои баланд бардоштани он» мизи мудаввар гузаронида шуд. Аҳли қалами нашрия кӯшиш менамоянд, ки минбаъд низ вобаста ба мушкилоти соҳаи маориф дар шаҳру навоҳии кишвар мизҳои гирд баргузор намоянд.

Боиси ифтихор аст, ки соли 2019 тибқи назарсанҷии Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» нашрияи «Омӯзгор» аз серхонандатарин нашрияҳо дониста шуд ва мақоми дуюмро касб кард. Соли 2018 низ нашрияи «Омӯзгор» тибқи пурсишҳои сотсиологӣ, ки аз тарафи ин ниҳод гузаронида шуда буд, дар байни дигар нашрияҳои ҷумҳурӣ ҷойи дуюмро ишғол намуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳи мардум, омӯзгорону хонандагон ба нашрия сол аз сол зиёд гардида, мавқеи худро мунтазам вусъат мебахшад.

Дар Рӯзи матбуоти тоҷик — 11 марти соли 2019 аз ҷониби Академияи ВАО ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳафтаномаи  «Омӯзгор» «Нашрияи сол» дониста шуд. Соли дуюм аст, ки ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар ҷумҳурӣ беҳтарин нашрия дониста мешавад. Аз ҷумла, соли 2018 низ «Омӯзгор» ҳамчун «Нашрияи соҳавии сол» пазируфта шуд.

Нашрияи «Омӯзгор» дар давраи фаъолияти пурвусъату ифтихорманди хеш бо чандин диплому ифтихорнома ва сипосномаҳои вазорату идораҳо қадрдонӣ шудааст.

Аҳли эҷоди  нашрияи «Омӯзгор»  фаъолияти хешро минбаъд ҳам дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаву барномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораи ҳафтанома ба роҳ монда, талош менамоянд, ки ҷанбаҳои таҳлилии навиштаҳои  нашрияро вобаста ба ислоҳоти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот густариш бахшанд.