БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ДАР НАТИҶАИ ЗАМИНЛАРЗА ЗАРАРДИДАИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

25 марти соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо мақсади шинос шудан бо вазъи муассисаҳои таълимии дар натиҷаи заминларза зарардида ва омодагӣ ба оғози чоряки чорум аз муассисаҳои таълими №№ 30, 4, 16 ва 26-и деҳаҳои Ярм, Роғ, Палдорак ва Пакшифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ боздид карданд.
Зимни боздид аз муассисаҳои таълимӣ Раҳим Саидзода бо омӯзгорон аз наздик суҳбат намуда, қайд кард, ки айни замон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рафъ намудани оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ корҳо оғоз гардида, дар кутоҳтарин муҳлат хисороти он бартараф карда мешавад.
Дар рафти боздид аз муассисаи таҳсилоти умумии асосии №30-и деҳаи Ярм маълум гардид, ки бинои куҳнаи муассиса ба тариқи ҳашар бо похсадевор сохта шуда, аз 6 синфхона иборат аст, ки дар он 67 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бар асари заминларзаи санаи 23.03.2023 рухдода дар деворҳои бинои муассисаи таълимӣ тарқишҳо пайдо шуда, андоваи деворҳои дохилӣ рехтааст. Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд соли 2022 аз ҷониби Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои нави муассисаи таълимии зикргардида иборат аз 6 синфхона ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбист. Вазири маориф ва илм қайд намуд, ки пас аз баистифодадиҳии бинои нав муассиаи мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо 6 адад тахтаи синфӣ, 72 адад миз ва 144 адад курсӣ таъмин карда мешавад.
Ҳангоми боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и деҳаи Роғ иттилоъ дода шуд, ки дар ин муассиса 306 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифа шудаанд. Бинои нави муассиса соли 2008 ба тариқи ҳашар сохта шуда, дорои 9 синфхона мебошад ва бар асари заминларза ҳеҷ гуна зараре надидааст.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и деҳаи Палдорак бошад 326 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Соли 2022 бо назардошти дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои куҳнаи муассисаи мазкур аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои нави таълимии дуошёна барои 320 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Бинои нави муассисаи таълимии №16 бар асари заминларза зарар надида, дар ҳолати хуб қарор дорад.
Сипас, вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти умумии асосии №26-и деҳаи Пакшиф, ки дар он 99 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифа шудаанд, боздид кард. Бинои муассисаи таълимии мазкур, ки соли 1992 ба тариқи ҳашар бо похсадевор сохта шудааст, аз 9 синфхона иборат буда, соли 2002 аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Бар асари заминларзаи санаи 23.03.2023 рухдода андоваи деворҳои дохили бино рехта, дар як қисми деворҳои иҳотавии муассиса (ограждение) тарқишҳо пайдо шудааст. Ёдовар бояд шуд, ки қаблан аз ҷониби истифодабарндаи шабакаи иҷтимоии Фейсбук Муборизи Мафтун (Muborizi Maftun) дархост шуда буд, ки вазири маориф ва илм аз муассисаи мазкур боздид намояд.
Дар охир, Раҳим Саидзода ба масъулин ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ, оғози чоряки чорум ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди таълим дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон