ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР РАСМИ БА ИСТИФОДА СУПОРИДАНИ МАРКАЗҲОИ САЛОМАТӢ ВА БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқбол аз ҷашни байналмилалии Наврӯз 21 марти соли равон вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар ҳамроҳӣ бо раиси ноҳия Икромиддин Вализода дар рафти ба истифода супоридани марказҳои саломатӣ дар деҳаҳои Куган Гулов ва Навкори Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Заргар иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки муассисаҳои тандурустии ба истифода дода шуда, бо сифати баланд сохтаву азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Вазири маориф ва илм баъд аз боздиди ҳуҷраҳои кории ин иншоотҳо дар вазъи тантанавӣ суханронӣ намуда, тамоми сокинони ин деҳотро аз номи Пешвои муаззами миллат бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуд. Қайд гардид, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат ҷашни милии Наврӯзи оламафрӯз мақоми байналмилалӣ гирифта, дар гӯшаву канори олам таҷлил карда мешавад.
Ҳамчунин, Раҳим Саидзода иброз дошт, ки сокинони боору номус ва сарбаланди ноҳияи Кӯшониён бо пайравӣ аз оини ниёгон ва суннатҳои наврӯзӣ, ба тозаю озода намудани хонаю ҷой, кӯчаю хиёбонҳо, таъмиру азнавсозии иншооти муҳими иҷтимоӣ камари ҳиммат баста, симои ноҳияро ба куллӣ дигар намудаанд. Аз ҷумла, имрӯз мо шоҳиди ифтитоҳи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ гардидем, ки далели гуфтаҳои болост.
Қобили зикр аст, ки дар рафти кушодашавии марказҳои саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ ба 10 нафар модарони ҷавон ва 5 нафар кӯдакон аз оилаҳои эҳтиёҷманд туҳфаҳои наврӯзӣ супорида шуд.
Дар идомаи сафари корӣ вазири маориф ва илм аз гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии Абдусолеҳи деҳаи Янгиюли Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол, ки дар майдони 0,90 гектар бунёд гардида,ба парвариши помидору бодаринги барвақтӣ машғул аст дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагии мазкур ҳангоми ҷамъоварии ҳосил аз 50 то 60 нафар сокинони маҳаллӣ ба кори муввақатӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин мегарданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон