РОБИТАИ ТАРАФАЙН САМАРОВАР АСТ

Оила мактаби нахустин ва муҳимми тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Агар дар ин зина каҷравӣ ва нофаҳмие ба амал ояд, ислоҳи он барои падару модар ва дар оянда барои омӯзгорони мактаб амали душвор мегардад. Барои бартараф намудани камбудиҳои пешомада омӯзгорро зарур аст, ки бо падару модари хонанда бештар ҳамкорӣ карда, аз шароити оилавии шогирдон воқиф бошад, донад, ки мушкилоти оила дар чист ва кӯдак дар кадом муҳит ба воя расида истодааст.
Яке аз роҳҳои дигари ҳамкории омӯзгор бо падару модарон ташкил кардани маҷлисҳои синфии волидон мебошад. Ҳамон маҷлиси синфӣ натиҷаи хуб медиҳад, ки дар шаклҳои гуногун ташкил ва баргузор карда шавад, ба монанди маҷлис – мубоҳиса, маҷлиси ҷамъбастӣ, иштироки фаъолонаи волидон дар баргузории чорабиниҳои синфӣ, иштирок ба машғулиятҳои устодон ва санҷидани фаъолияти фарзандон дар дарсҳо ва монанди инҳо.
Умуман, тарбия ва ба воя расондани фарзанд амали муҳим ва вазифаи масъули падару модар дар назди ҷомеа, миллату Ватан мебошад. Одобу ахлоқи нек, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, хоксориву ватандӯстӣ аз хислатҳои беҳтарини инсониянд, ки фарзандон ин ҳамаро, пеш аз ҳама, дар оила аз волидон меомӯзанд. Агар муҳити оила фарҳангӣ бошад, албатта, таъсири он ба фарзандон мерасад, зеро падару модари бофарҳанг ба беҳуда сарф шудани вақти фарзандон имкон намедиҳанд. Волидон бояд пайваста бо мактаб ва ҷомеа, муҳит дар иртибот бошанд ва аз ҳоли фарзандашон воқиф гарданд.
Падару модарон бояд намунаи беҳтарин барои фарзандон бошанд. Онҳо дар баробари талоши зиндагӣ, мушкилоти моддии рӯзгор бояд вақт ёфта, аз ҳоли фарзандони худ хабардор шаванд. Бо ёру рафиқон, ҳамсуҳбатони онҳо ва бо омӯзгорон тавассути телефон дар тамос шаванд, аз пешрафту давомоти фарзанди худ огоҳӣ дошта бошанд. Онҳо ҳатман бояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — ро амиқ омӯхта, ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои хешро вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд донанд.
Ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фикр мекунам, ки агар мо ҳамаи он шароиту воситаҳоеро, ки бароямон муҳайё гардидааст, ба таври даркорӣ дар тарбияи фарзандон истифода набарем, дар оянда онҳо аз мо домангир мешаванд.

Мавзуна ҶӮРАЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №41,
ноҳияи Айнӣ