ВУСЪАТИ ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛҲО

Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд шуъбаҳои технология, инноватсия ва санъати амалӣ, сайёҳӣ ва кишваршиносӣ, корҳои илмӣ ва эҷодӣ, табиатшиносони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зист, созмони хонандагон, утоқҳои иттилоот ва таҳлил, ҳунарҳои мардумӣ, кор бо ноболиғон, варзиш ва тарзи ҳаёти солим, ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ амал менамоянд.
Ин ҷо дар 21 маҳфил 1200 нафар хонанда иштирок доранд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маркази таҳсилоти иловагӣ ташкил ва баргузории озмунҳои гуногун мебошад. Дар се моҳи соли равон 12 озмуни сатҳи вилоятӣ, аз ҷумла, озмуни вилоятии ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар”, спартакиадаи вилоятии мактабиён аз намудҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз, шоҳмот, озмунҳои вилоятии “Китобхони беҳтарин”, “Хаттоти беҳтарин”, “Маликаи Наврӯзӣ”, “Ҳафт сину ҳафт шин”, фестивали вилоятии “Сайри гули лола”, озмуни “Бозиҳои миллӣ” ташкил ва баргузор карда шуданд, ки дар онҳо беш аз 200 ҳазор хонандаи муассисаҳои таълимӣ ва аъзои маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ширкат варзиданд.
Ҷиҳати ҷалби бештари хонандагон ба маҳфилҳо дар барномаи кории роҳбарони маҳфилҳо барои хубу хотирмон баргузор гардидани машғулиятҳо бозиҳои шавқовар, саёҳат ба макону мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла, осорхонаи вилоятӣ, китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, қалъаи таърихии Муғ, коргоҳи дӯзандагии «Шарқ», коргоҳи бофандагии «Наврӯз», маҷмааи таърихии «Қасри Арбоб» созмон дода шуд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”, вилояти Суғд